Терроризм ба унвони як падидаи муҷримона бо рушди афзоянда бахусус дар ду даҳаи ахир ҳамроҳ будааст, лекин бо вуҷуди тамоми саъйу талоши ҷомеаи байналмилалӣ дар шиносоӣ ва мубориза бо он то кунун муваффақияте дар ин замина ҳосил нашудааст ва ин ҷурм ба шакли шадидтару сангинтар, хатарноктар ва бо истифода аз шеваҳои муосир дар ҳоли анҷомёбӣ мебошад. Чунки имрӯза гуруҳҳои террористӣ бо истифода аз таҷҳизот ва технологияҳои муосири рӯз тавонистаанд, тақрибан дар ҳар куҷо, ки ирода кунанд иқдомоти худро созмондеҳӣ карда ва бо иҷро даровардаанд. Ҳол он ки бо вуҷуди муваффақияти террористҳо дар ҷиҳати татбиқи худ бо раванди ҷаҳонӣ шудан, талошҳои ҷомеаҳо барои муқобила бо амалҳои террористӣ, ҳамчунон якҷонибаю миллӣ мондааст. Ангеза ва паёмади ин ҳодисаҳоро аз як ҷониб дар набудани як тавофуқи дастаҷамъона дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар сари таъриф ва баёни ин ҷурм донист, ки намунаи ошкори он ихтилофоти густардаи кишварҳо дар ҳангоми навиштани асосномаи Девони байналмилалии муҷозот доир ба мавзӯи терроризм дар Рими Италия соли 1999 ишора кард. Аз тарафи дигар бетаваҷҷуҳӣ ё худ камтаваҷҷуҳӣ ба ин падидаи муҷримона дар ҳуқуқи дохилии кишварҳо донист, чаро ки андак метавон дар қонунҳои дохилии давлатҳо ин ҷурмро ба сурати як ҷузьи мустақили ҷазоию кайфарӣ ёфт. Албатта, давлатҳои тараққикарда, ҳамчун кишварҳои аврупои ғарбии узви Иттиҳодияи Аврупо ба хусус Англия ва Амрико ба сурати ҷиддӣ доир ба низоми қонунгузории зидди террористӣ талош кардаанд ва қонунҳои зиёде оиди терроризм ба тасвиб расондаанд. Низоми амалкунандаи кайфарии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба терроризм вуҷуд дошта амал менамояд. Ба назар мерасад, ки замони он фаро расидааст, ки мардуми тоҷик зарурати қонунгузории зидди терроризмро дарк кунад, ба хусус дар солҳои ахир, ки мавҷи терроризми байналмилалӣ дар саросари ҷаҳон рӯ ба афзойиш аст.
Дар ин таҳқиқ, ки дар ду фасли танзимшуда саъй бар он шудааст, ки дар фасли аввал дар заминаи таъриф ва таърихчаю мафҳуми терроризм баҳс мекунем ва дар фасли дуввум ба баҳси решаёбии масъалаи терроризм мепардозем, ки маҷмуан ба вуҷуд омадани падидаи терроризм чи решаҳое дорад…
Падидаи терроризм дар ҷаҳон дар ҳоли густариш аст. Ин падида хусусан аз оғози чоряки охири асри XX – уми мелодӣ ба шиддат дар ҳоли фарогиршавӣ аст. «Бар асоси омори Вазорати корҳои хориҷаи Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар фосилаи солҳои 1968 то 1982 тақрибан 8000 иқдоми террористӣ анҷом гардидааст. Миқдори солонаи вуқуъи иқдомоти террористӣ байни 600 то 580 дар ҳоли номуътадилӣ ва ҷаҳиш будааст, ки ҳудудан ба андозаи ду амалиёт дар ҳар рӯз сар мезанад. Ин иқдомҳо асосан дар Амрико ва дар давлатҳои Аврупои ғарбӣ ба вуқуъ омадааст». Омори дигаре ҳоки аз он аст, ки «аз замони ҳамла ба сафорати Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар Бейрут дар апрели соли 1983, ҳудудан 188 ҳамлаи террористии маҳз интиҳорию худкушии ҷудогона дар саросари ҷаҳон, дар Лубнон, Исроил, Шри-ланка, Ҳинд, Покистон, Афғонистон, Сурия, Ироқ, Яман, Туркия, Русия ва Амрико иттифоқ афтодааст…». Илова бар ин, хатари истифода аз силоҳҳои маргбори муосир мисли бомбаи атомӣ, силоҳҳои химиявию биологӣ ва … башарро ба ваҳшат андохтааст. Ин фарогиршавии терроризм бадон иллат аст, ки барои террористҳо, иқдомоти террористӣ натиҷаҳои матлуберо ба армуғон меоварад. Онҳо дар натиҷаи амалиётҳои террористӣ, имтиёзоти бузург аз ҷумла имтиёзҳои сарзаминиро аз тарафи муқобили худ, ки асосан давлатҳо ҳастанд, ба даст меоваранд. Неруҳои Амрико ва Фаронса дар натиҷаи фишори террористҳо дар соли 1983 Лубнонро тарк карданд.
