МАВОДИ НАШЪОВАР. ТОҶИКИСТОН ДАР МУБОРИЗА БО ОН ҚОТЕОНА АМАЛ МЕКУНАД

Дар зарфи 4 моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 375 ҷиноят оид ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сабт шуда, 1 тоннаю 806 килограмму 788 грамм маводи нашъаовар, инчунин 12 4 11 ҳаби МДМА ва 33 килою 601 грамм моддаҳои сахттаъсиру заҳролуд мусодира шудааст.

Тибқи иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин давра аз ҷониби кормандони агентӣ 2 амалиёти муштарак бо мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, 3 амалиёти муштараки дохилӣ бо Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумрук гузаронда шуда, миқдори зиёди маводи нашъадор мусодира гардид. Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, ки сабти ҷиноятҳои мухаддиротӣ дар 4 моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,5 дарсад ё 69 ҷиноят зиёд мебошад. Гарчанде дар умум мусодираи маводи нашъаовар дар ҷумҳурӣ ба 1,7 дарсад ё 31 киллограмм кам гардида бошад ҳам, мусодираи гурӯҳи афюнӣ зиёд ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар ин давра 152 киллограмм маводи нашъаовари героин мусодира гардидааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 4,5 маротиба зиёд мебошад.
Ҳамасола бо мақсади  муайян ва нобуд сохтани рустаниҳои нашъаовари худрӯй ва ғайриқонунӣ киштшуда, пешгирӣ, ошкор ва бастани роҳҳои қочоқу интиқоли  маводи  мухаддир  тавассути  сарҳади давлатӣ, паҳншавии он дар ҳудуди  кишвар, инчунин ташкил ва гузарондани  корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни  аҳолӣ, аз 20 май то 30 ноябр дар Тоҷикистон дар ду марҳила амалиёти  ҷумҳуриявии «Кӯкнор» гузаронда мешавад. Ғайр аз ин, амалиётҳои ҷумҳуриявии «Морфин», «Притон» ва дар ҳудуди давлатҳои аъзои СААД амалиёти «Канал – Кордон» роҳандозӣ мегарданд, ки намунаи барҷастаи муборизаи қотеона бо ин маводи марговар аст.
Бояд гуфт, ки дар самти мубориза бо маводи нашъаовар Стратегияи  миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020 ҳуҷҷати калидӣ ба шумор рафта, ҳамкориҳои самараноки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятиро оид ба пешгирии нашъамандӣ, ташаккули муносибати манфии ҷомеа ба истеъмоли ғайритиббии маводи мухаддир, таблиғи тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир ва нашъамандиро танзим менамояд. Ба гуфтаи масъулони соҳа татбиқи муваффақонаи стратегияи мазкур то кунун шомили дастовардҳои назаррас буда, Тоҷикистонро дар сафи пеши мубориза бо маводи мухаддир дар минтақа қарор додааст.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code