Техникаҳои кишоварзи дар ноҳияи Данғара ба кишти баҳори омода мешаванд

Бо мақсади шиносои ва омодагии техникахои кишоварзӣ ба кишти баҳорӣ, дар ноҳияи Данғара бо иштироки роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва механизаторон, семинари машварати баргузор гардид. Дар намоишгоҳи нақлиёти кишоварзи зиёда аз 150 адад техникаҳои гуногуни кишоварзӣ муаррифӣ гардида, ҳамзамон аз тарафи кишоварзони ноҳия тухмии босифати пахта пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд.

Дар охир аз ҷониби мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ба як қатор механизаторони пешқадам сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.