Ҳукумати Шри-ланка дар асари фишори террористҳо маҷбур ба вогузории истиқлол ба таьмилиҳо ва ташкили як давлати мустақил тавассути онҳо гардид ва…
Мардумон, давлатҳо ва созмонҳои миллӣ ва байналмилалӣ, ҳатто тамаддунҳои имрӯзи дунё ҳар кадом ба навъе бо ин падида рӯ ба рӯ ҳастанд. Масъала ин аст, ки ин мардумон, давлатҳо ва дигар воҳидҳои сиёсӣ маҷбур ба таърифи ин падида ва мавзеъгирӣ дар қиболи он ҳастанд. Ба ин далел маҷбуранд, ки ин падида иттифоқ меафтад ва бар онҳо таҳмил мешавад. Дар ин миён он чи ки камтар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Талош дар ҷиҳати эҷоди як гуфтумон ва муколамаи умумии террористӣ зери унвони «Муколамаи терроризм» аст, ки дар он дар «навъи фаъолияти нишонашиносии ҷаҳон…», қудратҳои хушунатгар ва маъонии шӯришгар бо ҳам бархӯрд мекунанд». Ба ҳамин далел аст, ки падидаҳои сиёсии дигар мисли инқилобҳо, ҷангҳо, кудатоҳо ва … мавриди баҳсу таҳлили академикӣ қарор гирифта ва назарияпардозӣ шудаанд. Бо вуҷуди ихтилофи назарҳо дар мавриди ҳар кадом аз ин падидаҳо, баҳсҳои мушаххасе дар ҷиҳати шинохт ва баёни ин падидаҳо сурат гирифтааст. Бинобар ин мутахассисоне дар ин самтҳо кор карда ва шинохта шудаанд ва баҳс дар мавриди ин падидаҳо ба навъе дар урфи маҳфилҳои илмӣ ва умумӣ пазируфта шудааст. Дар ҳоле, ки дар мавриди падидаи терроризм ин иттифоқ наафтодааст. Шунида шудани мафҳуми «террор» ва «терроризм» барои ҳама ба тарзе бо тарс ва ваҳшат ҳамроҳ аст, ҳатто таҳлилгарони варзидаи маъруф, ки қобили шинохт ва таҳлили равшангарона доранд, низ мавриди таҳдиди террористӣ қарор мегиранд.
