Имрӯзҳо дида истодаем, ки боз як гурӯҳи гумроҳон ва ҷоҳилон, тарафдорони ҳизби террористии наҳзат бурун аз кишвар, дар мамлакатҳои бегона бо сарварии Кабирӣ боз “машварат”-ҳои хешро доир намуда, Кабирӣ ҳарфҳои “тилло”-ии хешро пешкаш карда истодааст. Аслан бигирем, ин ҷаласаҳо ба гӯши касе намефорад, вале барои иҷора додани толорҳо бо нархи гарон соҳибкорони хориҷӣ низ тарафдоранд. Бо як салобат Кабирӣ сухан меронад, чаппак мезанад ва дигарон, ки тақдирашонро сиёҳ кардаанд, атрофи ӯ давр мезананд. Гумон намекарда бошанд ин гумроҳон, ки Кабирӣ рӯзе ононро низ тарк хоҳад кард ва боз гурӯҳи дигари гумроҳони навро дарёфт мекунад.

Ин ҷавонони рӯзсиёҳ ва нафарони гумроҳгашта боре ҳам намефаҳмида бошанд, ки нақшаҳои Кабирӣ пурхун ва бар зарари ҷони онон аст! Боре ҳам дарк намекунанд, ки аз дасти фитнаҳои ӯ чандин нафарони гумроҳ паси панҷара аз кирдори разилонаи худ пушаймонанд. Андеша намекунанд, ки агар Кабирӣ эҳтиром ба модари худ, ки ҳам қарзу ҳам фарз барои фарзанд аст, медошт, дар ҳолати вакил дар парлумони кишвар буданаш ҳадди ақал дар ҷанозаи ӯ иштирок мекард.

Агар дили Кабирӣ ба ҳаммаслаконаш месӯхт, ононро тарк намекард, намегурехт, то ҳатто кормандони фаъоли дастгоҳи ҳизби террористии наҳзат аз фирори Кабирӣ бехабар монданд, ба монанди фаъоли шӯрои занони ҳизби наҳзат Зурафо. Баъди аз маҳкама озод гаштанаш гуфт, ки Кабирӣ моро фиреб кард. Мулло Айёмиддину Қиёмиддини Ғозӣ низ аз фитнаҳои Кабирӣ дар филмҳои мустанади “Бозгашт аз ҷаҳаннам” ва “Решаҳои ноаён” хуб мисолҳо оварданд. Пас дигар ҷои аз гумошта шудан ба гуфторҳои Кабириву наҳзат нест, яқин шуд, ки наҳзат бо дастгирии хоҷагони хориҷӣ танҳо ба фитнакорӣ машғул будаасту халос!

Кабирӣ имрӯз дар кишварҳои дигар пайи наҷоти хеш мекӯшад, вале намедонад, ки азми ӯ бефоида мемонад, зеро оҳи модарон, ки фарзандашонро гумроҳ кард, аз гиребонаш хоҳад гирифт. Кабирӣ ҷавоби сазовор хоҳад дид.

Хайём Гулов,

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code