Генерал Андрей Власов, командири дивизияи Волхови Қӯшунҳои шӯравӣ, ки зиёда аз 20 ҳазор афсару сарбозонро тобистони соли 1942 ба фашистҳои дар м.Мясной Бори вилояти Ленинград фурӯхт, нишонаи олии разолат ва хиёнати як афсари олирутба аст, ки
ҳар вақте ки сухан аз муҳорибаҳои қаҳрамонони шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳарф мезананд, аз аъмоли хиёнатгустари Власов, фармондеҳи Артиши ба ном озодибахши русро барои тарбияи насли наврас гӯшзад мекунанд. Ва ҳар дафъа рӯзи Ғалаба ҷашн гирифта мешавад, бори навбатӣ рӯҳи ифлоси Власов ва ёрони аз ӯ разилтараш тагу рӯ мешавад. Қаҳрамонӣ бо хиёнат гиреҳ мехӯрад. Ҳолати имрӯзаи давлатдори муосири тоҷик бозгӯӣ мекунад: НБО «Роғун» ва фаъолияти қаноти ҷангии ТЭТ ҲНИ.
Хиёнати наҳзатиҳо дар Аврупоро, ки мардумро боз ба митингу хархаша даъват мекунанд. ангезаи худхоҳӣ, такаббур, зиёдаравӣ, пастҳимматӣ, мансабталошӣ, мухолфатманишӣ, сарватҷамъкунӣ, муомилагарӣ, шикасти савганд ва беарзиш сохтани вафодорӣ метавон унвон кард. Агар ангезаи дигар собит шавад, ки ин качрафторҳо барои кӯҳнаарзишҳои ришпарварӣ даст ба қиём заданианд, онро аҳмақтарин роҳпаймоӣ аст, ки дар таърих сабт хоҳад шуд. Ин балворо метавон «Балвои риш» ном ниҳод.
Раҳбарияти ҳзиби террористиии наҳзат аз тоифае ҳастанд, ки аз афсурдагии равонӣ ва каҷравии саломатӣ ранҷ мебаранд ва такя ба як хислати норавои якравӣ ва гарданшахӣ ҳамавақт дучор мебошанд. Барои онҳо ҳама душмананд.
Ин сифатро агар тавзеҳ диҳем, ин тавр маънидод мешавад: ба соҳиби ин рафтори мухолифатманишона ҳама чиз камӣ мекунад ва интизори корҳои кучакро бузург сохтан ва муноқишаи одиро ба сарҳади ҷангу ҷанҷоли калон сохтан аст. Ин хислат хоси ашхоси қафомондаест, ки барои манфиати худ омода аст, ҷони мардуми дигарро фидо созад. Айнан, худбохтаи рақами 1 наҳзатиҳо ҳастанд, вақте тасмими шабохун задан ва митинг карданро мекунанд, дар назди онҳо на Ватан дигар ҷилва мекард, на шаҳрвандон ва на хонавода. Ҳатто разолати ин ашхос бемаҳдуд будааст, ҳад надоштааст ба хонаводааш ҳам раҳм намекунанд, ҳамаро мавриди туъмаи худхоҳӣ ва худпарастӣ мекунад.
Ал-ҳазар аз митингбозӣ!
Кодир Исломов, таҳлилгар