ИФРОТГАРОӢ ВА ИФРОТИҲО
Дар яке аз сомонаҳои ифротии мансуб ба Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ матлабе чоп шудааст, ки муаллифи он чанд таърифи ифротгароӣ ва ифротиро ба таври худ матраҳ карда, дар зер туҳматҳои беасосеро нисбат ба Ҳукумати Тоҷикистон овардааст. Амали манфуру хандаовари муаллиф шаҳодати он аст, ки наҳзатиҳои худбохта дигар ягон нангу виҷдон надоранд ва барои манфиати худ ҳар дурӯғи бар забонашон омадаро мегӯянд ва аз ягон амале худдорӣ намекунанд. Аз ин рӯ, барои дарёфти ҳақиқат ва муайян кардани ифротӣ ва ифротгароҳои воқеӣ ба чанд таъриф шарҳи дуруст медиҳем.
Мафҳуми «ифротӣ» ё радикал (тундрав) аз вожаи юнонии родикс (radix) гирифта шуда, нахустин бор дар Англия тавассути Чарлз Ҷефер Фокс аз раҳбарони ҳизби либерали (Виг) дар мавриди мухолифони лоиҳаи ислоҳоти соли 1832 ба кор бурда шуд. Аз ҳамон замон ҷиноҳи муҳофизакори ҳизби либерал ба «родикол» машҳур шуд. Дар Фаронса низ ҳизби ба ном «ҳизби ҷумҳурихоҳи родикол ва родиколизми сотсиалист» вуҷуд дошт, ки пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз эътибор афтод.
Вилкокс бо таҳлили гуфтаҳо ва навиштаҳои садҳо гурӯҳи сиёсӣ ва иҷтимоии ҷангталаб ба 20 вижагӣ ё рафтори хосси ифротгароёна даст ёфтааст. Бархе аз ин вижагиҳо марбут ба моҳият ва муҳтавои андешаи ифротгароёна буда, бархе дигар ба шеваи матраҳ кардани андешаи ифротгароёна марбут аст, ки чанде аз онро мавриди таваҷҷуҳ қарор медиҳем:
1. Ҷустуҷӯи қатъият ва радди нисбият: ифротгароҳо ҳама чизу ҳама касро якранг ва ягона дидан мехоҳанд. Мехоҳанд ҳама мисли онҳо фикр кунанд, мисли онҳо либос пӯшанд ва мисли онҳо амал кунанд. Ифротгароён аз риск безоранд. Бинобар ин, қавонин ва дастуротеро барои контроли рафтори дигарон ба хусус рақибонашон содир мекунанд, то аз худашон дар муқобили рӯйдодҳои пешбининашуда муҳофизат намоянд.
Соли 1990 вақти ташкил шудани ТТЭ ҲНИ дар Тоҷикистони шӯравӣ озодиҳои динӣ таъмин буданд, ҳар кас ҳар динеро мехост ба он пайравӣ мекард. Пайравони исломи анъанавӣ озодона суннатҳои худро иҷро мекарданд ва бо намояндагони ҳама динҳои дигар дар фазои сулҳу эҳтироми якдигар зиндагӣ мекарданд. Ҳатто баъд аз ҳазор соли оини Зардуштӣ чанде аз пайравони он фаъолияти озодона доштанд.
Мутаассифона, ин ҳама гуногунрангӣ ва озодии ақоиди мардум ба асосгузорони ТТЭ ҲНИ маъқул нашуд. Онҳо ин ҳизби ҷинояткорро маҳз барои ҳамин сохтанд, ки ҳама касу ҳама чизро тибқи манфиатҳояшон якранг ва ягона бинанд. Мехостанд, пеши роҳи гуногунрангӣ ва гуногун-андеширо гиранд. Бо ин мақсад гурӯҳҳо ташкил карда, дар кишвари мо ҷанги шаҳрвандиро роҳандозӣ намуданд.
