Дар ҷавлонгоҳи сухан ҳар кас бо сеҳру эъҷози қаламаш ворид мешавад ва дар сабқати маъниофарӣ қувва меозмояд.

Барои нишон додани нерӯ ва қудрати сухан муаллифро минбарҳои баланд, рӯзномаву маҷаллаҳои пурҷило, сомонаҳои хоса ва харҷи маблағҳои ҳангуфт зарурат надорад, балки доштани маҳорати суханварӣ кофист.
Ғарази муқаддимаи боло маълум кардани мавқеи як саҳифаи фейсбукии Додоҷон Атовуллоев дар радифи садҳо саҳифаи фейкии чоплусони наҳзатӣ, сомонаҳои иғвоангезу дурӯғбофи «командаи келинҳо»-и Муҳиддин Кабирӣ мебошад, ки мақоли «як задани оҳангару сад задани сӯзангар»-ро ба ёд меорад. Ба ибораи дигар, дар фазои маҷозӣ худи Додоҷон Атовуллоев кофист, ки посухи тамоми командаи беҳунарони ташкилоти террористии ҳизби наҳзати исломро диҳад.
Дирӯз дар саҳифаи фейсбукии рӯзноманигори тоҷик Додоҷон Атовуллоев нигоштаеро бо унвони «Ногуфтаҳо» хондам. Дар ин матлаб аз заъифиҳои сардори ташкилоти террористӣ – ифротии ҳизби наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ ва тарафдорони ӯ бисёр пуртаъсир сухан меравад. Баъд аз мутолиаи «Ногуфтаҳо» гуфтаниҳои зиёде вирди забони ҳар хонандаи он пайдо мешавад, ки вобаста ба муҳтавои матлаб андешаҳои мо чунин аст:
Нахуст, Додоҷон Атовуллоев «тамоми “бозёфтҳои” Кабириро аз Темур Варақӣ то кадомин Муминовае, ки бо номи “Хоҳар Ҳумайро” машҳур аст, Худозадаву бахтбаргашта унвон медиҳад, ки ҳақ бар ҷониби ӯст.
Сониян, ин марди сухан даъвати «миёнаравҳо»-ро ҷиҳати иттифоқи Атовуллоев бо Кабирӣ ба далелҳои асоснок рад карда, мегӯяд: «бо Кабирӣ пайвастан хиёнат ба озодӣ, хиёнат ба мубориза, хиёнат ба миллат аст». Ба иловаи ҳамин гуфтаҳо месазад гуфт, ки пайвастан бо Кабирӣ, ки ба қавли худи Атовуллоев «намунаи беҳтарини олами ҳайвоноту наботот» аст, хиёнат ба тамоми инсоният мебошад.
Солисан, ба андешаи зерини Додоҷон Атовуллоев, ки дар шакли даъво аз «насиҳатфармоёнаш» ифода ёфтааст, сад дар сад ҷонибдорем. Талаби Додоҷон Атовуллоев аз «насиҳатфармоён», ки ба баҳси миёни ӯву Кабирӣ хотима гузоштан мехоҳанд ва ин баҳсро ба суди ҳукумат тарҷеҳ медиҳанд, чунин аст: «… барои ман давлати Тоҷикистон муҳимтар аст. Роҳи Кабирӣ роҳ ба ҷазирист. Роҳ ба асри миёна. Роҳ ба сӯи толибони ниқобпӯш ва галстуку шляпаву кепкапӯш аст. Носеҳони гиромулқадр, худро бошед».
Ҳамчунин дар ин гуфтоварди чун устухон дар гулӯи палидони наҳзатӣ дармонда қазияи аз ислом даст кашидани Кабирӣ ва минбаъд худро ҳамчун «лидери оппозитсияи тоҷик» муаррифӣ кардани ӯ мавриди интиқоди Додоҷон Атовуллоев қарор гирифтааст, ки дар навбати худ тавонистааст портрети аслии Кабирии террористиро тасвир ва ногуфтаҳои ҳар фарди худогоҳу бонанги тоҷикро дар ин хусус ифода бикунад. Додоҷон Атовуллоев бо ба миён гузоштани суоли аҷибе мавқеи Кабирии худбохтаро дар олами терроризм чунин арзёбӣ мекунад: “…одаме, ки ба номи Худо карйера сохт, аз харсаворӣ ба мерседессаворӣ гузашт, имрӯз аз номи Худову динаш даст мекашад, магар метавонад мавриди эътиқод бошад?… Агар Кабирӣ худро роҳбари к..нтеҳои Тоҷикистон эълон кунад, бутпараст ё бехудо эълон кунад ҳам, Кабирӣ барои ман як шогирди ношуди Ал-Бағдодӣ хоҳад монд. Ал-Бағдодӣ бо Калашников мекушад. Ал-Файзободӣ бо тӯҳмату бӯҳтон. Бо макру ҳиял. Аз паси парда. Аз паноҳгоҳ».
Дар фарҷоми сухан Додоҷон Атовуллоев падари фитнагарони бахтбаргашта – Ал-Файзободиро ба баҳси озоду рӯ ба рӯ (чи дар фазои маҷозӣ ва чи дар мизи музокира) даъват кардааст, ки мо онро беҳтарин насиҳатнома барои Кабирӣ мешуморем.
Додоҷон Атовуллоев ба Кабирӣ таъкид намудааст, ки ба умеди чанд фейку чанд гумном нашавад. Вақти он фаро расидааст, ки мисли ҳар марди соҳибном саҳфаашро дар Фейсбук фаъол кунад ва дар майдон мардона мағлубиятро ба сар гирад. Бас аст аз паси парда “сиёсатбозӣ” кардан, бо макру ҳиял, бо найрангу дасиса, бо дурӯғу буҳтон аз рӯи сенарияҳои обшуставу беоқибат нақшофарӣ намудан! Оқибати роҳи каҷ ҳамин аст, бандагӣ, шармандагӣ, сарафкандагӣ!
Дар ҳошияи ин Посухи дандоншикани Додоҷони Атовулло ба Кабирӣ ва тамоми косалесону оҷизакони ӯ андешасозиҳо зиёданд ва бешак аксари андешамандон гуфтаҳои Додоҷони Атовуллоро ҷонибдорӣ карда, дар пайравии ӯ селаи номаҳои лаънату нафринро бар сари бахтбаргаштагони наҳзатӣ рехта истодаанд. Зеро ин навишта:
1. Пурра ҳақиқати ҳолро дар хусуси касифию палидию разилию ҳақирию ҷазирии Кабирӣ ва бодовардаҳои ташкилоти террористиаш ифода кардааст;
2. Симои аслии хоинони миллат – Кабирӣ ва пайравони ӯро, ки бо ҳар ниқоб ва аз паси пардаи ҳиллаву найранг баромад мекунанд, ба ҷомеа шиносонидааст;
3. Нотавонию заъифии командаи ҳарзагӯёни ТТЭ ҲНИ-ро, ки маблағҳои бузурги хоҷагони Кабириро бо намоиши беҳунаронаи «театри лӯхтак» дар Аврупои асри ХХI ба боди фано медиҳанд, ошкоро маълум намудааст;

Баром Носиров,
шореҳ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code