Иғвогарию моҷароҷӯӣ ва дигар амалҳои палидона барои террористони наҳзатӣ як кори маъмулӣ ба ҳисоб меравад. Онҳо барои расидан ба мақсадҳои ғаразнокашон ҳамеша аз усулҳои ноҷавонмардона истифода мекунанд. Аз ин рӯ, дар дилхоҳ ҳолату маврид аз тарафи инҳо сар задани макру ҳиллаҳои ғайриинсонӣ эҳтимол дорад.

Масалан, аз ҷониби роҳбарияти ташкилоти террористии наҳзатӣ барангехтани иғво ва ба миён овардани муноқиша бо аъзои ҳайати Тоҷикистон дар рафти конфронси САҲА дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон сентябри соли гузашта ҳаргиз ғайричашмдошт ва ногаҳонӣ набуд. Балки он як амали қаблан тарҳрезишуда ва мақсаднок буд. Мо дар давоми солҳои зиёд ба тарзи фаъолияту муборизаи ноҷавонмардона ва ҳиллаю найрангҳои наҳзатиҳо одат кардаем. Ин тудаи табоҳкор ҳамеша дар ҳолати зӯромад моҷароҷӯӣ мекунанд ва усулҳои пасту разилонаро ба кор мебаранд.
Дар сентябри соли 2018 ҳам мисли сентябри соли 2015 (он замон кӯшиши табаддулоти низомӣ анҷом дода буданд) дар зери табассумҳо ва муомилаи хуши наҳзатиҳо, ки дар рафти конфронси САҲА зоҳир мекарданд, нияти баду амалҳои хашинашон пинҳон гардида буд. Роҳбарону фаъолони ташкилоти террористии наҳзатӣ тавтеа ва иғвогариҳои худро пешакӣ ба нақша гирифта тарҳрезӣ карда буданд. Онҳо танҳо фурсати мувофиқ меҷустанд. Ин гуна фурсати муносиб дар рафти конфронси САҲА ҳангоми ҳозир гардидани яке аз таъсисдиҳандагони ташкилоти наҳзатӣ Айёмиддин Сатторов дар он ҷо буд.
Дар ҳақиқат ҳузури Айёмиддин Сатторов дар конфронси САҲА роҳбарияти наҳзатиро сахт тарсонда буд. Чунки вай шоҳиди бевоситаи тамоми фаъолиятҳои тахрибкоронаи ин ташкилоти палидон буда, ҷиноятҳо ва мақсадҳои аслии онҳоро ошкор мекунад. Дар муқобили Сатторов наҳзатиҳои табоҳкор дигар чизе гуфта натавонистанд. Дуруғу макри наҳзатӣ дар муқобили воқеияту ҳақиқате ки Айёмиддин Сатторов ва Муло Абдураҳим баён карданд, фош гардида, расвоию шармандагии онҳоро ба ҳама, аз ҷумла ба намояндагони созмонҳои байналмилалӣ пурра маълум кард.
Тавре ки маълум гардид, сабаби аслии иғво барангехтану моҷаро ташкил кардани наҳзатиҳо иштироки ҳамин ду нафар роҳбарони собиқашон дар конфронси САҲА дар Варша буд. Амали мазкури наҳзатиҳои ҷинояткор аз беилоҷию нотавонӣ ва заиф мондан дар муқобили ҳақиқат буд. Роҳбарону масъулони наҳзатӣ медонистанд, ки баъди пурра фош шудани мақсаду ҷиноятҳояшон, дигар онҳо дар Аврупо ҳам на ҳамчун неруи сиёсии мухолиф ва гуреза, балки ба сифати як ташкилоти террористӣ шинохта шуда тадриҷан ҳолашон табоҳ гардид.
Пас аз анҷом ёфтани конфронси мазкур ва ба аврупоиҳо шинохта шудани чеҳраи аслии террористони наҳзатӣ, эҳтимоли аз он кишварҳо хориҷ кардан ва ё дастгир шудани фаъолони ин ташкилот зиёд гардидааст. Онҳо дар ояндаи наздик маҷбуранд, ки дар назди қонун ва мардуми кишвар барои ҷиноятҳояшон ҷавоб гӯянд.
Ба ҷойи Мурод Саидзода агар ҳар як ҷавонмарди дигари тоҷикистонӣ ҳам мебуд, бояд чунин мекард. Яъне як мушти обдор ба даҳони бефаровези наҳзатиҳои террорист мезад. Бешубҳа ин мушти Мурод Саидзода дар таърих мемонад, зеро ҷавобест ба пастию палидиҳои ҷинояткорони террорист ва душмани мардум.

Диловари Хуршед,
таҳлилгар

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code