Дурӯғпардозони расонаӣ масъалаҳои дигарро як сӯ гузошта, ба масъалаи ақаллиятҳои мусулмони Чин рӯ оварда, аз ҳангома сохтани он барои худ имиҷ сохтан мехоҳанд. Касб кардани ин гуна имиҷро аз ҳама зиёд С. Истаравшанӣ орзу дорад.

Воқеан, дар ҷаҳони пур аз таззод ва бархӯрди арзишҳои диниву фарҳангӣ кам халқияту давлатҳое ҳастанд, ки аз ин равандҳо барканор бошанд. Яке аз ин кишварҳо давлати ба мо дӯсту ҳамсоя Ҷумҳурии мардумии Чин мебошад. Аксарияти аҳолии ин кишвар пайравони мазҳаби буддоӣ мебошанд. Солҳои охир барои танзими расму ойини мардуми минтақаи Синзян, ки аксаран, пайрави дини ислом ҳастанд, мақомоти ин кишвар корҳои назаррас ба сомон расониданд. Агар аз дидгоҳи стретегияи давлатии ин кишвар баҳо диҳем, маълум мегардад, ки мардуми ин минтақа бештар майл ба ҷудоихоҳӣ доранд. Ҷудоихоҳии мардуми ин минтақа тамаркуз ба исломгароӣ дорад. Ин ба он маъност, ки ҷудихоҳони ин минтақа барои даст ёфтан ба аҳдофи сиёсии худ, аз дини ислом суйистифода мекунанд. Ба ибораи дигар, мазҳаб барои мардуми ин минтақа василаи хубест барои амлисозии нақшаҳои сиёсӣ.
«Боздошти мусалмонони уйғур дар урдугоҳҳои ҷамъӣ бо маҳкумияти густурдаи ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ шуд» – навиштани мубаллиғи исломи сиёсӣ Истаравшанӣ, як ҳангомае беш нест, чунки дар ҳама кишварҳои олам аз фарҳанги исломӣ барои ҳадафҳои миллӣ фаровон истифода мекунанд. Ба ном «сарварон»-и ақаллияти мусулмонии ҳуӣ, ки соли 2017 масҷиди калони Вейжуро навсозӣ карданд, ҷудоиталабон мебошанд ва кӯшиш менамоянд, ки бо ҳар роҳу васила танишро дар муносиботи давлат ва ин тоифаи мусулмонӣ ташдид созанд. Ин, албатта, кори хуб ва созанда аст. Аммо, аз ҷониби дигар, сохтани масҷид, ки боиси ба вуҷуд омадани ихтилофу бадбинӣ нисбат ба дигар мазҳабу динҳо мегардад, ба ҳеҷ ваҷҳ, созгори ҷамъияти дунявӣ набуд ва дар оянда низ нахоҳад шуд.
Тибқи хабарҳо, мақомоти маҳаллӣ бозсозии масҷидро иҷозат дода будаанд. Бо вуҷуди ин, масҷидсозон зимни тармими он махсусиятҳои фарҳанги куллияи мардуми сарзаминашонро ба ҳисоб нагирифтаанд. Воқеан, мардуми мусулмон дар бештари ҳолат арзишҳои мазҳабии дигар халқиятҳоро эҳтиром надоранд. Ва ин амал дар бештари ҳолат бар зарарари худи мусулмонҳост.
Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Сӣ Ҷин Пин, идомадиҳандаи сиёсати коммунистӣ мебошад. Аз ин рӯ, он ки баъзе исломгароёни сиёсӣ давлати Чинро ба унвони давлати бедин интиқод мекунанд, як дараҷа барои таҳрики созмонҳои террористию экстремистӣ замина мегузорад. То ба имрӯз дар ҷое нахондем ва нашудидаем, ки сокинони ин кишвари пешрафта аз сиёсати дохилии он шикоят карда бошанд. Танҳо сокинони ҳамин минтақаи мусулмоннишинанд, ки барои аҳдофи сиёсии худ аз мазҳабашон ошкору пинҳон истифода мекунанд.
То ҳанӯз дар хориҷ аз кишвар нафарони бадхоҳу худбохтае ҳастанд, ки худро ҳомиву дӯстдор ва мубаллиғи исломи сиёсӣ медонанд. Аз ин муносибати фарҳангии мусулмонону будоиёни чинӣ рашкашон афзуда, мехоҳанд мардуми ин кишварро ба ҳам шӯронанд. Аз бастани як масҷид, ин қадар ҳангомаву «табли шодӣ задан»-и ҷонибдорони исломи сиёсӣ далели он аст, ки ин нафарон, дар асл, на диндоранду на дунявӣ. Махсусан, ҳангомасозиҳое, ки дар ин замина кӯр ва ҳаммаслаконаш дар пойгоҳҳои иттилоотӣ ва расонаҳои хабарӣ ҷо медиҳанд, ба манфиати давлат ва мардуми Чин нест, баръакс, оташи ҳар гуна ихтилофотро доман мезананд. Ин аст, ки дода шудан ба иғвогариҳои тоифаи ба истилоҳ, наҳзатӣ самараи хуб намедиҳад.

Диловари Хуршед, коршинос

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code