Раҳмон Исломиддин Хайриддин
Раиси ноҳияи Данғара

6 январи соли 1983 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Солҳои 2004 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон, соли 2009 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва соли 2013 Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси менеҷер хатм кардааст.

Солҳои 2002-2004 ҳамчун мутахассиси дараҷаи 2 оиди сармоягузориҳои шуъбаи мамлакатҳои Аврупо ва Амрикои Идораи сармоягузориҳои хориҷӣ ва институтҳои молиявии байналхалқии Бонки миллии Тоҷикистон кор карда, минбаъд то соли 2015 дар мансабҳои хазиначии калон – назоратчии шуъбаи амалиётҳои хазинавии Идораи амалиётии Департаменти фаъолияти иқтисодии амалиётӣ ва муносибатҳои байналхалқи, сардори идораи муомилоти пулӣ, директори филиали ҶСК «Ориёнбонк» дар ноҳияи И.Сомонӣ, директори филиали ҶСК “Ориёнбонк” дар ноҳияи И. Сомонии ва ба ҳайси муовини раиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ориёнбонк”–директори филиали ҶСК “Ориёнбонк” дар ноҳияи И.Сомони ифои вазифа намудааст.

Солҳои 2015 – 2018 дар мансаби муовини раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” фаъолият намудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноябри соли 2018 раиси ноҳияи Данғара таъин гардид.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.