ТЕРРОРИЗМ. ТОҶИКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ОН МАВҚЕИ ОШТИНОПАЗИР ДОРАД

Таҳлили авзои нигаронкунандаи сиёсии ҷаҳон ва минтақа, ки дар оғози Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ қарор дошт, бесабаб нест. Зеро, оқибатҳои фоҷиабори инқилобҳои ранга дар як қатор кишварҳои арабӣ, ба дигар давлатҳо бетаъсир набуда, теъдоди зиёди ҷавонони ноогоҳ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистонро низ ба доми худ кашид.

Хушбахтона, ҳанӯз соли 2010 бо иқдоми саривақтии Пешвои миллат  садҳо донишҷӯи муассисаҳои ғайрирасмии динии хориҷӣ ба Ватан баргардонда шуданд, ки дар акси ҳол имкон дошт, қурбони ҳаводис шаванд. Он замон шахсони алоҳида ва гурӯҳҳое буданд, ки алайҳи ин тасмими судовар сару садо баланд намуданд. Вале, бо гузашти панҷ сол бори дигар бузургиву дурандешии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон исбот гардид ва бозгардондани ҷавонон пеши роҳи бисёр паёмадҳои нохушро гирифт.
Феълан, бо нисбатан муътадил гардидани авзои сиёсӣ дар кишварҳои Сурия ва Ироқ, хатари дар Афғонистон маскан гирифтани қувваҳои иртиҷоии террористӣ ва ноором намудани минтақа зиёд гардида истодааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин ҳолат, ин навбат низ Пешвои миллат аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварданд, ки барои истиқрори сулҳ, ба эътидол овардани вазъи сиёсии Афғонистон ва рушди иқтисоди ин кишвар иқдом намоянд. «Хатарҳои замони муосир, вазъият дар Ховари Миёна, бахусус вазъи Афғонистони ҳамсоя моро водор месозанд, ки ба масъалаи таъмини амният диққати аввалиндараҷа диҳем. Бахусус дар қаламрави Афғонистон пайдо шудани террористони ба ном «Давлати исломӣ», ки баъзе шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ ба он шомиланд, вазъро боз ҳам ноором намуда, боиси ташвиши давлатҳои ҳамсоя гардидааст», – омадааст дар идомаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба шарҳу тавзеҳ ниёз надорад.
Шахсан дар суҳбатҳо чандин маротиба шоҳиди он гардидаам, ки шаҳрвандони кишвари ҳамсоя – Афғонистон аз ин пуштибониҳои Пешвои муаззами мо дар сатҳи байналмилалӣ ва бетараф набуданашон ба тақдири миллати азиятдидаи афғон, изҳори сипосу миннатдорӣ менамуданд. Чанд сол пеш, ҳангоми адои маносики ҳаҷ, форсизабонони муқими Арабистони Саудӣ аз ман хоҳиш намуданд, ки акси Эмомалӣ Раҳмонро бо Парчами Тоҷикистон ба онҳо ҳадия намоям, то дар хонаҳояшон бо ибрози ихлосу муҳаббат нигаҳдорӣ намоянд. Бо ифтихор мегуфтанд, ки Эмомалӣ Раҳмон, на танҳо Пешвои давлати Тоҷикистон, балки Пешвои тоҷикони тамоми ҷаҳон, аз ҷумла Пешвои азизи  мо низ ҳаст. Ин гуфтаҳо далели онанд, ки маҳбубияти Сарвари муаззами мо аз марзи Тоҷикистон берун рафта, дар қалби миллионҳо нафари хориҷӣ маскан гирифтааст.
Ин ва дигар тадбирҳо метавонанд, кишвари моро аз хатарҳои аёну ноаёни ҷаҳони муосир эмин нигоҳ дошта, бори дигар мавқеи оштинопазири Тоҷикистон бо терроризму экстремизмро муаррифӣ созанд. Барои амалӣ намудани ниятҳои нек ва дурандешонаи Пешвои миллат ҳар яки моро зарур аст, ки зери ливои иттиҳоду ягонагӣ, барои анҷоми амалҳои шоиста даст ба кор шавем, фарзандонро дар ҳамин рӯҳия тарбия намуда, нагузорем, ки фирефтаи гурӯҳҳои ифротӣ шуда, ҳаёти худ ва атрофиёнро мувоҷеҳи хатар гардонанд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code