ТТЭ ҲНИТ ВА КУШТОРҲОЕ, КИ ТАЪРИХ НАЗИРАШРО ЁД НАДОРАД

Агар ба фаъолияти ташкилоти террористӣ – экстремистии ҲНИТ назар афканем, маълум мегардад, ки ин ташкилот аз бунёд хислати экстремистиву террористӣ дошта, асоси онро идеологияи инсонбадбинӣ, таҳаммулнопазирӣ ва фашистӣ ташкил медиҳад. Ҷаҳонбинии наҳзатиҳо бар пояи тасаввуроте шакл гирифтааст, ки худашон онро ҳамеша ҳақиқати мутлақ меҳисобанд ва дигаронро бадандешу ноҳақ мешуморанд. Бар асоси идеологияи наҳзатӣ бояд дигарандешро кушт ва дар роҳи куштани дигарон худро низ фидо кард. Аз ин рӯ, афкор ва аъмоли эшон бо идеология ва аъмоли фашистӣ ҳамсон аст.
ҲНИТ ҳанӯз аз охири солҳои шӯравӣ ба фаъолиятҳои экстремис-тию террористии худ оғоз намудааст. Ба ин ҳақиқат матлаби Иззатулло Саъдулло, номзади илмҳои таърих, узви собиқи ТТЭ ҲНИТ, собиқ роҳбари ташкилоти ибтидоии ин ҳизб дар ноҳияи Шоҳмансур, ки таҳти унвони «ҲНИТ ва ДИИШ» дар мутбуот чоп шуд, рӯшанӣ меандозад. Далелҳои дар мақола овардашуда, нишон медиҳанд, ки ҲНИТ аз ибтидо ташкилоти экстремистию террористӣ буда, амалан аз солҳои 1989 амалҳои тахрибкоронаро дар шаҳрҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) оғоз кардааст. Тибқи далелҳо, ин гурӯҳ амалҳои экстремистиро маҳз аз масҷидҳо сар карда, ҳанӯз дар давраи шӯравӣ бо калтаку корд ва оҳану арматур ба одамон ҳамла мекарданд. Маҳз аз масҷидҳо шурӯъ намудани нооромию зӯроварӣ, масҷидро аз макони муқаддас ба макони шарорату муқовимат табдил додан амали касифонаи ТТЭ ҲНИТ буд. То ин замон мардуми тоҷик чунин зеҳнияте дошт, ки масҷид макони муқаддас аст ва онҷо ба ҷуз аз ибодат анҷоми амали дигар раво нест.
Баъд аз заволи Иттиҳоди Шӯравӣ, замоне ки кишварҳои тоза ба истиқлолрасидаи иттиҳод дар ҳоли тақсими мерос буданд, ТТЭ ҲНИТ бо такя ба сармоягузорону хоҷагони хориҷиаш барои ба даст овардани ҳокимият дар кишвари мо ба набарди мусаллаҳона даст зад ва ҳукумати конститутсиониро дар соли 1992 ғасб намуд. Кишварро ба майдони ҷанг, қатлу куштор табдил дода, боиси парокандагии маъмурӣ дар ҷумҳурӣ гардид ва ҳокимиятро дар саросари Тоҷикистон фалаҷ намуд. Мусаллаҳшавии наҳзатиён ба фаъолияти экстремистии онҳо тақвият бахшида, минбаъд ба фаъолиятҳои хусусияти террористидошта пардохтанд. Кушторҳои ваҳшиёнае, ки солҳои 1992 дар бинои ҳаммоми совхози Туркманистони ноҳияи Вахш террористони наҳзатӣ анҷом додаанд, назирашро таърих ёд надорад. Ин гурӯҳ, ки имрӯз нашармида аз миллату инсоният ҳарф мезананд, хиёнатҳояшон ва аъмоли фоҷиаборашон аз ҳуҷуми чингизиён ба минтақа ва аз инсонкушиҳои фашистон дар ҶБВ камтар нест.
