Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП 1140 «Ҷадвали баргузории фестивал, ид ва Ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2021» баҳри дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуни «Дастархонороӣ» ва дар бораи гузарони­дани озмуни вилоятии «Кадбонуи беҳтарин» бах­шида ба ҷашни Наврўзи байналмилалӣ ва эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», амри раи­си ноҳия аз 27.01.2020 Дар бо­раи таъсис додани ко­миссияи ноҳиявии оз­муни «Дастархонороӣ» ва низомномаи озмуни дастархонороӣ ба табъ ра­сид ва инчунин низомнома дар бораи гузаронидани озмуни вилоятии «Кад­бонуи беҳтарин» ҳайати тадорукотӣ таъсис дода шуд.

Бо мақсади тарғиби маҳорати меҳмондорӣ, дастархондорӣ дар мар­кази фароғатии Хуррамшаҳри ноҳия озмуни «Дастархонороӣ» ва «Кад­бонуи беҳтарин ташкил карда шуд.

Толори маркази фароғатии Хуррамшаҳр он субҳ серодам буду ҳунармандону таббохони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳои ноҳия хўришу хўрокҳои миллӣ, нону гирдача, чап­потию таҳмол, умуман садҳо навъи дастпухти хешро пешкаши ҳакамону ҳозирин намуданд. Дар баробари пешниҳоди хўрокҳои миллӣ ба оро­ишу одоби меҳмондорӣ диққати ҳамаҷониба до­данд. Муҳим аз ҳама баргузор гардидани чу­нин чорабиниҳо им­кон фароҳам овард, ки хўрокҳои миллӣ аз нав эҳё гардад. Кадбонуҳои ҳунарманд дар озмуни мазкур таомҳои миллӣ, аз қабили нишоста, ривоҷ, рубич, ширкаду, ширбиринҷ, ширруған, тарҳалво, қурутоб, чан- голӣ, оши бурида, оши палов, далда ва ғайраро пешкаши ҳакамон гардо­ниданд.

Занону бонувони тоҷик бо ҳунари волои хеш, бахусус пухтупази хўроку маҳсулоти нонӣ аз қадим ном баровардаанд.

Ғолибони озмун аз рўи ҳардуи наминатсия аз ҷониби комиссияҳои озму­ни «Дастархонороӣ» ҷои якум – шуъбаи маориф, ҷои дуюм – Тоҷикматлубот ва ҷамоати Оқсу, ҷои сеюм – коллеҷи тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии Данғара, аз рўи озмуни «Кадбо­нуи беҳтарин» ҷои якум – коллеҷи политехникӣ, ҷои дуюм – осорхона ва беморхонаи марказӣ, ҷои сеюм – ҷамоати Себистон ва Кўмаки аввалияи тибии санитарии ноҳия дониста шуданд.