Дастгирии ТЭТ ХНИТ аз чониби кишвархои гарб
Бо гузашти наздик ба ду сол аз манъи фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон ва ҳиҷрати аксари масъулон, аъзои раёсат ва фаъолонаш, ин ҳизб то ҳол тақрибан аз худ дарак надодааст ва ҷуз табрикоти раиси он дар идҳову ҳамдардии Раёсати олияш ба кадом фоҷеъаҳо дар ҷаҳон, ҳеҷ садое аз он шунида намешавад.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо иддаои доштани 45 ҳазор аъзо дувумин ҳизби бузурги кишвар баъд аз Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ба шумор мерафт ва баъд аз имзои созишномаи сулҳ миёни ҳукумат ва Иттиҳодияи мухолифони пешин дар соли 1997, расман фаъолияташро дубора оғоз бахшида буд. Додгоҳ дар оғози ҷанги шаҳрвандии 1992-97, низ фаъолияти ин ҳизбро мамӯъ карда буд.

Зимнан, раҳбарияти ҲНИТ тамоми ин иттиҳомотро рад ва ин ҳамаро баҳонаи баста шудани ҳизб арзёбӣ мекунанд. Дар ҳоли ҳозир раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷ кишвар ба сар мебарад ва 13 аъзои Раёсати олии ҲНИТ бо иттиҳоми даст доштан дар таъсиси гурӯҳи мусаллаҳи генерал Назарзода дастгир гардидаанд.

Мо хуб медонем, ки дар шароити имруза дар Ватани азизи мо- Точикистони гайр аз хизбхои сиёси, инчунин гуруху харакатхои ифротгарое них хастанд, ки фаъолияташон тавассути баъзе аз ин хизбхо ба рох монда шуда, худ паси парда назорат мекунанд. Баъзе хизбхои сиёси бошанд, дар навбати худ фирефтаи ваъдахои пучу бемаънии ва маблаги муфти ин гуна ташкилоту харакатхои террористи гардида, дар бораи максаду мароми хизбиашон, манфиатхои милли, арзишхои халк, аз хама мухимаш тинчу амони ва хаёти ширини мардуми азияткашидаи диёр фаромуш месозанд. ХНИТ мисоли гуфтахои болост. Агар дар аввали фаъолияташ ин хизб диккати мардумро бо рафтору кирдорхои номатлубаш наонкадар чалб карда бошад, алхол рохбарияти он бо максади амали намудани максадхои нопокаш аллакай ба таври ошкоро фаъолияти зиддидавлати бурда истодааст.

Имруз мардуми Точикистон шукрона аз сохибистиқлолии Ватан намуда фаризахои дини мубини исломро дар зиёда аз чор хазор масчидхое, ки дарашон ба руи онхо боз аст ба чо меоранд. Аммо рохе, қи душманони миллат аз чумла ташқилоти экстремисти террориристии ХНИТ интихоб кардааст рохе мебошад, қи мардумро ба зулмат мебарад. Зеро, қи сиёсате, қи онхо таблиг мекунанд сиёсати зуроварист, ифротгароист, қи дини мубини ислом онро махкум мекунад.

Шукрона ба даргохи Худованд мекунам, ки маро аз ин рохи бад гардонид. Ман солхои 2008-2015 аъзои ХНИТ ва дар охир рохбари бахши ибтидоии он дар чамоати дехоти Равшан будам. Баъдтар дарк кардам, ки рохи нодурустро интихоб қардаам ва даст ба дуо бардоштам, қи бо имони қомил маро аз сафи ХНИТ озод гардонад. Ин дуои ман мустажоб шуд ва аз ин балои охирзамон озод шудам. Чунқи аз ин рохи интихоб кардам садхо маротиба пушаймонам ва аз қулли сокинон даъват ба амал меорам, қи ба ин рох нараванд, оқибаташ хонавайрони ва пушаймонист.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 26 соли охир, хусусан аз солҳои 90-уми асри гузашта то ин ҷониб, ба масъалаҳои мубориза бар зидди экстремизм таҷрибаи калон ба даст овардааст. Тавре медонем, аз нахустин давраҳои рушду такомули ҷомеа бар зидди ҷинояткорон муборизаи беамон мебарад. Зеро ҷиноят ва ҷинояткорон дар тасаввур ва афкори маъмулӣ ҳамчун амали манфӣ нақш бастааст. Экстремизм раванди ҷонибдории усулҳои ифротӣ, ки аз тарафи ҳизбҳо, созмонҳо, гурӯҳҳои сиёсӣ ва ҳатто аз тарафи базе давлатҳо созмон ва дастгирӣ меёбанд, дониста мешавад. Ифротгароӣ изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои даъвати нооромӣ, дигаргунии сохти конститутсионии давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва ба ин монанд амалҳоро дар бар мегирад. Махсусан, ифротгароии динӣ фаъолияти аз нигоҳи динӣ ниқобпўшониест, ки базурӣ дигаргун сохтани сохти давлатӣ ё ғасби зураворонаи ҳокимият, халалдор сохтани соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзи давлат ва ба ин мақсадҳо ба амал овардани душманию бадбинӣ мебошад.