2. Ҷаҳонбинии сиёҳу сафед: ифротгароён ҷаҳонро бидуни ҳеҷ ҳадди миёна ё бетараф ва танҳо бар тибқи усули хубу бад менигаранд. Шиори онҳо ин аст: «Ҳар кӣ бо мо нест, алайҳи мост». Ифротиҳои наҳзатӣ дар давоми ҷанги ташкилкардаи худ даҳҳо ҳазор одами бегуноҳро танҳо барои он куштанд, ки ҷиноятҳои онҳоро маҳкум мекарданд. Кор ба ҷое расида буд, ки бо “ҷаҳонбинии сиёҳу сафед” – и худ такя карда, ба ҷангиёни силоҳбадасташон мегуфтанд, ки шумо тирро холӣ кунед, Худованд худаш ба пешонаи мардуми фалон минтақа бурда мерасонад. Онҳо ифротгароҳое мисли “ДИИШ” буданд, ки ҳамаро такфир мекунанду ғайри худашон ҳеҷ касро мусалмон намедонанд.
3. Таъмимҳои куллии ғайримасъулона: ифротгароён бар асоси шабоҳати андак ва ҳеҷ мадраке иддаоҳо ва ҳукмҳои куллӣ матраҳ менамоянд ва шабоҳатро бо мутобиқат омехта мекунанд. Онҳо чун бинанд, ки ду гурӯҳ ё ду шахс ё ду чиз аз баъзе ҷиҳатҳо бо ҳам монанд ҳастанд, ҳукм мекунанд, ки онҳо яке ҳастанд. Барои мисол, аз сабаби он ки муаллимон ба мардум илми дунявӣ меомӯзонанду тарзи либоспӯшиашон мисли аврупоиҳост, солҳои навадум наҳзатиҳои ифротӣ онҳоро мавриди фишору таъқиб қарор доданд. Ин тоифа он замон нони муаллимро ҳаром эълон карда буданд. Ё занҳои либоси аврупоипӯшро дар мавъизаҳои худ таҳқиру таҳдид карда, нисбат ба онҳо “ҳукмҳои куллӣ матраҳ” мекарданд. Дарвоқеъ ин рафторашон мисли амалҳои “ДИИШ” ва гурӯҳи “Толибон” буд.
4. Далелҳои нокофӣ барои иддаоҳояшон: ифротгароён маъмулан дар мавриди моҳияти шоҳидон ва мадорике, ки иддаоҳои онҳоро исбот мекунад, беаҳамият ҳастанд. Баръакс, дар асоси сафсатаи мантиқии «дирӯзро бубин ва имрӯзро дарёб» амал мекунанд. Онҳо дар мавриди маълумоте, ки боварҳояшонро таъйид месозанд, муболиға мекунанд. Аммо, маълумоти зидди худашонро ночиз шумурда, нодида мегиранд. Барои мисол, вақте ки мақомоти Тоҷикистон чанд террористи ТТЭ ҲНИ – ро тибқи қонун барои ҷиноятҳои содиркардаашон маҳкум ба зиндон кард, доду фарёди наҳзатиҳо баланд шуд. Вале, наҳзатиҳо ҷиноятҳои худашонро, ки ҷони 150 ҳазор одамро дар солҳои навадуми асри гузашта ва боз ҷони чандин бегуноҳи дигарро дар табаддулоти нокомашон дар соли 2015 ба боди фано додаанд, нодида мегиранд. Ё ин ки ҷазои сабук гирифтани кадом як ҷавони гумроҳеро, ки ҷонибдорашон нест мебинанд ва аз ришвахорӣ сухан мегӯянд, вале беҷазо мондани писари Кабириро пас аз бо мошин пахш карда куштани кӯдаки бегуноҳ намебинанд.
