Шарифзода Ҷамшед Раҳмон
Муовини якуми раиси ноҳияи Данғара

Шарифзода Ҷамшед Раҳмон 27 январи соли 1967 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Соли 1991 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемурро бо ихтисоси аграном ва соли 2006 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1984 ба ҳайси коргари хоҷагии «Съезди 22-партия»-и ноҳияи Данғара оғоз намуда, то сол 2015 дар вазифаҳои сардори бригадаи ғаллакории совхози «Съезди 22-партия»-и ноҳияи Данғара, сарагрономи хоҷагии «Собир Кабиров»-и ноҳияи Данғара, сардори участкаҳои сохтмонии Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон дар шаҳри Қургонтеппа» ва раиси хоҷагии ба номи «Собир Кабиров»-и ноҳияи Данғара  кор кардааст.

Аз соли 2007 то июли соли 2015 дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти ба номи И. Шарифови ноҳияи Данғара фаъолият бурдааст.

 

Файзиддинзода Бунафша
Муовини раиси но
ҳияи Данғара

Файзиддинзода Бунафша 25 июли соли 1976 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст.

Соли 1999 Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзодаро бо ихтисоси омўзгор ва соли 2012 магистратураи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1999 ба ҳайси омўзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи №95-и ноҳияи Сино оғоз намуда, то соли 2017 дар вазифаҳои мутахассиси дараҷаи 2 шуъбаи умумии дастгоҳи раиси ноҳияи Сино, сармутахассиси шуъбаи сохтмон, нақлиёт ва алоқаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, мудири шуъбаи умумии дастгоҳи раиси ноҳияи Сино, мутахассиси пешбари шуъбаи савдо, хизмати маишӣ ва рушди соҳибкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Сино, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Сино кор кардааст.

Аз марти соли 2016 то апрели соли 2017 дар вазифаи сармутахассиси раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳалли Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.