Терроризми динӣ низ иҷрои амалҳое мебошад, ки бо мақсади ҷисман нобуд сохтани ҳарифи сиёсӣ, ба амал баровардани хавфу хатар барои одамони бегуноҳ ва ё бевосита нобуд сохтани онҳо, халалдор сохтани тартиботи ҷамъиятӣ, таъсиррасонӣ ба қабули қарордод аз ҷониби мақомоти ҳокимият ва бо мақсади ба амал овардани вазъияти тарсу ҳаррос ва тарсонидани аҳолӣ истифода мешаванд.
Терроризм ва экстремизм дар якҷоягӣ дар ҷомеаи имрӯза яке аз омилҳои хавфноки ҷинояткорӣ ба ҳисоб рафта, муборизаи пуршиддат бар зидди ин навъи хата, ба вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷа мубаддал гардидааст.

Ифротгароӣ дар шароити имрӯза бештар ба сиёсат дахл намуда, тазоҳуротро дар ниҳоди ҳамаи мазҳабҳо ба вуҷуд овардааст. Мақсади ниҳоии онҳо ба ҳар роҳу восита созмон додани давлати ягонаи бесарҳади мусулмонист.

Боз як рохи ТЭТ ХНИТ баста шуд, яъне 8-уми июни соли 2016 дар шаҳри Ереван ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) таҳти раёсати ҷониби Арманистон баргузор гардид. Дар ҷаласа ҷонибҳо рӯйхати ташкилотҳоеро, ки дар кишварҳои узви СААД террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудаанд, бо қарори дахлдор ба мувофиқа расониданд. Дар рӯйхати мазкур дар қатори дигар созмонҳои террористии байналмилалӣ, ба монанди «Ал-Қоида», «ДИИШ», «Ихвон-ул муслимин», «Ансоруллоҳ», инчунин Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон низ таҳти №65 ворид карда шуд. Тавре иштирокчиёни ҷаласа зикр намуданд, рӯйхати ташкилотҳое, ки террористӣ эътироф гардидаанд, ба мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узви СААД имкон медиҳад, то амалиётҳои ҳамоҳангшудаи худро баҳри муайян ва пешгирӣ кардани фаъолияти онҳо дар минтақаи таҳти масъулити СААД имконпазир гардонад. Мақсадҳои СААД таъмини сулҳу субот ва амнияти байналмилалию минтақавӣ, такмилдиҳӣ ва мукаммалгардонии ҷанбаҳои ҳарбии ҳамкорӣ, муқовимати шадид бо терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, аз ҷумла алайҳи ҳизб ва ҳаракатҳои террористӣ ва дигар таҳдидҳо ба шумор мераванд. Мо бояд дастҷамъона бар зидди ифротгароён мубориза барем.

Мо, тоҷикистониён барои пешгирии ин ҳама хатарҳои замони муосир иқдомҳое пешбинӣ шудааст, бо кўмаки мақомоти қудратӣ ва ҳифзи тартибот вазифаи худро иҷро мекунанд. Аҳли ҷомеа ҳам дар ин самт дар канор буда наметавонад. Падару модарон, муассисаҳои таълимӣ, уламои дин ва дигар ниҳодҳои давлатӣ барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб мусоидат карда метавонанд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code