Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП 1140 «Ҷадвали баргузории фестивал, ид ва Ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2021» баҳри дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуни «Дастархонороӣ» ва дар бораи гузаронидани озмуни вилоятии «Кадбонуи беҳтарин» бахшида ба ҷашни Наврўзи байналмилалӣ ва эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», амри раиси ноҳия аз 27.01.2020 Дар бораи таъсис додани комиссияи ноҳиявии озмуни «Дастархонороӣ» ва низомномаи озмуни дастархонороӣ ба табъ расид ва инчунин низомнома дар бораи гузаронидани озмуни вилоятии «Кадбонуи беҳтарин» ҳайати тадорукотӣ таъсис дода шуд.
Бо мақсади тарғиби маҳорати меҳмондорӣ, дастархондорӣ дар маркази фароғатии Хуррамшаҳри ноҳия озмуни «Дастархонороӣ» ва «Кадбонуи беҳтарин ташкил карда шуд.
Толори маркази фароғатии Хуррамшаҳр он субҳ серодам буду ҳунармандону таббохони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳои ноҳия хўришу хўрокҳои миллӣ, нону гирдача, чаппотию таҳмол, умуман садҳо навъи дастпухти хешро пешкаши ҳакамону ҳозирин намуданд. Дар баробари пешниҳоди хўрокҳои миллӣ ба ороишу одоби меҳмондорӣ диққати ҳамаҷониба доданд. Муҳим аз ҳама баргузор гардидани чунин чорабиниҳо имкон фароҳам овард, ки хўрокҳои миллӣ аз нав эҳё гардад. Кадбонуҳои ҳунарманд дар озмуни мазкур таомҳои миллӣ, аз қабили нишоста, ривоҷ, рубич, ширкаду, ширбиринҷ, ширруған, тарҳалво, қурутоб, чан- голӣ, оши бурида, оши палов, далда ва ғайраро пешкаши ҳакамон гардониданд.
Занону бонувони тоҷик бо ҳунари волои хеш, бахусус пухтупази хўроку маҳсулоти нонӣ аз қадим ном баровардаанд.
Ғолибони озмун аз рўи ҳардуи наминатсия аз ҷониби комиссияҳои озмуни «Дастархонороӣ» ҷои якум – шуъбаи маориф, ҷои дуюм – Тоҷикматлубот ва ҷамоати Оқсу, ҷои сеюм – коллеҷи тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии Данғара, аз рўи озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ҷои якум – коллеҷи политехникӣ, ҷои дуюм – осорхона ва беморхонаи марказӣ, ҷои сеюм – ҷамоати Себистон ва Кўмаки аввалияи тибии санитарии ноҳия дониста шуданд.