5. Даъвои бартарии куллӣ бар дигарон: ошкортарин намунаи он иддаои бартарии нажодӣ, миллӣ, қавмӣ, маҳаллӣ ё ҳатто шахсӣ мебошад. Намунаҳои камтар ошкори он иддаои ашрофият доштан, иртиботи хос бо Худо, узвият дар гурӯҳи нухба ё табақаи хос бо ҳуқуқи вижа ва навъе фахрфурӯшии воломанишона аст. Ин таъриф сад дарсад ба раҳбарони ТТЭ ҲНИ рост меояд. Масалан, наҳзатиҳо ба сифати шиор дар ҳафтаномаи ифротиашон чунин навишта буданд: “Ҳароина дини Худо ғолиб хоҳад омад”. Бинед ки онҳо аз ҳамон аввал аз сари ифротгароӣ иддаои ашрофият, иртиботи хос бо Худо, узвият дар гурӯҳи нухба ё табақаи хос бо ҳуқуқи вижа ва навъе фахрфурӯшии воломанишона доштанд ва ҳизби террористии худро “ҳизби Худо” меномиданд. Ин иддаҳои онҳо ифротгароёна буд, чунки чандин ҳизби дигари вуҷуддоштаро дуюмдараҷа медонистанд.
6. Шарр пиндоштани мухолифон: ифротгароён фикр мекунанд, ки чун мухолифони онҳо афроде бад, ғайриахлоқӣ, риёкор, бевиҷдон, манфур, миёнарав, мутаассиб ё ҳар чизи дигаре ҳастанд, нисбат ба онҳо мухолифат меварзанд. Ифротиҳои наҳзатӣ ҳамаи мухолифони худро бад, риёкор, бевиҷдон, ришвахӯр, дузд ва ғайра меҳисобанд. Касоне, ки ба ақидаи террористию ифротии онҳо мухолиф буда, дар хизмати давлату миллатанд, барои онҳо бадкирдор буда, туҳмату таҳқирро нисбаташон раво мебинанд. Ҳар гуна корнамоиҳою хизматҳои фарзандони содиқи халқу Ватан дигар барои наҳзатиҳои ифротӣ эътибор надорад.
7. Дифоъ аз меъёрҳои дугона: ифротгароён худашонро бар асоси ниятҳояшон ва мухолифонашонро бар асоси амалҳояшон мавриди қазоват қарор медиҳанд. Мехоҳанд, гуфтаҳои онҳоро бе чуну чаро ва бе суолу ҷавоб бипазиред, аммо худашон аз шумо далел талаб мекунанд.
Дурӯя будани раҳбарони ТТЭ ҲНИ ба ҳама мардуми Тоҷикистон маълум аст. Инро метавон дар муносибати онҳо бо ҳиҷоби барои мардуми мо бегона дид. Вақте буд, ки таблиғоти шадид-ро зидди озодии интихоби либос мебурданд ва ҳама он занҳое, ки ҳиҷоби сиёҳ ба бар намекарданд, барои онҳо нопок ба ҳисоб мерафтанд ва дар ин амали худ ягон поймолкунии ҳуқуқи занро намедиданд. Лекин, вақте Ҳукумати ҷумҳурӣ тасмим гирифт, ки пеши роҳи русуми ба миллати мо бегона, аз ҷумла пӯшидани ҳиҷоби сиёҳро гирад, наҳзатиҳо доду фарёд бардоштанд ва ин амалро поймолкунии ҳуқуқи зан номиданд. Дар ҳоле ки амали мазкур маҳз ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои зани тоҷик буд.
8. Гароиш ба сӯи тафаккури гурӯҳӣ: ифротгароён гароиш ба ҳамнавоӣ бо ҳинҷорҳои гурӯҳ ва ҳифзи инсиҷом доранд. Онҳо бештар бо ҳамфикрони худ сухан мегӯянд ва танҳо матолиберо мехонанд, ки баёнгари дидгоҳҳои худашон аст. Азбаски роҳбарон ва масъулони ТТЭ ҲНИ гуногунрангиро қабул надоштанд ва тафаккури гурӯҳӣ доштанд, дар бораи «таблиғоти» тарафи мухолиф навъе тарси беморгуна доштанд. Ҳамаи ҳизбсозӣ, силоҳгирӣ ва ҷангу хунрезиҳои наҳзатиҳои ифротӣ ҳам дар солҳои навадум ва ҳам дар соли 2015 маҳз барои он буд, ки ҳамаро ба гурӯҳи худ шомил кунанд ва мухолифонашонро нобуд созанд.
