Дар сомонаи «isloh.net» писарандари дурӯғгӯён ба Паём дарафтидааст.

Аз ин бештар харигариро намешунавӣ, ҳисобу китобҳои сарсарӣ, таҳлили сатҳӣ ва иддаоҳои хоинона. Ҳадаф аз ин музахрафот яктост, ки дар ниҳоди мардум ҳисси нобовариро коридан, то ба оянда боварӣ надошта бошанд, балвогар ва ошӯбкор бошанд. Айнан мисли хонаводаи М.Садриддин, ки дар деҳа ба барчаспҳои шаҳвонӣ номашонро мегиранд.

Ин беимонҳо ба дигарон роҳ нишон медиҳанд, ҳоло он ки тавони дидани роҳи худро надоранд. Ними авлод дар Қувайт, ним дар Афғонистон ва ним ҳам бинобар разолату қабоҳати Садруддин дар Ғарб овораву саргардон. Баъд аз ин қаландариву  дарвешӣ, хислати ватанфурӯшии ин тоифа боло гирифтааст, ҳамаро дар пеши хориҷиҳо нанг, номус, миллатро ин дӯкондорони дин ба савдову тиҷорат заданд. Хосатан худро ҳомии дин мегиранд, намедонанд, ки кайҳо боз аз диндориву тақвои онҳо чизе боқӣ намондааст, зеро таги бори мустамлика рафтанд, ғуломи ҳалқабаргӯши хоҷагони нав шуданд. Солҳои пеш дар чеҳраи манфури Ҳикматёр, нури ҳақиқат меҷустанд ва ӯро пири маънавӣ медонистанд, ҳоло ба Санта Клаус имон овардаанд, рамузи мизбонро гирифтаанд.  Ин қабил одамакҳо доимо дар тағйиру табдиланд.  Ҳамадон ҳастанд. Насиҳатгаранд. Ғайбат ҷузъи хислати равонии онҳост.              

Бубинед, ҳамин Садруддинро ки қобилияти навишторӣ ва таҳлилӣ надорад, як муллои хатмкардаи  мадрасаи дурафтодаи вилояти Тахор аст, вале худро иқтисоддони ноб медонад. Олим медонад. Аблаҳӣ ёраш шудааст, ки дигарон назди ӯ қарздор мебошанд.

Дар баҳогузории равандҳои иқтисодӣ, аз ҷониби Садруддини иғвоангез ва чаллсавод кӯшиши камбинии дигарон ба мушоҳида гирифта шудааст. Ин разилманишҳо медонанд, ки бо ин гуна адабиёт кор фармудан, наметавон монеаи пешравии иқтисодӣ шуд ва саноаткунонӣ, ки эълон шудааст, ҷумҳуриро ба яке аз кишварҳои пешрафтаи минтақа табдил медиҳад. Ин пешравӣ бунёди ҷаҳонбинии илмии мардумро бамаротиб боло мебарад ва аз ҳама муҳимаш, ҷаҳли ифротгароиро, ки хоси ҳамин қабил одамакҳо мисли Садруддин аст, умрбод аз байн мебарад.            

Бечора харак ки бетамиз аст,

Чун бор ҳамебарад азиз аст.

Говону харони борбардор,

Беҳ з-одамиёни мардумозор.

Ал-қисса, хар аз Садурддин беҳтар аст, зеро манфиат меорад, Садруддин бошад душман мекобад ва барои миллат бори дӯш аст.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code