ДОНИШМАНДИ АФҒОНИСТОН: «ҶОМЕАИ МУСУЛМОНИ ТОҶИКИСТОН НИЁЗ БА ҲИЗБИ ИСЛОМӢ НАДОРАД»

Ман доктор Муҳаммадюсуфи Раҳматуллоҳ, узви Шӯрои Олии “ҳизби ҷумҳурихоҳон”-и Афғонистон, Раиси муассисаи ҳурфавии “ҳамватан”, ҳамчун тоҷик ва шаҳрванди кишвари ҳамҷавор бо халқи Тоҷикистон, фарҳанг, урфу одат, қонуну қонуниятҳои он аз наздик шиносам, чунки давоми якчанд сол дар он ҷо зиндагӣ ва фаъолият намудаам ва инчунин падару бобоям зодаи ин сарзамини биҳиштосою дӯстдоштанӣ буданд. Ман Тоҷикистонро ҳамчун Ватани аҷдодии худ ҳисобида, нисбат ба он меҳру муҳаббати беандоза дорам. Ин диёр, ки мардумаш баруманду баномус мебошад, бисёр шахсиятҳои бузургро тарбия ва ба воя расонидааст, ки на танҳо дар кишварашон, балки дар ҷаҳон онҳоро мешиносанд ва қадр мекунанд.
Ҳамчун намояндаи халқи азияткашидаи Афғонистон чунин мепиндорам, ки зиндагӣ дар ватани орому осоишта беҳтарин ва гаронбаҳотарин неъмат аст, чунки дар минтақае, ки ҷанг бошад дар он ҷо бадбахтӣ, қашшоқӣ, гуруснагию хунрезӣ ҳукмфармост. Ба таври мисол, дар Афғонистони мо 35 сол инҷониб нооромию хунрезиҳо идома дошта, дар димоғи мардуми бечора то ҳануз бӯи хун мезанад. Пас, агар пурсанд, ки сабаб дар чист ва ё кист, ҷавоб якест – динситезон, исломгароёни сиёсатталаб ва ҳизбҳои сиёсие, ки аз номи ислом истифода намуда, барои расидан ба мақсадҳои сиёсӣ талош меварзанд.
Таърихи Тоҷикистон низ нишон дод, ки сабабгори асосии ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 – уми асри гузашта дар Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд ва воқеаҳои охири Тоҷикистон ба намояндагоне рабт дорад, ки узви ҳамин ҳизб буданд ва мебошанд ва гуноҳи ин ҳизб низ намоён аст. Дар кишваре, ки наваду нуҳ фисадаш мусулмон аст, ин ҳизб мебоист сулҳу суботро пеша мекард на  фитнаву фасодро. Дар вақти фаъолияташ агар бо нияти нек барои осоиштагии Тоҷикистон хизмат мекард, намояндагони он бар зидди Ватану миллат намехестанд ва хуни ноҳак рехта намешуд. Аз ҷумла, яке аз хоинони миллати тоҷик Абдуҳалими Назарзода, ки акнун мо тоҷикони ҷаҳон оид ба кирдори ноҷавонмардонаи ӯ нисбат ба миллати худ воқиф ҳастем, аз мисоли намояндагони ин ҳизб маҳсуб меёбад. Аз рафтори аъзои ҲНИТ дар ҷомеаи Тоҷикистон маълум мешавад, ки он на хизмат ба ватану миллат, балки нооромию нотинҷиро дар кишвари Тоҷикистон хоҳон аст ва ба таври доимӣ гӯш ба “хоҷагони хориҷӣ” – и худ медиҳад.
Пас, чунин бармеояд, ки дини поки Ислом, бахусус ҷомеаи мусулмони Тоҷикистон ниёз ба ҳизби исломӣ надорад ва замоне фаро расидааст, ки ҲНИТ – ро решакан намуд, то ба бақои миллати тоҷик зиллате нарасад.
Ҳамчун як фарзанди тоҷики муқими кишвари ҳамсоя аз мардуми шарифи Тоҷикистон хоҳиш менамоям, ки барои решакан кардани ватанфурӯшону хоинони миллат аз қабили Абдуҳалим Назарзода ва амсоли онҳо мубориза баред, то ки ба монанди кишвари мо ҳар рӯз дар хун оғушта набошед. Дар охир ҳаминро қайд карданиам, ки бадхоҳони миллатро ҳамон “хоҷагонашон” ҳам то ба охир бовар намекунанд, барои он ки онҳо Ватан, миллат ва истиқлолияти давлатиашонро мефӯрушанд ва барояшон ягон муқаддасоти арзишманде ба ғайр аз пулу мансаб вуҷуд надорад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code