ФИТНААНГЕЗОН Ё ЗОҒҲО ДАР БОҒҲО

Вақте шахс бузург мешавад ва ақлаш ба камол мерасад,  дар зеҳни худ дарк мекунад, ки то кунун бисёр чизҳоро намедонистааст. Замоне, ки наврас будам, ҳикояеро хонда будам бо номи “Зоғҳо дар боғҳо”, ки чунин мазмун дошт.
“Замоне дар мамлакате боғи сарсабзу хурраме буд, ки дарахтони сабзу гулҳои рангоранг орояш медоданд ва сокинони онҷо бо ҳам дӯстонаву хушу хурсандона зиндагӣ мекарданд. Дар шохаҳои дарахтон булбулакон  нағмасароӣ мекарданд, ки ҳамеша бо садои хуши худ ба дили сокинони он ҷо фараҳу шодӣ меоварданд. Мардуми осоиштаю хушбахт субҳ бо чаҳ-чаҳи булбулон аз хоби ноз бархоста, паи кору зиндагӣ мешуданд. Рӯзе гузари зоғе ба ин боғи зебо ва муъҷизавӣ афтода дид, ки мардум ба булбулон муҳаббат ва таваҷҷуҳи зиёд доранд, ҳисси нафрату душманӣ дар ниҳодаш ҷӯш мезад ва ба худ гуфт: Чаро ҳокими ин боғи зебо набошам ва рӯзи дигар рафта ҳама зоғҳоро ҷамъ карда ба боғ овард.
Аз субҳи содиқ қар – қаркунон дар боғ парвоз карда, бо садои гӯшхароши худ мардумро нороҳат мекарданд, дар чеҳраи мардум шодӣ дида намешуд. Пас аз як ҳафта мардум зоғҳоро аз боғ берун оварданд ва боз мисли пештара булбулон чаҳ – чаҳ мезаданду мардум аз ин шод буданд”.
Албатта, он замон қудрати дарки ин ҳикояро надоштам, аммо, акнун дарк мекунам ва ба маънии “Зоғҳо дар боғҳо” хуб сарфаҳм меравам.
Тоҷикистони азизу соҳибистиқлоли мо, имрӯз боғеро мемонад, сарсабзу хуррам ва мардумонаш хушбахту озод зери парчами сулҳу ваҳдат хушу хурсандона зиндагӣ доранд. Дар боғи мо низ замоне зоғҳо пайдо шуда буданд, ки хушбахтона, бо иродаи мардум зуд хориҷ шуданд.
Аз рӯзҳои ташкилёбии ташкилоти террористӣ – экстремистии ҲНИТ то қатъи фаъолияташ якчанд маротиба сабаби ба хоку хун оғӯшта гардидани мардуми кишвар гардидааст. Дар ёд дорем ҷанги шаҳрвандиро, ҳазорҳо одами бегуноҳ куштаву ҳазорон нафари дигар бесарпаноҳ монданд. Дар солҳои  ҷанг даҳҳо шахсияти саршиноси миллати тоҷик, аз ҷумла Муродулло Шерализода, Кароматуллои Қурбон, Муҳамммад Осимӣ, Муҳиддин Олимпур, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Отахон Латифӣ ҳадафи террор қарор гирифтанд. Оё қатли ин олимону мутафаккирон ва профессорону фарҳангиён тасодуфӣ  буд? На, балки ҳадафмандона буданд. Қатли рӯшанфикрону мутахассисони кори худ, хабарнигорону табибон, пажӯҳишгарону ҳунармандон, муфаттишону сиёсатмадорон на танҳо зарбае ба шахсияти онҳову наздикон, балки ба илми тоҷик шуд. Ин ҳизби ба ном исломӣ дар ҳамоҳангӣ ва раҳнамоии хоҷагонаш ҳамеша паи нобудии ин давлату миллат талош варзидааст. Агарчи дар ин давлат зиндагӣ мекарданд ва аз обу нони ин Ватан мехӯрданд, фарзандонашон дар мактабҳои миёна ва олии кишвар таҳсил менамуданд, аммо боз ҳам ҳисси нафрат дар дилашон  ҷӯш мезад. Пинҳонӣ нақшаҳо мекашиданд барои зарба задан ба ин миллат ва барои амалӣ шудани ниятҳои нопокашон ҳама роҳҳоро истифода мебурданд. Аз қабили таъсис додани мактабҳои ғайриқонунии таълимоти динӣ дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ба ҳамкорӣ ҷалб намудани муллоҳои маҳаллӣ, хусусан онҳое, ки дар давлатҳои исломӣ таълимоти ғайриқонунии динӣ гирифтаанд. Ва, инчунин, тағйир додани идеологияи наврасону кӯдакон бо таъсири муллову масҷид,  тарсондани мардум аз қиёмату дӯзах ва бо ин роҳ зарба задан ба зеҳну тафаккури мардум.
Имрӯзҳо ҳамагон симои  разилонаи ТТЭ ҲНИТ – ро ба дурустӣ шинохтанд ва ҳамдигарро аз доми фиреби наҳзатиҳо ҳушдор медиҳанд. Зеро аз марҳилаҳои пайдоиш то қатъи фаъолияти ин ташкилоти террористӣ ягон аъзову пайрави он барои ободонии Ватан заррае саҳм нагузоштааст, ки инро вақт собит кард. Ба фаъолияти ин ташкилоти террористӣ назар афканем, мушоҳида мешавад, ки касе ба ин гурӯҳ пайваст, зиндагии худро доғдор намуд. Ё дар пайи амалҳои ҷинояткорона паси панҷара рафт, ё бехонаву дар шуд, ё ғарибу аз Ватан дурафтода. Зеро роҳбарият ва аъзои ҳизб нишон доданд, ки омодаанд, барои ҳифзи манфиатҳои гурӯҳии худу сармоягузоронашон ба арзишҳои ватандорӣ пушт гардонанд ва осоиши давлату миллати худро ба хатар андозанд. Акнун маълум шуд, ки ин бешарафон аз номи дини мубини ислом ҳатто бар зидди дин ҷанг эълон кардаанд. Ва номи пуршарафи дини мубини исломро, ки таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ арзишҳои меҳварии он аст, доғдор сохтанд.
Агар ҳадафи наҳзатиҳо холисона буд, ба ҳеҷ ваҷҳ хилофи таълимоти  анъанавии ислом амал намекарданд ва оромии ҷомеаро дар чанд давра ба ҳам намезаданд. Имрӯз олами ислом эътироф намудааст, ки дар кишвари мо барои иҷрои эътиқодоти динӣ тамоми шароитҳо муҳайёст ва наметавон онро бо хайёлпарастиҳои беасос ба чолиш кашид. Чунонки наҳзатиҳои фирорӣ бо истифода аз олами маҷозии интернет нохудогоҳ рӯи манфиатҳои давлату миллати хеш ва мусалмонони кишвар санг меандозанд.
Аз ин рӯ, якояки моро зарур аст, ки атрофи чунин амалҳои ноҷавонмардона мудом биандешем ва нагузорем, ки боғи сарсабзу хуррами мо, дар мисоли Тоҷикистони маҳбуб ҷавлонгоҳи фитнаангезон бошад. Зеро:
Бо Ватан мо ҳама як ҷону танем
Ватани ман,
Ватани ту,
Ҳамаи мо Ватанем.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code