Нурмуҳаммад Ризоӣ, аз насли дуюми ифротиҳоест, ки аз падар мероси ғайбатгӯӣ, миллатситезӣ ва ошӯбгариро омӯхтааст. Пайдост, ки дар тору пуди ин набераи шайтон хуни сиёҳкунӣ чунон реша давондааст, ки овози худро «садо»-и мардум мепиндорад.

Ин кобусҳои каҷманиш, қаҳрамонҳои «Палатаи кунҷакӣ»-и устод Фазлиддин Муҳаммадиевро, ки худро «қаҳрамонони даврон» мепиндоранд, ба ёд меоранд. Барои асоснок кардани мақоми беарзиши худ дар назди хоҷагони наву кӯҳна, минбари махуфро ҳам эҷод кардаанд, ки то ин дӯкондорони дину диёнат ва савдогарони дунёву охират, фурсати ҳарзагӯии вофири зиддимиллиро дошта бошанд.
Агар ба асли матлаб баргардем, падару писар, ки аз бекорӣ кадукорӣ яке масъули бахши «фарҳанг»и ҳизби мамнуъи террорист ва дигаре сухангӯйи гурӯҳаки маҷҳули 24:8=3 мебошанд, на танҳо дар сатҳи фикрронӣ, балки идораи ин дугонаи террористманишро ба инҳисори мутлақи авлодӣ гирифтаанд. Чаро ин ду нафар рост наомадаанд ва як наҳзатисту дуюмӣ аъзои фаъоли гурӯҳбозҳо? Ин падидаи нодири сиёсӣ чӣ рамз дорад? То куҷо метавон ба мавқеъгирии падару писар, ки такдири миллатро ба бозӣ гирифтаанд, бовар кард? Саволҳо зиёданд. Инак, посухҳои онҳо:

1. Равоншиносии муосир ин падидаро камчинии рӯҳӣ ва ҷисмӣ медонанд. Ҳар ду аз камсаводӣ ранҷ мебаранд, вале даъвоҳои ба вазифаи раҳбарӣ такя заданд, онҳоро ором намегузорад.
2. Мутлақандешӣ хоси ин авлод аст. Бо як ҳамла мехоҳанд, ҳам соҳиби он ҳизби ифротӣ бошад, ҳам соҳибмулки гурӯҳи ҷунунӣ.
3. Аъзоёни собиқаашонро чунон фиреб карданд, ки яке дар зиндон аст ва дигаре овора. Вале падару писар ба як фиребкории хоса ва фарқкунанда, ба Аврупо фирор карданд. Резахӯри ташкилотҳои кӯмакрасон гаштанд, мақом гирифтанд, мақоми раҳбарӣ. Иғвоангез шуданд. Хоин шуданд. Нанг аз даст доданд.
4. Тафовути ҷаҳонбинӣ дар ин ду созмон ба андозаест, ки тасаввур кунӣ, ки яке аъзои «ал-Қойида» аст ва дигарӣ узви мафияи «Коза Ностра». Вале муҳим ин нест, асли мақсад наздик будан ба манбаъҳои сармоягузорӣ аст.
5. Ин оилача набзи ҷомеаро аз даст додаанд ва бо пуррӯӣ ҳамчун душмани ғоявии миллат, зуҳур кардаанд. Сиёсат умри дароз дорад, баҳсу мунозира ҷойгоҳи алоҳидаро дорост, вале ин коҳфурӯшии арзони падару писар нисбат ба арзишҳои муқаддаси миллат фаромӯш нахоҳад шуд. Зеро он террористони мафкуравианд, сарҳади танқидро шикаста ба рақиби ашадии ин хоку бум табдил ёфтаанд. Онҳо медонанд, ки барои умрбод имкони бозгашт ба Ватанро гум кардаанд, аз ин лиҳоз, асабианд, ба сарнавишти ноҷо ва пасти худ тан додаанд. Ғайбатхонаи арзишҳои миллиро барои хуморшиканӣ таъсис додаанд.
6. Ҳамчун як бомжи таҳхонаҳои ғарбӣ мемуранд, зеро роҳи онҳо ботил ва ояндаашон торик аст. Ин миллат ҳама чизро мебахшад ва дари тавба ба роҳгумкардаҳо боз аст. Вале ин падару писар ба таври огоҳ толиби шуурӣ мебошанд, аз ин лиҳоз, радди маърака кардани ин партовгоҳхои ақидатӣ, нуран ало нур аст. Хас каму ҷаҳон пок.
7. Хоинро як дафъа бахшидан хислати хирадмандист, 2 бор бахшидан аблаҳист.

Падруд падару писари ғофилу балвогар.

Комилов Ф., сокини ш.Бохтар

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code