Ҳабибзода Амонулло
Муовини якуми раиси ноҳияи Данғара

Ҳабибзода Амонулло 28 январи соли 1978 дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон таваллуд шудааст.  Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, ойладор соҳиби 3 фарзанд.

Соли 2005 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон- ро бо ихтисоси ҳуқуқшинос (рӯзона)  хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1998 ба ҳайси роҳбари  хоҷагии деҳқонии  «Борбад»-и ноҳияи Данғара оғоз намуда, аз соли2006  то 2024  дар вазифаи  Роҳбари кооперативи истеҳсолии   «Сомонҷон»-и ноҳияи Данғара кор кардааст.

Аз 31 январи соли 2024 бо розигии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мансаби муовини якуми раиси ноҳияи Данғара таъин гардидааст.

Забонҳои русӣро медонад.

 

Ҳакимзода Зуҳро Маҳмасаид
Муовини раиси ноҳияи Данғара

Ҳакимзода Зуҳро Маҳмасаид 04 марти соли 1990  дар ноҳияи Темурмалик таваллуд шудааст.

      Соли 2011 Колеҷӣ муҳандисӣ – омӯзгории шаҳри Душанбе, соли 2012 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айниро  айни ҳол магистранти факултаи “Сиёсатшиноси” –и Акдемияи идоракунии давлатии назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

       Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 2011 ба ҳайси омўзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи №8-и ноҳияиТемурмалик оғоз намуда, соли 2014 дар вазифаи ҷонишини Директор оид ба корҳои таълимӣ, соли 2015  директори муассисаи  давлатии “Маркази таълими калонсолон” дар Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик, солҳои 2019-2022  Раиси Ҷамоати деҳоти Кангурт, солҳои 2022-2024 муовини раиси шаҳри Норак кор кардааст.

      Аз моҳи июни  соли 2024 бо розигии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мансаби муовини   раиси ноҳияи Данғара таъин гардидааст.

Бегмуродзода Даврон Бегмурод
Муовини
 раиси ноҳияи Данғара
Бегмуродзода Даврон Бегмурод  24 феврали  соли 1986 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

         Соли 2009 Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистонро  (рўзона) ва соли 2017 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимиро (ғоибона) хатм кардааст.

         Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 2009 Нозири Нозироти техникии Раёсати «Фуруши барқ»-и ШСХК «Барқи Тоҷик» , Муовини директор оид ба фуруши барқи ҶСК «Шабакаҳои барқи ноҳияи Данғара», солҳои  2014 -2015 иҷрокунандаи вазифаи сардори шуъбаи «Фуруши барқ»-и шаҳри Норак , солҳои 2015-2021 Директори шабакаҳои барқи шаҳри Норак , солҳои 2021-2022 Роҳбари шабакаи тақсимоти барқи шаҳри Норак , Муовини директори корхонаи фаръии моддии техникии «Тоҷикэнергоснаб» ширкати саҳомии  холдингии «Барқи тоҷик»,   кор кардааст.

         Аз апрели соли 2022 бо розигии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мансаби муовини  раиси ноҳияи Данғара таъин гардидааст.