Султон Маҳмуд Кабирии заифро дид, ки пуштвора хор мекашид. Бар ў раҳмаш омад, гуфт: —Эй, пир Кабирӣ! Ду-се динори зар мехоҳӣ ё дарозгўше, ё ду-се гўсфанд, ё боғе, ки ба ту диҳам, то аз ин заҳмат халосӣ ёбӣ?

Кабирӣ гуфт: —Зар бидеҳ, то дар миён бандам ва бар дарозгўше биншинам ва гўсфандон дар пеш гирам ва ба боғ биравам ва ба давлати ту дар боқии умр он ҷо биёсоям. Султонро аз ин ҷавоби хуш омад ва фармуд чунон карданд. Бечора харро воситаи нақлиёти асосӣ медонад.
Ҳолати равонии соли 2018-и Кабирӣ ҳаракатҳои дарозгӯши ҳадяшударо мемонад. Мавҷ мезанад, нӯшхор мекунад, худро ба кӯҳу чаман мезанад. Ҳолати харгарӣ дар он ифода меёбад, ки беҳуш бо ҳамон ақлаки хурд, худро «раҳбари вилояти фақеҳ» вонамуд кардааст. Ва булаҷабии корро бинед: Ҳумейнии сонӣ. Бале хонандаи гиромӣ, ба сари мову шумо як нафари даҳшатафканро аз Аврупо оварданианд. Мавлонои Кабири Дубедагӣ, ал-файзободӣ.
Аммо Убайди Зоконӣ дар ин маврид чӣ мегӯяд: «Лулӣ бо писари худ Кабирӣ моҷаро мекард, ки ту ҳеҷ коре намекунӣ ва умр дар батолат ба сар мебарӣ. Аврупогард шудӣ, Танҳогарду ҳарчогард шудӣ. Чанд бо ту гўям, ки муаллақ задан биёмўз, саг зи чанбар ҷаҳонидан ва расанбозӣ тааллум кун, то аз умри худ бархурдор шавӣ. Агар аз ман намешунавӣ, ба Худо, туро ба Олмон андозам, то наҳзатӣ шавӣ, ва он ҷаҳонбинии мурдареги эшон биёмўзӣ ва донишманд шавӣ ва то зинда бошӣ, дар мазаллат ва фалокат ва идбор (бадбахтӣ) бимонӣ ва як ҷав аз ҳеҷ ҷо ҳосил натавон, кард.
Агар ба фаъолияти наҳзат дар тӯли 40 соли фаъолияташон назар андозем маълум мешавад, ки ин ҳаракати кӯчабозорие мебошад, ки аз тангкӯчаҳои маҳаллаҳои “Табачка”ва “Комбинати гӯшт”-и шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои аз нуқтаи назари тамоюлоти динӣ осебпазир зуҳур карда, фаъолияти пинҳонӣ ва ба ё ба истилоҳ зеризаминиро ба роҳ монданд. Хурофотзадагиро бисёр моҳирона аз раддаҳои поёнии ҷомеа ба роҳ монданд. Экспорти хурофот ба Аврупо хиёнати таърихии онҳост.
Ҷинояти дигаре ки наҳзатиҳо дар чомеа содир карданд, ин аст, ки чун дар шаҳрҳо низоми Ҳукумат қавӣ буд, наҳзати ифротгар дар деҳахои дурдаст ба ин корҳо даст мезад. Ба таври ҳилагарӣ, худро дар вазифаҳои паст, ки аз назорати органҳои ҳифзи ҳуқуқ дур буданд, чо ба чо мекарданд. Чунончи, раҳбарони наҳзат, то солҳои 90-ум ё ба сифати посбон, муҳофиз ё дарбони ин ё он муассиса буданд. Бо пинҳон кардани худ, амалан ин дарбонҳо пояҳои ҷомеаро тадриҷан ларзон месохтанд. Дар чомеа дар нақшҳои махуф, вале таъсиргузор ҳузур доштанд.Ҳалқаҳои динӣ ташкил карда буданд. Ҳамин тактикаро дар Аврупо такрор карданӣ ҳастанд.
Кабирӣ бо истифода аз усули «тақя» дар ҷомеаи ғарбӣ ҷойи по ёфта, худро дунявимашаруб секулор гирифта, пинҳон шуда, ҳамчун бахши хобрафтаи ДОИШ дар рӯзи мабодо амал мекунад.
Соли 2018 соли бунбастӣ ва варшикастагии наҳзат ҳисобида мешавад. Далелаш осон аст. Аз 40 ҳазор тарафдоре ки Кабирӣ лоф мезад, ки дорад, худаш мондаасту писарони гамбургерхӯраш. Вассалом.
Устоди Зоконӣ бошад мефармояд: «Кабириҳо намакношиносанд ва кӯтаҳандеш. Ватанро ба чанг кашондӣ ва худ ба фирор малзум донистӣ. Шутурговпаланги улуми сиёсат.

Сиёвуши Касронов, таҳлилгар

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code