ТЕРРОРИЗМ. ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ОН ЯКҶОЯ БОШЕМ

Дар партави суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар
Дигар пӯшида нест, ки вазъи зиндагии инсон дар сайёраи Замин рӯз ба рӯз мушкилтару мураккабтар мегардад. Инкишофи  равандҳои гуногуни иҷтимоии ҳаёти инсон шинохти ягонаи мафҳумҳои терроризму ифротгароӣ ва қабулу роҳандозии барномаи муштараки мубориза алайҳи ин вабои аср барои вусъати тоза бахшидан ба ҳамкориҳо ҷиҳати ҳалли ин мушкилот ва расидан ба ҷаҳони озод аз ин зуҳуроти хатарнок мусоидат менамояд ва инсониятро аз чандин фоҷиаи навбатии мудҳиш мераҳонад.
Пешвои муаззами миллат дар мулоқот бо  намояндагони  ҷомеаи  кишвар ба муносибати  фарорасии моҳи шарифи Рамазон  изҳор доштанд: «Яке аз омилҳои  торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад. Имрӯзҳо шабакаи интернет, мутаассифона, аз ҷониби гурӯҳҳои террористиву ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густурда истифода мешавад».
Мувофиқи таҳлилҳои мавҷуда ва мушоҳидаҳои ҳамарӯза як қатор сабаб ва омилҳо, ба монанди таъсири манфии сабтҳои электрониву видеоӣ, китобу маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти зӯроваридошта, ба кор ва таҳсил фаро гирифта нашудани ноболиғону ҷавонони аз 16 то 18 – сола ва дар маҷмӯъ иҷро нагардидани уҳдадориҳо аз ҷониби падару модарон ё шахсони онҳоро ивазкунанда ба афзоиши ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон, шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ замина гузоштаанд. Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дош-та, барои ин гуна зуҳурот давлат, миллат, дин ва дигар муқаддасот аҳамият  надоранд. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ зарур аст. Гарчанде ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон, дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст. Барои он ки шомилшавии  ҷавонон ба равияҳои ифротгароӣ аз байн бардошта шавад, бояд масъалаҳои таълим ва, хусусан, тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад.  Мо – омӯзгоронро лозим аст, ки дар дарсҳои тарбиявӣ бобати масъалаҳои мазкур бештар диққат диҳем. Ҳисси наф-рат ва бадбиниро нисбат ба терроризм, экстремизм, ҳизбу ҳаракатҳои тундрав  ва равияҳои номатлуби ҷомеа бедор намоем. Ташкил намудани конференсияҳои мавзӯӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ доир ба шомилшавии ҷавонон ва наврасон ба ин гуна гурӯҳҳо дар муассисаҳои таълимӣ зиёд карда шавад. Зеро заминаи аслии доман густурдани ин зуҳурот нодонӣ, ноогоҳӣ, сатҳи пас-ти маърифатнокии иддае аз ҷавонон аст, ки ба доми тазвири душманони миллат меафтанд. Аз ин рӯ, ҳар фарди худогоҳи ҷомеаи осудаи моро зарур аст, ки алайҳи ҳама гуна равандҳои харобкор муқовимат карда, дар пойдории сулҳу ваҳдати комил саҳмгузор бошанд. Зеро, танҳо мавқеи устувор дар баробари ҷараёнҳои номатлуб ба дастовардҳои назарраси иқтисодиву иҷтимоии мамлакат афзуда, фазои зиндагии моро аз таҳдиди хатарҳо эмин нигоҳ медорад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code