Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Пешвои миллат ба садоқат, ҷасорати касбӣ ва фидокориву матонати Шумо – фарзандони шуҷои Ватан бовар дорад.

Дар доираи баргузории чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 27- умин солгарди таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ дар ноҳияи Данғара чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ доир карда шуд. Дар робита ба ин раиси ноҳияи Данғара Раҳмон И.Х. аз қисми низомии 13 483 б-и ноҳия дидан карда, бо шароити буду бош ва маишии хизматчиён шиносоӣ намуданд. 

Тавре мушоҳида гардид дар ин қисми низомӣ сол аз сол шароит хубтару беҳтар мегардад. Сар карда аз ҷойи хоб то ошхонаву ҳаммом, нуқтаи тиббӣ ва тамрингоҳ ба талаботи замон ҷавобгӯ гардонида шуда, сарбозон қарзи шаҳрвандии худро бо сари баланд адо менамоянд.

Дар идомаи суҳбату вохуриҳо роҳбарияти ноҳия вобаста ба эҳтиёҷоти мавҷудаи қисми низомӣ бо масъулин суҳбат намуда, ҷиҳати дастгирии минбаъда изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Сипас дар майдони сафороии қисми низомӣ аскарони шуҷову далер, ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ бо раҳпаймоиву қадамзанӣ омодагии ҳамаҷонибаи худро барои ҳифзи марзу буми ватан нишон доданд.

Қисмати фарҳангии чорабинӣ дар муассисаи давлати театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии н. Данғара баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии нохия суханронӣ намуда, афсарону сарбозон, ҳомиёни содиқи марзу буми Ватан ва собиқадорони соҳаро бахшида ба рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда иброз намуданд, ки сарбозони шуҷои ватан дар оянда нерўи ватандўстонаи худро ќавитар намуда баҳри таъмини пешрафти Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош меварзанд.

Дар хотима, аҳли ҳунари ноҳия намоиши пурмазмуни консертию бадеиро манзури иштирокчиён гардониданд, ки аз композитсияҳои адабӣ, суруду таронаҳои зебои тараннумкунандаи Ватанпарстию хештаншиносӣ иборат буд.