Терроризм дар солҳои охир ба яке аз мушкилоти сиёсиву амниятииҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.Сиёсатшиносон ва аҳли фарҳанги сиёсӣ бар онанд, ки ин зуҳурот чун вабоиасри XXI эътироф шуда, ба ҳастиву саломати банӣ башар муассир буда, худ ҷой доштанаш дар миқёси як минтақа ё як кишваргувоҳ бар оқибатҳои фалокатбори он аст.
Ҳузуру зуҳури терроризм дар ҳаёти сиёсии мамолики ҷаҳон омили баҳамзанандаи суботу амният аст. Мутассифона, мавзӯоти куштори мансабдорони давлатӣ, намояндагони ВАО, соҳибкорон, ҳодисаҳои қатли омм, таркиш дар нақлиёт, истгоҳҳои роҳи оҳан ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки ҳамагӣ ба терроризм бастагӣ доранд,ҳамарӯза дар сархатти хабарҳои байналмиллалии садову симо ва ВАО-и чопӣ қарор гирифтаанд.
Чунин ахбор на танҳо боиси норомиву тазйиқи рӯҳиву равонииҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст, балки ҷаҳони мутамаддинро ҳушдор медиҳад, ки ба мустаҳкам намудани мубориза бар зидди зўроварӣ ҳар чӣ бештар аз пештар муттаҳид шаванд. Терроризми байналмилалӣ яке аз мушкилоти глобалиест, ки дар замони муосир ба девори муносибатҳои байналмилалӣ рахна ворид менамояд. Терроризми байналмилалӣ, мутаассифона, дар миқёси ҷаҳонӣ торафт васеъ доман паҳн менамояд.Ҳарчанд, бино ба андешаи аксари муҳаққиқон, терроризму ифротгароӣ(экстремизм) як навъ падидаест, ки дорои ҷанбаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, этникию идеологӣ ва хусусияти равонӣаст, вале аз зуҳуру сар задани он ҳеч як давлату халқу миллате дар амон нест.Агар дар минтақаҳои аз нигоҳи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ оқибмонда, низоъҳои анъанавии байналмилалӣ (ба мисли Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубӣ) ин падидаи хатарнок чанд сол ин ҷониб идома ёфта истода бошанд,аз ин хатар давлатҳоии пешрафта ва шукуфон (аз ҷумла, ИМА ва Аврупои Ғарбӣ) низ вақтҳои охир дар канор намондаанд.Мисоли равшани он ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2011 дар ИМА, ё ҳодисаҳои терроризм кишварҳои дигари Аврупо, мисли Фаронсаву Туркия ва ғайра мебошанд.Ҳамасола дар ҷаҳон садҳо амали террористӣ содир мешаванд ва аз инҳисобдар байни ҷомеъа дар баробари ҳазорон куштаву қурбониву маъюбӣ, осори тарсу бим ва хавотирӣ аз амнияти наздикону пайвандон, кӯдакону наврасон ва солмандон барои боқӣ мемонад.
Кишвари мо, Тоҷикистон ҳарчанд аз минтақаҳои даргири терроризм аз нигоҳи ҷуғрофӣ, як андоза дар канор бошад ҳам, вале фаромӯш набояд сохт, норомии минтақа ва кишварҳои ҳамсояву ҳаммарз метавонад, моро ором гузошта наметавонад.Зеро паси зуҳури ҳодисаҳои террористӣ ва ифротгароӣ қурбониву хисороти ҷониву мулкии ҳазорҳо нафар инсон қарор дорад, ки ин падида ҳеч як нафар аз мардуми соҳибиродаву соҳибақлро ором гузошта наметавонад.Чунонки дар гузоришу паёмҳои ҳамасолаи Раиси Ҷумҳур, Ҷаноби Олӣ ҳама вақт таъкид мешавад, кишвару давлати мо терроризмро дар ҳама шаклу падидаҳояш қатъият маҳкум менамояд. Ҳукумати кишвар агар бо қабули қонуну созишномаҳо ин равандро суръат бахшад, шаҳрвандони он ҳар амали марбут ба терроризму ифротгароиро саривақт маҳкум менамоянд. Набояд фаромӯш намуд, ки мубориза ба терроризм- ин зуҳуроти барои инсоният бегона, бино бар мураккабияш вазифаи дарозмуддат ва ҳамарӯзаи банӣ башар аст. Бояд ҳар нафар, хоса насли ҷавон, ки таҳарруку эҳсоси зудтарканда хоси онҳост, дар бартараф ва пешгирӣ намудани ин падидаи фалокатбору ваҳшатзо саҳм гузорад ва пеш аз анҷоми ҳар амал аз оқибату натиҷаҳои он андешад.Аз пайвастан ба ҳар гуна ҳаракату гурӯҳҳои ифротгаро, ки барои заҳролуд намудани афкору андешаи мардум замина мегузоранд, худдорӣ намоянд ва аз зиракии сиёсиву ҳисси баланд миллию масъулияти ватандорӣ кор гиранд.Зеро чуноне ки Сарвари кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар Рӯзи ваҳдати миллӣ санаи 27.06.2006 дар ноҳияи Рашт таъкид намуда буданд, роҳи ягона ва шарти асосии рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ободии Ватан суботу оромӣ мебошад. Мо бояд сулҳу суботи ҷомеаро ҳамешамисли гавҳараки чашм ва неъмати азизтарин эҳтиётваҳифзнамоем.