Дар мақолаи ёдшуда сухан дар бораи зиндонҳои ихтироънамудаи ТТЭ ҲНИТ дар Тоҷикистон меравад, ки фикр мекунам дар ҳеҷ кишвари муосири ҷаҳон чунин навъи шиканҷа ва аъмоли зиддиинсонӣ ба назар намерасад. Имрӯз, ки инҳо даъвои донишмандиву нобиғагӣ доранд ва ихтирооти илмиву дастоварди олимонро ночиз мешуморанд, дар давоми мавҷудияти худ як кашфиёт кардаанд ва он ҳам кашфиёти «бочка-зиндон» буд. Наҳзатиҳо дар даруни бочкаҳои оҳании барои истифодаи об ва бензин истеҳсолшуда одамонро  зиндонӣ намуда, бо бадтарин шева мекуштаанд, ки аз ин ихтироъ то солҳои 2000 ҳам, баъзе аз пайравони ТТЭ ҲНИТ истифода намуда буданд.
Солҳои навадуми асри гузашта наҳзатиҳо як қатор силсилакушторҳоро анҷом додаанд, ки ҳатто пас аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ низ идома ёфт. Ҳамаи ин баёнгари он аст, ки ин ҳизби террористӣ – экстремистӣ, ки айнан чун ДИИШ мебошад, бо фаъолиятҳои зиддиинсонии худ ҳазорон хонадони тоҷикро аз саробони оилаву аз ҷигарбандон маҳрум намудааст. Амалҳои террористии наҳзатиҳо, ки боиси аз байн бурдани ҷони 150 ҳазор сокини осоиштаи Тоҷикистон гардид, бузургтарин хиёнат ва ҷафоест, ки аз тарафи ин гурӯҳ содир шудааст. Имрӯз роҳбарони  фирории ТТЭ ҲНИТ, ки дар хориҷи кишвар паноҳ мебаранд ва худро инсонҳои мутамаддин вонамуд мекунанд, чунин пиндореро дар зеҳни худ мепарваранд, ки гӯё бо гузашти вақт аъмоли зиддиинсониашон ба фаромӯшӣ рафтааст, вале бехабар аз онанд, ки дар саҳифаҳои таърих ва дар зеҳни мардум даҳшатафканию қатлу ғорати фашистонаи онҳо боқӣ хоҳад монд.
Кудурати ботинӣ ва идеологияи фашистиву инсонбадбинии наҳзатиҳо боиси он гардид, ки солҳои 90 – уми асри гузашта миллатҳои ғайри тоҷик ва ғайри мусалмон низ мавриди ҳамла ва куштор қарор гирифтанд. Тавре дар мақолаи зикршуда ишора мешавад, дар соли 1995 ба таври дастаҷамъӣ қатл кардани сарбозони неруҳои марзбонии Русия, соли 1997 ба қатл расондани намояндагони ҳайати Созмони Милали Муттаҳид дар Тавилдара бозгӯи он аст, ки онҳо миллатҳои дигарро таҳаммули дидан ва дар як фазо бо онҳо зиндагӣ карданро надоранд. Аъзои дастгиршудаи ТТЭ ҲНИТ Қузратов Саидмуҳриддин Муҳибуллоевич ва Абдуллоев Абдуқодир Гурезович,  ки дар рӯҳияи инсонбадбинӣ, таҳаммулнопазирӣ ва фанатизми исломӣ тарбият ёфта буданд, моҳи июни соли 1994 дар шаҳри Душанбе бо дастури роҳбарони ифротии худ хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Хрестофоров Сергей Евгеневич, Захаров Александр Юревич ва, ҳамчунин, шаҳрвандони рустабор Кленова Флюра Бакировна, Онишюк Татяна Александровнаро бо истифода аз силоҳи оташфишон ба қатл расонданд.
Тааҷҷубовар аст, ки бо ин ҳама аъмоли ғайриинсонӣ, имрӯз фирориёни наҳзат аз озодии виҷдон ва ҳуқуқи инсон ҳарф мезананд. Дар ҳоле ки дасташон олудаи хун асту тавони дидани дигарандешон, аққалиятҳои миллиро надоштанд ва аз ҳеҷ як куштори ваҳшиёна худдорӣ накардаанд. Феълан, ин гурӯҳ дар Аврупо бо роҳи шиорпароканӣ мехоҳад, аврупоиёнро гул занад, ки инҳо воқеан демократанд ва барояшон ҳуқуқи инсон, озодии виҷдон  «арзишманд» аст. Вале ин ҳарфҳо танҳо баҳонаест, то худро аз қабзаи террористӣ орӣ нишон диҳанд ва аз ҷавобгарӣ барои ҷиноятҳои содир намудаи худ дар канор монда, ба фаъолияти тахрибкоронаи хеш идома диҳанд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code