9. Таърифи ҳувияти худ бар асоси душманонашон: ифротгароён иртиботи отифӣ бо мухолифонашон доранд. Чун онҳо душманонашонро мавҷудоти шар ва қудратманд мебинанд ва ҳар қадар онҳо воҳиманок бошанд, худашон ба ҳамон андоза хуб ҷилва мекунанд. Фаъолияти ТТЭ ҲНИ баъди гурехтан ба хориҷа мутобиқ ба ин таърифи ифротгароӣ мебошад. Онҳо дар симои соҳибмақомҳои Тоҷикистон “мавҷудоти шар ва қудратманд мебинанд” ва бо дурӯғу туҳмат онҳоро воҳиманок нишон дода, худашонро ба ҳамон андоза хуб ҷилва медиҳанду “фариштаи наҷот” муаррифӣ мекунанд.
10. Террори шахсият: ифротгароён ағлаб ба ҷои таваҷҷуҳ ба воқеият ё масоили матраҳшуда, ба шахсияти афрод таваҷҷуҳ мекунанд ва аз ангезаҳо, равобити пешин, арзишҳои шахсӣ ба унвони василаи мунҳариф кардани зеҳнҳои умумӣ аз масоили мавриди баҳс баҳра мегиранд. Далелҳои террор шудани шахсиятҳои ватанпарасти Тоҷикистон аз ҷониби террористони ТТЭ ҲНИ, ки бо супориши хоҷагони хориҷиашон сурат мегирифт, дар як филми мустанад тариқи телевизион пахш шуда буд. Беҳтарин фарзандони модари тоҷикро ифротиҳои наҳзатӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ нобуд карда буданд, ки далелу санадҳои бешумор ин амалҳои ваҳшиёнаро тасдиқ менамоянд.
11. Тафаккури растохезӣ: ифротгароён ағлаб паёмадҳои шум ё фоҷиаомез барои як вазъият ё радди хостаҳояшон пешбинӣ мекунанд ва тамоюл ба навъе «намоиши буҳрон» доранд, ки метавонад шомили як кудатои низомӣ, ҷанги дохилӣ, сел ё ҷанги ҳастаӣ бошад. Ҳамин тафаккури фоҷиаовари ифротиҳои наҳзатӣ аст, ки чашми кӯрашон ягон пешравии Тоҷикистонро намебинад ва дар сомонаи мазҳабии худ вазъияти кишварро барқасдона бад тасвир мекунанд. Иддао доранд, ки мамнӯъ эълон кардани ТТЭ ҲНИ оқибати фоҷиаомез дошта, ба ҷангу хунрезӣ мерасонад. Дар ҳоле ки воқеият баръакси он аст ва танҳо баъди мамнӯъ кардани ин ҳизби ифротӣ мардуми тоҷик амнияти комил ба даст оварда, ба зинаи нави тараққиёт расид.
Ҳамин тариқ мебинем, ки ҳамаи он 11 таърифе, ки муаллифи мазкур овардааст, баёнгари чеҳраи аслии раҳбарон ва масъулони ТТЭ ҲНИ мебошанд. Тамоми санаду далелҳои тасдиқкунандаи ин ҳолат дар шакли чопиву аудиоию видеоӣ мавҷуд ва дастраси ҳамагон аст. Онҳо бо ягон ҳиллаву найранг дигар наметавонанд, ҷиноятҳои бешумори худро рӯйпӯш кунанд. Ҳамин муаллиф дар хулосаи худ мегӯяд: “Барои ифротгароён, ҳар шикаст ё зарбае «шурӯи поён» аст”. Дар шикасти аввалини гурӯҳи ифротии наҳзатӣ дар солҳои навадум, мардум ва Ҳукумати Тоҷикистон онҳоро бахшида буд. Аммо, дар шикасти дуюми наҳзатиҳо, ки баъди табаддулоти нокомашон дар соли 2015 ба вуқӯъ пайваст, дигар онҳоро касе намебахшад. Ин, бешак, «шурӯи поён» – и ТТЭ ҲНИ мебошад.