Тайи чанд соли охир дар бархе аз кишварҳои ҷаҳони ислом, хусусан давлатҳои арабӣ – Сурия, Ироқ, Яман ва Афғонистон, амалҳои террористӣ содир шуда истодаанд. Бар асари ин вазъи сиёсӣ дар ин кишварҳо ҳанӯз ҳам ноором буда, мардуми осоишта қурбони амалҳои гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ мегарданд. Хусусан зуҳури гурӯҳи «давлати исломӣ» барои амнияти минтақа ва ҷаҳон таҳдидҳои навро эҷод кардааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис- тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки 4 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аввали солҳои 90 -уми асри XX – ҳанӯз дар оғози бунёди давлати соҳибихтиёрӣ худ ҳадафи амалҳои тахрибкоронаи террористону ифротгароён бо дастгирии хоҷагони хориҷии онҳо қарор гирифт. Дар он айём ниҳодҳои терроризми байналмилалӣ ва ифротгароён кишвари моро ба саҳнаи озмоиши қудрати маргбори худ ва ҳадафи ғаразҳои зиддиинсонӣ табдил дода буданд. Он замон Тоҷикистон ба ҳамаи он ҳодисаҳои фоҷиаборе, ки имрӯзҳо дар Ироқу Сурия, Яману Афғонистон мушоҳида мешаванд, рӯ ба рӯ шуда буд. Ҳадаф ва нақшаҳои пасипардагиву ғаразноки саркардаҳои аслии он ки аз ғояҳои ифротгароӣ ва террористӣ сарчашма мегирифтанд, бо роҳи зӯрӣ ва қатлу куштор ба сари мардум таҳмил кардани фарҳанги бегонаву тафаккури асримиёнагӣ ва дар Тоҷикистон таъсис додани давлати исломӣ буд.
Маврид ба зикри хос аст, ки ташкили ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон маҳз нақшаҳои харобкоронаи роҳбарият ва аъзои ТТЭ ҲНИ буд. Аъзои ин ҳизби террористӣ дар он солҳо ба кумаки хоҷагони хориҷии худ мардуми бегоноҳ, бахусус чеҳраҳои саршиносро ба қатл расонда, миллатро пароканда ва давлатро қариб ба нестӣ бурда буданд. Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ бештар аз 150 ҳазор нафар мардуми бегуноҳ қурбон ва зиёда аз 1 миллион аҳолӣ ҳанчун гуреза дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон паноҳ бурданд.
Мардуми Тоҷикистон ҷиноятҳои содирнамудаи роҳбарият ва аъзои ТТЭ ҲНИ – ро асло фаромӯш намекунанд. Зеро аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ то имрӯз қариб оилае нест, ки хеши наздик, фарзанд ё падару модари худро аз даст надода бошад. Дуои ҳазорон модари тоҷик, ки писарони ҷавони худро дар муноқишаҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз даст доданд, роҳбарият ва аъзои ҲНИ – ро хоҳад гирифт.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ба хотири дубора ноором нагардидани ҳаёти шаҳрвандон дар сафи пеши мубориза бо терроризм ва экстремизм қарор дорад. Ҳамин аст, ки дар байни сарони кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати муборизаи беамон бо ин вабои аср Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин шуда садо баланд карданд ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварданд, ки дар мубориза бо ин зуҳурот муттаҳид бошанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҲНИ бо терроризм ва ифротгароӣ решапайванди азалӣ дорад ва аз ин мақсади нопоки худ гаштанӣ нест. Роҳбарони фирории ҳизби мамнуъгардидаи террористӣ дар ҳудуди кишварҳои аврупоӣ ҳамеша талош меварзанд, ки аз неруи бузурги ҷавонони тоҷик, чи дар Ватан ва чи дар хориҷӣ он барои амалӣ намудани мақсадҳои нопоки худ истифода баранд.
Гурӯҳҳои ифротгаро талош доранд, ки бо ақидаҳои фанатикии худ занону духтарон ва ҷавононеро, ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори дурусти ислом пурра огоҳӣ надоранд, ба сӯи худ ҷалб намоянд. Бинобар ин дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон, яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа мо дониста мешавад.
Тамоми шаҳрвандони ҷумҳуриро зарур аст, ки бар зидди нақшаҳои харобкоронаи террористон, хусусан аъзои ҲНИ дар ҳамбастагӣ мубориза бурда, иҷозат надиҳанд, ки ин душманони миллат дубора сабабгори ҷангу низоъ дар кишвари биҳиштосоямон гарданд. Барои решакан кардани ин ду зуҳуроти аср – терроризм ва экстремизм, махсусан ҷавонон, ки неруи қавии ҷомеа мебошанд бояд дар сафи пеши мубориза қарор дошта бошанд.