РУШДИ ДАВЛАТ БА АМНИЯТИ ОН ВОБАСТА АСТ

(ДАР ҲОШИЯИ МАҚОЛАИ С. ЯТИМОВ “ИЛМ ВА АМНИЯТ”)
Дар шароити тағйирёбии ҳарлаҳзаинаи вазъи ҷамъиятию сиёсии ҷаҳони муосир ва ба гирдоби ҷангу ҷидол гирифтор гардидани кишварҳои алоҳида нашри матлаби илмии доктори илмҳои сиёсӣ Саймумин Ятимов таҳти унвони “Илм ва амният”дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” саривақтӣ мебошад.
Масъалаи таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва худи давлат маҳаки асосии низоми давлатдориро ташкил дода, бидуни он рушди давлат ғайриимкон мебошад. Агар ба таърихи Истиқлолияти давлатӣ назар афканем, маълум мегардад, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, қабл аз ҳама, таъмини амнияти миллат пеш омада буд. Дар он шабу рӯзҳо бетаваҷҷуҳӣ ба ин масъала хатари аз байн рафтани давлатро низ ба вуҷуд меовард. Хушбахтона, бо хиради азалии халқи тоҷик, корнамоиҳои бесобиқаи мардони шуҷои Ватан ва тақдири давлатдориро ба даст гирифтани Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдат дар кишвари мо дубора пойдор гардид. Дар ин марҳала низ таъмини амнияти давлат дар мадди аввал меистод. Сарвари давлат ва мақомоти қудратӣ талош ба он меварзиданд, ки марҳала ба марҳала пояҳои давлатдориро мустаҳкам ва волоияти қонунро дар ҷомеа таъмин намоянд.
Ҳамин тавр ҳам шуд. Тақрибан як миллион нафар аҳолии Тоҷикистон, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ гуреза шуда буданд, ба Ватан баргаштанд. Амният дар кишвар пойдор гардида, корхонаҳои истеҳсолӣ ба кор даромаданд, бозору дуконҳо дубора дари худро ба рӯи сокинон боз намуданд. Вале, ба гунае, ки муаллифи мақола таъкид месозад: “То замоне ки давлат – гаронтарин ҷузъи системаи сиёсии ҷомеа, миллат ва миллатҳо вуҷуд дорад, тақрибан ба ҳамин андоза (қиматнокӣ, арзишмандӣ, баробарвазнӣ) барои фалаҷ кардан, аз фаъолият боз монондан ва оқибат нест кардани он хатарҳо мавҷуданд. Ин таҳдидҳо якранг, дар як сатҳ, бетағйир ва мутлақ буда наметавонанд.
Воқеан, таҳлили ҳаводиси 10 соли охир дар Тоҷикистон рӯйдода гуфтаҳои болоро бешак, собит месозанд. Ҳодисаҳои гуногуни дар минтақаҳои Тоҷикистон ва ниҳоят пойтахти мамлакат (воқеаҳои 4 сентябри соли 2015) бавуқӯъпайваста бори дигар ҳушдор медиҳанд, ки хатарҳои халалдор намудани амният ҳоло низ мавҷуд буда, нодида гирифтани онҳо метавонад ба барҳам задани амнияти давлат оварда расонад. Сари вақт аксуламал нишон додани мақомоти қудратӣ бо саркардагони ҳодисаҳои болозикр ва пешгирӣ намудани заминаҳои чунин зуҳуроти хатаровар собит намуд, ки Тоҷикистон дар таъмини амнияти хеш устувор гардида, имкони саркӯб намудани ҳар гуна гурӯҳҳои бадхоҳро дорад.
Таҳлили ҳаводиси кишварҳои олами араб нишон медиҳад, ки иқтисоди пешрафта, қонеъ намудани талаботи ҷавонон ва ниёзҳои мардум низ кафолати пурраи таъмини амнияти давлат буда наметавонад. Зеро дар ин кишварҳо сатҳи зиндагии мардум ба маротиб боло буда, имкони кору таҳсил фароҳам оварда шудааст. Аммо мардуми бехабар аз бозиҳои пасипардагӣ бо мақсади “зиндагии шоиста” (шиоре, ки аз ҷониби сарпарастҳо сохта шудааст. Н.Ш.) ба кӯчаҳо баромада, дар ниҳоят боис ба ҷанги шаҳрвандӣ гардиданд, ки имрӯз гурӯҳҳои алоҳида дар ин кишварҳо ҳар яке бо мақсади расидан ба “ҳақиқат”-и худ мубориза мебаранд.
Дуруст аст, ки коргардонҳои бозиҳои пасипардагӣ тавассути мухолифон пайваста “талабот”-ҳои нав ба нав эҷод карда, баҳри ба кӯчаю хиёбонҳо баровардани ҷавонон ва ба ҳам задани амният, яъне бесарусомон кардани давлатҳои мавриди назар қароргирифта нақшаҳо тарҳрезӣ карда, замина мегузоранд. Мухолифони бехабар ин талабот – ниёзҳоро чун асл пиндошта, бо “мақсади зиндагии шоиста” пайваста сӯи миллату давлат сангандозӣ карда, аз худ ватанхоҳу меҳанпараст тарошиданӣ мешаванд. Зеро “Бадбахтии мухолифони манфиатҳои миллии мо иборат аз он аст, ки онҳо “ҳақиқат”- и худро доранд. Дурусттар ифода гардад, “ҳақиқат”- е, ки тавассути “хайрия”, “грант”, пулу моли аҷнабиён дар майнаи онҳо ҷо кунонида шудааст” (С. Ятимов).
Дар қисмати ниҳоии мақола муаллиф вобаста ба таъсири адабиёт дар таъмини амнияти давлат зикр месозад, ки “Он бояд равиши ниҳоят мушкили давлатофаринӣ ва миллатсозии замони навинро давра ба давра таҷассум карда тавонад. Образҳои қаҳрамонон – хирадмандӣ, корнамоӣ, ҷавонмардӣ, хислатҳои олии инсонпарварона, миллатдӯстӣ ва ватанпарастии онон дараҷаи ғоявию эстетикии асарҳои бадеиро ташкил кунад. Ҳамзамон, барои ҳаматарафа нишон додани қаҳрамонони мусбат, тарафҳои манфӣ – сабаб ва натиҷаҳои аъмоли ашхосеро, ки роҳи созандаи ҳаёти имрӯзаро сарфи назар мекунанд, муваффақиятҳои бузурги давлати миллии моро дар кӯтоҳтарин давраи таърихӣ нодида мегиранд, ба ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм рӯ овардаанд, ба номи давлат ва миллат иснод меоранд, ошкор созанд.”  Дарвоқеъ, вақти он расидааст, ки адабиёт дар шаклгирии афкори ҷомеа саҳм гирифта,  ба он таъсир расонда тавонад. Яъне, адабиёт дастовардҳои сирф миллии тоҷиконро тавре инъикос намояд, то бадхоҳони миллат амалан дарк намоянд, ки амнияти давлат пойдор, рушди босуботи он дар ҳаракат ва пешрафти босуръат қарор дорад
Хулоса, матлаби “Илм ва амният” воқеиятҳоро бо далелҳои раднашаванда, дарки моҳияти масъала, шинохти арзишҳои миллӣ ва ҳимоя аз Ватану миллат ба таври саҳеҳ ошкор кардааст. Яъне, ҳар фарде, ки барояш мафҳумҳои «Ватан», «Истиқлолият», «Ваҳдати миллӣ» муқаддас аст, дарк менамояд, ки рушди минбаъдаи бонизоми Тоҷикистон ба амнияти он вобастагии ногусастанӣ дорад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code