Хиёнат ба меҳану миллат аз қабили рафтору кирдорҳои бадтарин ва пасттарини одамон буда, дар таърихи башар ҳеҷ ҷойи бахшиданӣ ва гузашт карданӣ надорад. Аз замони пайдоиши нахустин давлатҳо ва ташаккул ёфтани миллатҳо хиёнаткорону хоинони давлату миллатро ҳеҷ гоҳ намебахшиданд.

Пас аз шикасати пай дар пайи наҳзатиҳо ва амалҳои зиддимиллии онҳо дар соли 2018, ки яке аз асоситаринашон созмон додани ба истилоҳ «Паймони зиддимиллӣ», аслан паймони наҳзатӣ буд, онҳо боз ҳам амалҳои душманонаашонро идома медиҳанд.