Дар навори ваҳшатангезе, ки ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расид ва дар он суханронии роҳбари собиқ ва муассиси ҳизби экстремистию террористии Наҳзати исломии Тоҷикистон мардумро ҷамъ карда, ба шӯру иғво ва ба даст гирифтфани силоҳ “фатво” медиҳад, чеҳраи манфури саркардагони ҳизбро бори дигар ба ҷомеа ошно гардид. Гузашта аз ин, суханҳои Сайид Абдуллоҳи Нурӣ исбот менамояд, ки сабаби аслии ҷанги бародаркуш, ба ноҳақ рехташудани хуни тақрибан 150 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ба харобазор мубаддал шудани минтақаҳо, ятим мондани ҳазорҳо кӯдакон ва бесаробон мондани ҳазорҳо ҷавонзанон ӯву ҳамсафонаш мебошанд

Аз ҳама таассуфовару ғамангез он аст, ки дар ин навор аз ҷониби шахси “рӯҳонӣ”, роҳбари ҳизби ба ном “исломӣ” суханҳои ифротии даъваткунанда ба хушунату одамкушӣ ва бераҳмӣ нисбати бародарону ҳамватанони муъмину мусалмони хеш аст садо медиҳад. Инчунин ин навор баён менамояд, ки сардорони ин ҳодисаҳои нохуш барои ба ҳадаф расидан ва татбиқи ғаразҳои нопоки хеш аз ояҳои муборакаи Қуръон аз аҳодиси набавӣ сӯистифода кардаанд. Навор симои воқеии терористии ҲНИТ-ро ошкор менамояд ва инсони соҳибақлро водор месозад, ки ин ташкилоти экстремистию террористии ба ном исломӣ аз гурӯҳҳои ифротии терористии ДОИШ ва дигар гурӯҳҳои ифротию терористӣ ҳеҷ камӣ надорад, балки аз онҳо дар бераҳмию ваҳшоният “бартарӣ” доранд.

Мардуми хирадманд, аҳли зиё, хоссатан аҳли уламо – ходимони дин бояд аз ин навор хулосаи даркорӣ бароранд ва дар оянда зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва намонанд, ки ин гурӯҳҳои ифротӣ дигарбора фазои оромро ноором гардонанд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code