Дар пайи қофилаи дурӯғи сомонаи «Ахбор.ком», сомонаи «иронимаоб-и дигар бо номи «порстудей» дар бораи боздошти афсари амният овоза пахш мекунад ва бо бешармии хос ахбори дурӯғро ба нашр мерасонад. Айби Исоро аз Мӯсо гирифта, ин сомоани эрои собит месозад, ки пойбанди арзишҳои ботили наҳзатӣ мебошад ва бо бемасъулиятӣ ба имиҷи як инсон ҳуҷум мекунад.

Бо туҳмату ғайбат сангпартоӣ мекунад. Ҳила мебофад. Фирефтаи хабарҳои манбаъҳои шаккоки «фергана.ру» ва «ахбор.ком» мешавад. Мақсаднок паҳн кардани маълумоти бардурӯғро, ҷузъи сиёсати иттилоотиаш медонад. Ҳадафашон, дурӯғпароканӣ дар бораи фаъолияти мақомоти давлати Тоҷикистон аст, ки ҳамчун сипари боэътимоди давлатдорӣ истодагрӣ мекунанд.
Шаффофият ва адолати касби журналистиро ин ботил сомонаҳо риоя намекунанд. Дурӯғ қисме аз ҳаёти иттилоотрасонии ин сомона гаштааст.
Сомонаи «Порстудей» пойгоҳи иттилоотии иғвогар табдил ёфтааст. Новобаста аз он ки чандин дафъа иттилоотрасонии зиёновари ӯ ифшо гаштааст, боз ҳам дар тафсири воқеаву рӯйдодҳои ҷумҳурӣ назари якҷониба дорад. Ба тоифаи дурӯғросткун мисли «Порстудей» бояд гуфт, ки мизони сатҳи фасоди молӣ дар миёни кормандони амният дар пасттарин сатҳ аст ва бояд ин саркардаҳои дурӯғгӯ бифаҳманд, ки бо ин зуҳуроти номатлуб онҳо ба таври шуурӣ ва бо дарки асли ватандорӣ муборизаи беамон мебаранд.
«Порстудей» бо нияти хасмонааш заминаро барои решакан кардани намояндагиаш хоҳанд кард.
Дурӯғи ӯро рад карда, гуфтанием, ки барҷаста сохтани ҳодисаҳои ҷузъӣ бар сипари тавонои ҳукми ҷавобӣ бархӯрдааст ва ин «порстудей» ва «ахбор.ком»-ҳо ҷузъи беэътимодтарин табақаи журнализми зард ҳастанд.

Комрон Сардоров, таҳлилгаp

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code