Дар пайи қофилаи дурӯғҳои сомонаҳои иғвоангез, сомонаи мафтуни наҳзатӣ бо номи «порстудей» аз забони «коршинос»-и аз воқеа бехабар Хопёрская гуфтааст, ки «Г.Ҳалимов дар Афғонистон аст». Ин сомона бо бешармии хос ахбори дурӯғро ба нашр мерасонад. Айби Исоро аз Мӯсо гирифта, гӯё тарсу ҳаросро паҳн карданӣ аст, собит месозад, ки пойбанди арзишҳои ботили наҳзатӣ мебошад ва бо бемасъулиятӣ ба имиҷи як кишвар бозӣ мекунад. Садқа шавам Худоро, Як бому ду ҳаворо, тактика ва стратегияи ин сомона аст, ҳар хасу нокасро минбар медиҳад, иғво меангезад, ҷанг меандозад.
Вале чи тавре ки ҳафате пештар хабар дода будем, «Гулмурод Њалимов мурдааст: хас каму ҷаҳон пок». Ваќтњои охир дар расонњои хабарии ифротї доир ба Гулмурод Њалимови хоин хабарњои гуногун интишор меёбанд. Албатта чунин расонањо ба хотири сохтани њангомањо аз хабару иттилооте кор мегиранд, ки ба манфиати маблаѓгузоронашон мебошад. Дар робита бо Гулмурод Њалимов расонањои иттилоотии мазкур ахбори зидду наќиз пањн карда, ба ин восита ин мењанфурўшро ба симои хабарсоз табдил мекунанд. Чанд нуктаро дар ин маврид таъкид кардан мехоњам:

a. Ба симои хабарсози расонаї табдил ёфтани Гулмурод Њалим њам њадафнок аст. Агар њадафи аввалї барои расонањо тавассути ахбори њангомабарангез љалби таваљљуњи хонандагону корбаронро ба даст овардан бошад, аз тарафи дигар, ба љомеа ва маќомоти ќудратї расонидани паём аст. Паёми тарсу вањшат ва дањшату ноамнї. Ин навъ муборизањои иттилоотї ва расонаї дар бисёр кишварњои дунё ба назар мерасад ва интишордињандагони маводи хабарї мекўшанд, ки фазои маљозї ва иттилоотиро тањти контроли равонї дароваранд ва аз дањшату вањшатро созмон бидињанд.
2. Дар ин замина, ахбори вобаста ба Гулмурод Њалим зарур аст ва метавонад дар муњитњои иљтимої њангомаро ба вуљуд биёварад ва фазои ноамнию бесуботии равониро заминагузорї намояд. Албатта, ин назари мост ва метавон бо он бањс кард. Ба њар сурат, нањваи муборизањои иттилоотии имрўзї моро ба ин натиља расонд.
3. Бармегардем ба шахсияти Гулмурод Њалим. Ӯ ба гирдоби балое, ки бо номи ифротгаройии динї-мазњабї маълум аст, мубтало буд. Ифротгаройии динї-мазњабї њар нафари дилхоњро бењувият мекунад. Њувият олами андешаи инсонист, ки бар мабнои аќлу хирад ва мантиќи зиндагї созмон меёбад.
4. Бењувиятї бошад, раванди бехабарї ва инњирофоти фикрию равонии фардист, ки бар асари нодонї ва љањолатпарастї рух мезанад. Бењувият сохтани инсонњо дар бозињои имрўзаи сиёсї ва бархўрдњои тамаддунї асл ба шумор меравад ва њар ќадар афрод, инсонњо, ашхос ва гурўњњо ба масри бењувиятї кашида шаванд, њамон ќадар имкони сар задани нооромию бесуботї ва натиљатан, љангу даргирињо афзуда мешавад. Аз Гулмуродњо дар бозињои имрўзї зиёд истифода мешавад, зеро ки мањз онњо, бар асари бењувиятї, арзишњои миллию бумї ва башариро зери по мекунанд ва дар фазо дањшату вањшатро ба вуљуд меоваранд.
Дигар ин ки овозањои кушта шуданаш дар њарбу зарби гурўњњои тундрав чандин маротиба пањн гардидаанд, вале барои баъзе гурўњњо ва доирањои сиёсї паҳн кардани хабарњои зиддунаќиз дар атрофи Гулмурод Њалим манфиатовар аст.
Еще в сентябре сего года, по сообщению INTERFAX.RU стало известно, что «Российские самолеты уничтожили в Сирии “министра войны” ИГ и “амира Дейр-эз-Зора”. “По подтвержденным сведениям, среди уничтоженных боевиков – четыре влиятельных полевых командира, включая амира Дейр-эз-Зора Абу Мухаммад Аш-Шимали, отвечающего за финансы и переброску завербованных новобранцев на тренировочные базы “ИГИЛ””, – сказали в военном ведомстве. “Установлено также, что на совещании находился “министр войны” международной террористической группировки “ИГИЛ” Гулмурод Халимов (экс-командир ОМОН МВД Таджикистана – ИФ), который погиб от смертельного ранения”, – заявили в Минобороны (https://www.interfax.ru/world/578269).
Аз ин рў, исми Гулмуродро дар њолатњои зарурї барои љалби таваљљуњи омма ва хонандагони расонањо ва корбарони шабакањои иљтимої расонаї мекунанд ва авзоъро омўхтанї мешаванд.

Фаридун Ориёї, таҳлилгар

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code