Чанде пеш бо имоми шахр хамсухбат шуда будам. ва барояшон оиди хичабу аврат савол додам:Дар дини Ислом оиди хичоби хозира ва аврит чи гуфта шудааст?

Дар чавоб он кас гуфтанд, ки дини мубини Ислом намегузорад, ки зани мусалмон, дар назди дигар бо гардану китфони кушода гардад. ва хозира хичобу авратхое ки духтарону занон гирифтаанд ин хоси Ислом нест. Вакти арабхо ба осиёи миёна хучум кардадн(он давра точикон ба дини зардушти эътикод мекарданд) диданд ки занони зардушт параст пеш аз ба худои худ сачда карданд, ва назди оташ мераванд, дахонашонро бо матоъ мебастанд. ва онхо фикр мекарданд, ки нафаси зан дар назди оташ ва сачдагох харом аст. аз ин ру онхо пеш аз сачда ба дахонашонро мебастанд. Ин усул ба арабхо писанд меояд ва онхо карор бароварданд, ки зани мусалмон низ бо руи руст гардад. вале дар дини Ислом оиди хичоб чизе гуфта нашудааст. танхо гуфтаанд, ки занхо бояд муйи сар, гардан, китф, даст то панча ва пои худро аз мардони бегона руст кунанд. ин маънои онро надорад ки занхо бояд бо аврат гардан.

пас чаро бисери мардони хозира мачбур мекунанд, ки занхои онхо бо аврат гарданд? Агар ки ин хоси дини Ислом набошад, чаро ба давлатхои дигар эътикод мекунанд?

Гайр аз ин он касе ки аврат мегирад, хама не! аксари занону духтарони хозира барои худро сафедкуни аврат мегиранд, ки аз дидани чунин шанхсон дилам аз аврат хунук гаштааст. Бисеранд фохишахое, ки бо аврат сари рох меистанд, ва бар саволе ки барои чи бо корхои ношоям даст мезанед ва хам аврат мегиред? мегуянд: нархи авратдоро баланд аст.

ман худам шохиди чунин манзара бдам: мо дар лаби бахр чойхонае доштем. ва рузе духтарони авратдори зиеде омаданд ва барои худ 1 катро гирифтанд. ббаъди чанде хостанд, ки назди бахр раванд ва пурсиданд, ки либосхояяшонро дар кучо иваз намоянд. ман хоначаеро нишон додам ки ончо занхо либоси худро иваз мекарданд(раздевалкаи пулаки). баъде ки либосхояшонро иваз карда баромаданд, дидам ки занону духтароне ки чанде пеш аврат доштан, акнун бо либоси бахри (купальник) баромада рохи бахрро пеш гирифтаанд.

пас аз ин «дахшат» чигуна аврат гирифт. ман худам бе аврат гашта бошам хам, лекин медонам ки чи барои мусальмон мумкин лозим ва чи харом? аз гирифтани аврат ва бо чунин ахвол гаштан чи фоида? ва боз хамон духтарону занон гуфтанд, ки гармии аврат аз гармии чаханнам чанд карат паст.

Гайр аз ин хозира мардоне, ки худро «намозхон» мехисобанд, худро «мулло» мехисобанд, чаро бо духтароне, ки аврат надорад бо чашми бад менигаранд? Чанде пеш дар автомобили чамъияти, баччаи «диндор» нахост, ки зане ба маршрутка нишинад, зеро аврат надошт. барои чи? барои он ки дигар чои нишаст набуд, ва гуфт ки, агар он зан дарояд, рост меистад ва бо бадани харомаш маро рохгумзада мекунад.

мебахшетон, агар ба касе ин гапхо сахт рассад, вале агар мард боши бояд ба духтарону занон чои худро дихи. мард боши агар барои чи ба бадани зани бегона нигох мекуни?

ва инчунин у гуфт ки хама духтарону занхое, ки аврат надоранд, хароманд!

маънои харом дар дини ислом ин чизи ифлостарине ки шахсро ба роххои бад равона мекунад, мисоли нушокихои спирти. ва хамчунин шахсоне, ки модарашон онхоро хангоми дар акди никох набудан таваллуд мекунанд онхоро низ харом меноманд, зеро он зан бо марде бе акди никох ишкварзи намудааства ин кор аз руи нигохи дини мо яке аз гуннохои кабира хисобида мешавад. пас чаро марде ки худро намозхону диндор хисоб мекнад, чунин суханони кабех мегуянд? оё ин аз руи шариат аст?

баъди чанде он маршруткаро духтараки дигаре боздошт ва хост ки бишинад, вале он бачча нагузошт ва хангоми кушода шавии дар духтаракро чунон зада тела дод, ки духтарак афтид ва баъди чанде ман шунидам ки вай ба назар духтар менамояду дар асос вай умедвор будааст ва пас аз он кори баччаи «диндор» фарзандаш мурдааст.

P.S агар ин суханхо ба касе сахт расида бошад бахшиш, вале диндорон, намозхонхо, хама не аксари шумо, худро диндору мусалман фикр мекунетон, вале барои чи худро чунин нишон медихед, ки гуе дигарон аз шумо занхояшон кутох аст?

Муслимаи Анвар

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code