Яке аз ҷинояткорони наҳзатӣ – Муҳаммадиқболи Садриддин, ки тибқи хулосаи коршиносони равоншинос ба ҳолати махсуси ташвишовари шаҳвонӣ гирифтор аст, вақтҳои охир ба масъалаи сатру ҳиҷоби занҳо сахт часпидааст. Бештари навиштаҳояш дар расонаҳои хабарӣ дар ҳамиин мавзуъ мебошанд.

Бањси њамешагии М. Садриддин сатру њиљоб аст. Тамоми матолибе, ки интишор медињад, ба ин ва ё он ваљњ ба ин масъала бастагї дорад. М. Садриддин як марди мутаассиби мазњабист, ки берун аз мазњаб дунё ва инсонро тасаввур намекунад. Њатто тасаввур кардан намехоњад, ки дар дунё ба ѓайр аз сатру ҳиҷобу риёкории динї њазорон мушкилу масъалањо вуљуд доранд, ки заруртару муњимтаранд. Бо њиљобу сатр кардан, њамарўза намоз хондану рўза доштан, тасбењ ба дасту аммома ба сар гирифтан, масљидро хона кардан чї масъала њал мешавад.
Яќин аст, ки бар асари љањолатписандї ва вопасгаройии М. Садриддинњо барин воъизини исломї насли љавони љомеаи тољикї дар дањ-понздањ соли охир ниҳоят мазњабзада ва мутаассиб шудаанд. М.Садриддин пайваста дар шабакаҳои иҷтимоӣ матлабҳоеро нашр мекунад, ки зиддимиллианд, аммо ба манфиати доираҳои мазҳабии хориҷӣ ва ташкилоти террористии наҳзатӣ.
Ба ҳамаи ин қаноат накарда, изҳороти ташкилоти “Нур”-ро дар бораи сатру ҳиҷоб дар сомонаи ифротиаш ташр кардааст, ки мақсад аз он боз ҳам сиёҳ кардану туҳмат намудани Ҳукумат ва мақомоти Тоҷикистон аст.
Маълум аст, ки ҷамъияти “Нур” ҳам вобастаи ҳамин гурӯҳи террористони наҳзатист ва шояд ягон аъзои дурусте ҳам надошта бошад. Ин ифротиёни фирории наҳзатианд, ки аз номи чунин як ҷамъияте изҳорот пахш мекунанд. Агар ин ҷамъият воқеан фарҳангӣ ва мардумӣ мебуд, ҳаргиз чунин як изҳороти бемантиқу пучеро нашр намекард. Тоҷикони муқими Аврупо садҳо мушкилоту масъалаҳо доранд, аммо ин худбохтагон ба ҳамин масъалаи ҷузъӣ, яъне либоси занҳо часпида, бо ин роҳ мехоҳанд Ҳукуматро сиёҳ кунанд.
Имрӯз мардуми Тоҷикистон огоҳанд, дӯсту душманро фарқ карда метавонанд, барои ободии ватан меҳнати ҳалол мекунанд. Масъалаи сатру ҳиҷоб дар Тоҷикистон ягон муҳимияте надорад. Дар ватани мо имрӯз масъалаҳои муҳим сохтмони НБО Роғун, иншоотҳои энергетикӣ, саноатӣ ва дигар самтҳои иқтисод муҳиманд. Тамоми соҳаҳои ҳаёт пеш мераванд. Фарҳангу санъат тараққӣ мекунад. Эътибори кишварамон дар арсаи байналхалқӣ меафзояд.
Дигар мардум ба макру ҳиллаи фирориёни наҳзатӣ дода намешаванд. Инҳо мехоҳанд бо баҳонаи сатру ҳиҷоб ва дигар масъалаҳои дуюмдараҷа Ҳукуматро туҳматкунанду мақсадҳои шуми худро амалӣ созанд. Аммо ба ҳадаф намерасанд, чунки роҳи хато ва зиддимардумиро пеш гирифтаанд. Агар садҳо ҷамъияти дигар ташкил кунанду ҳазорон сомонаи ифротиро ба кор андозанд ҳам, мардуми Тоҷикистон дигар аз паси ин палидон нахоҳад рафт. Мардуми кишварамон Пешвои худро дорад, барои ояндаи неки кишвар, барои зиндагии беҳтар заҳмат мекашад. Фаъолияти террористони наҳзатиро дар кадом шаклу бо кадом чеҳрае ки набошанд маҳкум менамояд.
Диловари Хуршед,
таҳлилгар

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code