Сад ҳайфи вақти қиматбаҳо, ки дар тамошои гуфтугӯйи Кабирӣ сарф шуд. Ин лофзаниву худболиро надида будем. На дар гуфтор чизе буд, ки бардошт намоӣ ва на дар рафтор, ки таҳлил намоӣ. Бечоранолиро бо танқид иштибоҳ гирифт. Чунон аз вазъи Тоҷикистон фосила гирифтааст, ки фикр мекунӣ дар бораи кишварҳио Африқо сухан мегӯяд.

Як падидаи ҷолиб ин аст, ки кибру ғурури шахсиятпарастии Кабирӣ хеле боло рафтааст, аз 2 соату ним, ки мусоҳиба дод, 1 соат дар бораи авлодашу Акоша гап заду Муҳаммадтилло. Ва чӣ гуна ин хонавода дар масири тахриби Ватан қадам задааст. Дар болои робитаҳои пинҳонӣ ва номашруъи худ бо Қувватов Умаралӣ гуфт.
Тарафи дигари масъала, ки боз ҳам ба худхоҳӣ гиреҳ мехӯрад, бадбинии модератор Алим Шерзамӯн бо Кабирист, ки 3 дафъа дар маърази ом ба ҷанҷолу хархаша печид. Равоншиносони касбӣ, ки ин мусоҳибаро тамошо карданд, мегӯянд, ки Кабирӣ чун тиннаташ ба муллогӣ тарбия шудааст, дар зершуураш ба намояндаи ақалияти мазҳабӣ дидиа мешавад, ҳурмат надорад. Чун дар ҳузури дигарон онҳо муноқиаши лафзӣ доранд, маълум аст, ки ин паймоне ки тобиши зиддимиллӣ дорад, дурнамояш норавшан аст.
Аз гуфтугӯ бармеояд, ки ду омили ба ҳам зиддиятнок ва фарқкунанда дар зехни хароб ва террорпарвари М.Кабирӣ чарх мезанад: дунёхоҳӣ ва охират. Шояд католику протестант будани Кабириро агар умр вафо кунад бубинем. Папаи 18-ум Кабирӣ, ё его священство Епископ Кабири Файзабадский.
Ба иборати дигар, Кабирӣ ҳамчун меросхӯри ҳизбе ки кулли мардуми яҳуду насрониро аз Тоҷикистон ронд, гӯё тарфанд меравад, вонамуд мекунад, ки чизе рух надодааст. Дар Ватан мардуми русу яҳуд дар сояи ин каҷманишони наҳзатӣ меларзиданду дар Ғарб чӣ рӯй дода бошад, ки ҳама ҷинояткорон ба сурати геометрӣ дунявихоҳу секулор шудаанд.
Коршиносони наздик ба наҳзат ҳилаи шаръии наҳзатро ин тавр ташреҳ медиҳанд, ки чун ин резахорони хони мардуми бегона, пулу пайсаи зиёд аз ташкилотҳои миссионерӣ ба даст овардаанд, мутаҳҳаму бардаи дари онҳо гаштааанд. Наҳзатиҳо, ки дар тӯли 3 даҳсола 3 дафъа мазҳаб иваз карданд, марҳилаи ивазшавии чоруми динии худро мепаймоянд.
Ёди хонандаи закӣ ҳаст, наҳзатиҳоро мардум «вовчик» яъне ваҳҳобӣ мегуфтанд, чун вориди ҷанги шаҳрвандӣ шуданд, тамоюл ба шиаву имомҳои дувоздаҳимома карданд. Баъдан салафигарӣ дар кӯчаи Бохтар мӯд шуд, дар ҳавли даҳани инҳо нишастан намешуд, ҳама осори Ибн таймияву Албонӣ мехонданд. Баъдан раҳбарони ин созмони бериё ба ҳавзаи Қуму Гургон гаравиданд. Дар долонҳои наҳзат маълумоте чарх мезанад, ки бисёр ҷолиб ва аҷиб аст. Баъд аз воқеаҳои моҳи сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон, ба таври сиррӣ ва пардапӯшона ба Кабирии Қасамдарагӣ унвони баланди пурифтихори «Ҳуҷҷатислом» доданд.
Кабирӣ баъд аз дунявӣ худро эълон кардан, ба бару тарабхонаҳои Бонн рӯ овардааст. Шоҳидони айнӣ нақл мекунад, ки дар ин шаҳр баъд аз шаробхӯрии беандозаву меъёр ва шишту хези омехта бо нару мода, аз хоб мехезаду бо баланд садо додани тавба як рӯзи дароз мегӯяд манам Масеҳодам.
Дар гуфтугӯи навбатӣ Кабирӣ дар назди миллат тавба мекунад, гӯш ба қимор бошед.

Комрон Рӯзиев, шаҳрванд

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code