Бо меҳнат аз роҳи ҳалол ҷӯёи ризқ шудан иродаи мардӣ ва шарафи инсонӣ мехоҳад. Воқеан на ҳама метавонад, ки бо пулу моли ҳалол рӯзгорашро таъмин ва оилаашро хӯронаду пӯшонад. Зиёд ба чашм мерасад, ки инсонҳо маҳз барои пайдо намудани маблағ ва таъмини оилаи худ даст ба дӯздию ғоратгарӣ, қаллобию одамфиребӣ, қатлу куштор ва даҳҳо ҷинояти дигар мезананд.

Танҳо ва танҳо барои бурдае ноне беномусу бевиҷдону сифла мегарданд. Бегона ба мо санг занад, боке нест, чун медонем санги ҳариф аз ҳасад аст. Душман синаи мо шикофад, беобрӯӣ маҳсуб намешавад, чун нанги мардӣ ва шарафи инсониро коста намекунад.
Имрӯз чанд тан бо ном тоҷик берун аз кишвар даст пеши бар мекӯбанду аз ватану обод кардан, ҳифзи арзишҳо ва гиромидошти он сухан мегӯянд. Ба назар чунон вонамуд мекунанд, ки гӯё ҷисмашон берун аз ватану ҷонашон дар ватан аст. Лаб ки вокунанд, аз ватан мегӯянду аз муқаддас будани он.
Ба минбар ки баромаданд, нидои ватандорӣ мезананд. Худро ба гунае нишон медиҳанд, ки агар ҳазор ҷон ҳам дошта бошанд, баҳри Ватан нисор мекунанду ҳазор бори дигар баҳри ҳифзи он зинда шудан мехоҳанд. Аммо бехабар аз он ки дигар мардумро гӯл дода наметавонанд. Ё шояд ҳам инро дуруст дарк намудаанд, ки нақшофарӣ дар нақши ватандӯст аз ҷониби хоин чи гуна пазируфта мешавад. Аммо то фукашон дар равған расидану гулӯ тар кардан маҷбуранд, ки нақшро давом диҳанд. Ба шакли дигар хоинон ба масал чун хоҷаву саг ҳастанд. Ҳар ҷо ки хоҷа нон афканд ҳамон ҷониб медаванд.
Пас сари ин масъала мебояд ба таври ҷиддӣ мулоҳиза кард. Роҳбарон ва аъзоёни ҳизби ифротӣ солҳо дар дохили ватан буданд. Ҷою мақом ва вазифаҳоро соҳиб буданд. Аз ҳисоби хоҷагони худ пули бешумор ва бештар аз ҳар касе доштанд. Аммо барои ободию пешрафти ватан чӣ кореро ба сомон расониданд?
Бадтар аз ин онҳо имрӯз аз дур ҷор мезананду даъвои ватанхоҳӣ ва ободии онро мекунанд. Ба таъбире аз ҷуйбор нагузаштаанду иддао доранд, ки аз уқёнус гузаштаанд. Баргузории ҷашнҳои пуршукўҳи қаблӣ ва қабули қонунҳо, ки бо ҳамфикрии ҷомеа ба тасвиб расидаанд, аз шаффофияти комил дар ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ будани Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд. Дар ин раванд ин суханпардозии шумо ғавғои бетаъсири сагонро аз пушти гадо ба ёд меорад.
Аъзоёни ҳизби ифротӣ аз шумули ҳамон афроде буданд, ки чанде пушти парда худро ватандӯст вонамуд карда, ватан, хоки муқаддаси онро саҳнаи театр дониста, мардумро фиреб доданд. Ё дар ҳар даврае хоҷаашон луқмаи ноне гузошт, сагвор ҷониби он давон шуданд. Ҳамакнун ин зишткориҳо, ки ҳамагӣ дар сояи хиёнат ба ватан сурат мегиранд, берун аз ватан идома доранд. Ин ватанбезорҳо ва зормондаҳои як бурда нон барои ҳарчи бештар ба даст овардани нон, ташкилоти калони террористию экстремистии худро ба шохаҳо тақсим намуданд, ки аъзоёну тарафдорони он амале ба ҷуз хиёнат ва доғдор кардани номи ватани азизамон надоранд.
Бузургони мо асрҳо пеш моро ҳушдор дода буданд, ки дар ҳама давру замон бадхоҳону кинаварон буданду ҳастанд. Онҳо муваффақияти дигаронро чашми дидан надоранд ва пайваста мехоҳанд зиндагии осудаи мардумро аз нав ноором созанд. Ҷое хонда будам, ки инсон барои он зиндагӣ намекунад, хурад, балки мехӯрад, ки зиндагӣ намояд. Имрӯз фаъолияти онҳо нишон медиҳад, ки ин гурӯҳи ифротӣ зиндагӣ менамояд, ки танҳо хурад.
Асад Аҳлиддинов

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code