Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» иброз доштанд, ки Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо шарики табиии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад.
Аз суханронии Пешвои миллат бармеояд, ки намояндагони давлатҳои абарқудрати ҷаҳон амсоли Амрикову Аврупо ва дигар кишварҳои тараққикарда дар ибтидо гумон мекарданд, ки масъалаи терроризму экстремизм танҳо мушкилоти Тоҷикистон ва ё Осиёи Марказӣ бошад, вале пас аз ҳодисаи моҳи сентябри соли 2001 Амрико пешниҳоди Тоҷикистонро дар мавриди муқовимат бо терроризму экстремизм ва гардиши маводи мухаддир дастгирӣ намуд ва ин пешниҳоди Пешвои миллат аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқболи гарм ёфт.
– Танҳо баъди амалҳои террористии даҳшатовари 11 сентябри соли 2001 дар Ню – Йорк кишварҳои олам ҷиддияти масъаларо дарк намуда, таваҷҷуҳи худро ба он равона сохтанд. Аммо ин зуҳуроти номатлуб, аллакай, хислати ҷаҳонӣ касб намуда, пеши роҳи онро гирифтан хеле мушкил шуд, – зикр намуд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалӣ.
Воқеан, имрӯз яке аз мушкилоте, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ба гурӯҳҳои тундрав пайваст шудани ҷавонон мебошад. Бо камоли таассуф метавон гуфт, ки бархе аз ҷавонони мо ба ҷойи омӯхтани илму дониш ба роҳҳои нодуруст рафта, теша ба решаи хеш мезананд. Коршиносони масоили динӣ ҳадс мезананд, ки ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ пайвастани ҷавонон аз надоштани дониши мукаммали динист, ҳамзамон хуб набудани шароити иқтисодиро низ яке аз ин омилҳо медонанд, ки доир ба ин масъала Пешвои миллат дар аксари суханрониҳояшон ёдовар мешаванд.
Мусаллам аст, ки дар масъалаи пешгирии терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳое буд, ки доир ба ин зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ садо баланд кард. Дарвоқеъ, тайи чанд соли ахир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар манзили зисташонро тарк намудаанд.
Нуктаи дигари ҷолибе, ки дар суханронии Пешвои миллат садо дод, аз ҷониби ташкилоту гурӯҳҳои террористӣ фаровон истифода бурдани технологияи муосир, аз ҷумла шабакаи интернет, ба ҳисоб меравад. Зеро гурӯҳҳои иртиҷоӣ бештари ҷавононро тавассути шабакаҳои интернетӣ ҷалб менамоянд. Аз ин ҷост, ки бархе аз шабакаҳои интернетӣ низ дар Тоҷикистон ба хотири пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва мағзшӯии онҳо маҳдуд гардидаанд.
Мавриди зикр аст, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар як гурӯҳ ҷавонони тоҷик ба муассисаҳои таълимии исломии хориҷӣ рӯ оварданд. Хушбахтона, ҷониби Тоҷикистон нафароне, ки ғайриқонунӣ дар муассисаҳои динии берун аз кишвар таҳсил менамуданд, ба Ватан баргардонд. Барои гирифтани маълумоти динӣ имрӯз дар Тоҷикистон тамоми шароит муҳайё буда, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам фаъолият мекунад, ки дар он ҷавонони тоҷик ба тадриси масоили динӣ фаро гирифта шудаанд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» иброз доштанд, ки Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо шарики табиии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад.
Аз суханронии Пешвои миллат бармеояд, ки намояндагони давлатҳои абарқудрати ҷаҳон амсоли Амрикову Аврупо ва дигар кишварҳои тараққикарда дар ибтидо гумон мекарданд, ки масъалаи терроризму экстремизм танҳо мушкилоти Тоҷикистон ва ё Осиёи Марказӣ бошад, вале пас аз ҳодисаи моҳи сентябри соли 2001 Амрико пешниҳоди Тоҷикистонро дар мавриди муқовимат бо терроризму экстремизм ва гардиши маводи мухаддир дастгирӣ намуд ва ин пешниҳоди Пешвои миллат аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқболи гарм ёфт.
– Танҳо баъди амалҳои террористии даҳшатовари 11 сентябри соли 2001 дар Ню – Йорк кишварҳои олам ҷиддияти масъаларо дарк намуда, таваҷҷуҳи худро ба он равона сохтанд. Аммо ин зуҳуроти номатлуб, аллакай, хислати ҷаҳонӣ касб намуда, пеши роҳи онро гирифтан хеле мушкил шуд, – зикр намуд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалӣ.
Воқеан, имрӯз яке аз мушкилоте, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ба гурӯҳҳои тундрав пайваст шудани ҷавонон мебошад. Бо камоли таассуф метавон гуфт, ки бархе аз ҷавонони мо ба ҷойи омӯхтани илму дониш ба роҳҳои нодуруст рафта, теша ба решаи хеш мезананд. Коршиносони масоили динӣ ҳадс мезананд, ки ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ пайвастани ҷавонон аз надоштани дониши мукаммали динист, ҳамзамон хуб набудани шароити иқтисодиро низ яке аз ин омилҳо медонанд, ки доир ба ин масъала Пешвои миллат дар аксари суханрониҳояшон ёдовар мешаванд.
Мусаллам аст, ки дар масъалаи пешгирии терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳое буд, ки доир ба ин зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ садо баланд кард. Дарвоқеъ, тайи чанд соли ахир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар манзили зисташонро тарк намудаанд.
Нуктаи дигари ҷолибе, ки дар суханронии Пешвои миллат садо дод, аз ҷониби ташкилоту гурӯҳҳои террористӣ фаровон истифода бурдани технологияи муосир, аз ҷумла шабакаи интернет, ба ҳисоб меравад. Зеро гурӯҳҳои иртиҷоӣ бештари ҷавононро тавассути шабакаҳои интернетӣ ҷалб менамоянд. Аз ин ҷост, ки бархе аз шабакаҳои интернетӣ низ дар Тоҷикистон ба хотири пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва мағзшӯии онҳо маҳдуд гардидаанд.
Мавриди зикр аст, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар як гурӯҳ ҷавонони тоҷик ба муассисаҳои таълимии исломии хориҷӣ рӯ оварданд. Хушбахтона, ҷониби Тоҷикистон нафароне, ки ғайриқонунӣ дар муассисаҳои динии берун аз кишвар таҳсил менамуданд, ба Ватан баргардонд. Барои гирифтани маълумоти динӣ имрӯз дар Тоҷикистон тамоми шароит муҳайё буда, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам фаъолият мекунад, ки дар он ҷавонони тоҷик ба тадриси масоили динӣ фаро гирифта шудаанд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code