Муҳиддин Кабирӣ ҳаққи дар бораи Тоҷикистон ҳарф заданро надорад

 

tajikistan

Сиёсишавии Ислом ва ё адёни дигар боиси ба ҳаракатҳои сиёсии тундрав гаравидани намояндагони он мегардад. Аз ин ҷост, ки дар асоси ин гаравиданҳо ҳадафҳои таъсис додани ҳизбҳои сиёсӣ низ ба миён меояд. Ташкили Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки фаъолияташ чанд сол қабл дар Тоҷикистон мамнӯъ гардид, низ аз оғоз аз мантиқ дур ва ғайриқонунӣ буд. Бештар афроди дорои таассуби мазҳабӣ аъзои он буда, мақсади асосӣ танҳо ба даст овардани ҳокимият буд. Гарчанде тамоми ҷаласоти ин ҳизб бо ибораи «Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим» шурӯъ шавад ҳам, вале дар асл ба манфиати Ислом дар он коре бурда намешуд, зеро аъзои аршади он гирифтори таассуби мазҳабӣ буданд, ки бо мурури замон дар байни пайравони шохаҳои он низ низоъҳову хусуматҳо ба миён омад.

Волтер дар китоби «Фарҳанги фалсафӣ» дар ин бора чунин мегӯяд: «Таассуби мазҳабӣ ҷони одамҳоро ноором мегардонад ва ҳамвора ононро дар абусӣ ва барангехтагӣ ва пархошгарӣ нигоҳ медорад». Вале, омилҳои асосии танишҳову хушунатҳое, ки имрӯз устухони Муҳидин Кабириро ором намегузоранд, на танҳо ба сиёсишавии Ислом марбутанд, балки бештар ба шароити кунунии Кабирӣ, яъне вобастагии ӯ ба хоҷагонаш ё корфармоёнаш робитаи қавӣ доранд. Барои Кабирӣ роҳи дигаре вуҷуд надорад. Ӯ дар бунбасти сиёсӣ тахтабанд шудааст. Аниқтараш дар муҳосираи сиёсӣ қарор дорад. Аз як ҷониб хоҷагонаш ҳар рӯз дастуру супоришҳои нав ба ӯ медиҳанд, аз ҷониби дигар мехоҳад ба ҷомеаи башарӣ нишон диҳад, ки фаъолияти ҲНИТ ҳанӯз идома дорад. Вале ин сохтакориҳо, такрори чеҳраҳо, бахусус чеҳраҳои манфур, ки мардуми Тоҷикистон нисбати ҳар кадоми онҳо нафрат дорад, талошҳои Кабириро ба бод медиҳад.

Мусаллам аст, ки дар пайи ҳар шикасте аҳзоб ё гурӯҳҳои сиёсӣ самти фаъолияти худро аз даст дода, дар роҳи нестӣ қарор мегиранд. Кабирӣ низ баъди шикасти ҳизби террористии хеш моҳияти ҳизби аз байн рафтаашоро ба куллӣ гум карда, дар ҳоли парешониву саргардонӣ қарор дорад. Ӯ, ки бо ҳизби собиқи худ танҳо ба тиҷорати дин машғул буд, имрӯз аз фарсахҳои дур зиндагии осудаву ороми Тоҷикистони азизро нодида гирифта, ҷониби сулҳу осоиштагӣ сангандозӣ мекунад.

Бо барпо намудани ҳамоише, ки бештар хусусияти намоишӣ дошт, ӯ мехоҳад шикасти худро пинҳон созад, вале офтобро бо доман пӯшида намешавад. Кабирӣ бо қарор доштан дар саргумӣ, якбора ба ёди матни Созишнома афтодааст, ки 20 сол пеш ба имзо расида буд. Маълум нест аз он чӣ далелеро мехоҳад баррасӣ кунад???

Имрӯзҳо сарзамини паҳноваре дар Ховари Миёна дар оташи низоъҳои мазҳабӣ месӯзад, хоки Афғонистон бӯи борут медиҳад, чун даҳсолаҳост, ки ин кишвар ба майдони набардҳои абарқудратон мубаддал гаштааст. Бо вуҷуди тарҳрезиву татбиқи лоиҳаҳои бузург ҳам хотима додан ва ба эътидол овардани вазъияти маконҳои ҷангзада амри маҳол аст.

Ҷанги шаҳрвандии  Тоҷикистон низ саҳлу осон набуд. Тақдири миллати мо низ норавшан буд. Аз гирду атроф чашми аҷнабиҳо ба он дӯхта шуда буданд. Кам монда буд, ки сарнавишти Афғонистон такрор мешуд. Агар талошҳову иқдоми оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат Э. Раҳмон намебуд, имрӯз Тоҷикистон низ ба майдони набарди ҷангҷӯён  табдил мешуд. Бале, маҳз бо шарофати Пешвои миллат мардуми ситамдидаи тоҷик ба сулҳу оромӣ расид.

Беҳтар мебуд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон номи сулҳу Созишномаро аз забони Муҳиддин Кабирӣ намешуниданд, зеро онҳо бо ҳам ҳеҷ умумияте надоранд. Бо ниҳояти таассуф, таърих чун сабақи таърих гузаштаи талху дарднокеро бо ҳизби собиқи Муҳиддин Кабирӣ – ҲНИТ дар ёд дорад. Умуман, бо он хиёнате, ки Кабириву ёронаш дар ҳаққи Тоҷикистону тоҷикистониён карданд, ҳуқуқи маънавии дар бораи Тоҷикистон, бахусус сулҳу оштии он сухан гуфтанро надорад, зеро сазовор нест. Дар бораи Тоҷикистон танҳо шахсе ҳарф зада метавонад, ки ӯ дорои иродаи огоҳонаи миллӣ ва дилсӯзи воқеӣ ба мардуму Ватани маҳбубамон бошад!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code