Танҳо дар фазои муколамаи терроризм аст, ки сарнавишти буҳронҳо қонунияти сиёсӣ, ҳуввияти миллӣ ва дониши илмӣ, ихтилоф бар сари масъалаҳои геопалитикӣ ва географияи сиёсии кишварҳо, ки баъзан дар ташкили терроризми давлатӣ ва байналмилалӣ (мисли ихтилофҳои марзӣ байни кишварҳои соҳили шарқии Ором) таъсири мустақим доштааст, нишон медиҳад. Иқдомоти террористӣ монанди одамрабоӣ, ҳавопайморабоӣ ва қатле, ки ҳамзамон хушунатомез, нафратангез, ва тааҷҷубангез аст. Ба танҳоӣ наметавонад сабаби боло гирифтани сатҳи буҳронии байналмилалӣ гардад. Дар муколамаи террористӣ набарди пинҳонтаре ба шакли шадидтар байни пешқаровулони қудратҳои бузурги баландпарвоз (абарқудратон) ва пасқаравулон (қудратҳои навзуҳури минтақавӣ), ва дигарон – барои бознависии марзҳои қонунӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ ҷараён дорад. Дар натиҷа мо эҳтиёҷ ба як амалкарди наве барои дарк ва таҳлили терроризм ниёз дорем. Аҳамияти фазояндаи ин масъала имрӯз дар он аст, ки дар ин аср падидаҳои мисли инқилобҳо (дар дохили марзҳои географӣ ва сиёсии миллӣ) ва ҷангҳо… тақрибан ба поён расидааст. Бинобар ин, асоси ба ҳаракат дароварандаи таҳаввулоти сиёсӣ – иҷтимоӣ чи дар сатҳи миллӣ ва чи дар сатҳи байналмилалӣ, хусусан аз замони пайдоиши силоҳҳои ҳастаӣ, ки давлатҳо аз сохти он ба далели ҳимоя ва бақои худ истифода мебаранд, эътирозоте ҳам аз ҷониби дӯстон ва душманон мушоҳида мешавад. Маҳз надоштани силоҳи ҳастаӣ давлатҳоро мубталои фоҷиаи сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ мегардонад. Ҳуҷуми давлатҳои эътилоф ба Ироқ ба баҳонаи доштани силоҳи ҳастаӣ далели ин муддаъо шуда метавонад, пас аз ба харобазор табдил ёфтани ин давлат ва нотавонсозии он, ҳамчунин пайдо нашудани силоҳи ҳастаӣ, ин кишвар дучори дигар фоҷиаи инсонӣ яъне ҳуҷуми террористон гардид. Фоҷиаи «баҳори арабӣ», низ намоёнгари равшани ин падидаи номатлуб дар ҷомеаи ҷаҳони муосир маҳсуб меёбад.
Кас вақте ба сиёсти даҳ давлати пуриқтидор ва аз ҷиҳати иқтисодию сиёсӣ, қавию нерӯманд дар муносибатҳои байналмилалӣ аз назари ақли солим баҳо доданӣ мешавад, мефаҳмад, ки ин даҳ давлатро сиёсати бузургманишӣ ба дараҷае хирадашонро тира намудааст, ки ҳуқуқи 205 давлати миллиро поймол менамоянду боз худро ҳомии сулҳу осоиштагии ҷаҳон муаррифӣ менамоянд. Ин давлатҳо худ моҷароэҷодкунандагони ҷомеаи башарӣ бошанд ҳам, боз онро ҳамчун натиҷаи талоши «ифротгароён» медонанд, ҳол он ки таъсисдиҳанда, маблағгузор ва роҳбарони ин гуруҳҳои ифротгаро худи ҳамин давлатҳоянд. Падидаи хонумонсузи терроризм дар ҳамаи сатҳҳои системи иҷтимоӣ (гуруҳҳои сиёсӣ), миллӣ ва байналмилалӣ ва дар сатҳи давлатҳо вуҷуд дорад. Ҷолиб инҷост, ки бар хилофи тасаввури маъмул, ин падида чи аз лиҳози шиддат ва чи аз лиҳози шумор (ҳодисаҳои воқеъшавандаи террористӣ) бештар дар кишварҳои демократӣ мисли Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва Аврупо иттифоқ меафтад, на дар давлатҳои ғайри демократӣ ва қудратталаб.
Метавон гуфт: Терроризм дорои чаҳор унсур аст:
1.Терроризми амалӣ аз сари таассуб ё интиқом нест, балки аз қабл тарроҳӣ ва барномарезӣ шудааст.
2. Амали сиёсӣ аст, на ҷиноӣ яъне мақсади он эҷоди тағйир дар назму тартиботи сиёсии мустақар аст, на касби дастовардҳои молӣ.
3.Террористон маҳалҳои низомӣ ва ғайри низомиро ҳадаф қарор медиҳанд.
4. Корҳои террористӣ асосан тавассути низомиён анҷом намешавад ва гуруҳҳои ғайри низомӣ иҷрокунандагони ин амалиётанд.
Таърифи равшан ва пазируфташудае аз «террор» ва «терроризм» вуҷуд надорад, агар чи дар бораи бархе аз воқеият ва моҳияти дурусти калимаҳо ва унсурҳои он то ҳадде иттифоқи назар вуҷуд дорад. Чунон чи террорро ба «кори хушунати ғайриқонунӣ барои аҳдофи нораво ва асосан сиёсӣ ба қасди эҷоди тарсу ваҳшатафкании умумӣ дар миёни мардум ва ба шеваҳои ғофилгирона ва худсарона» таъриф кунем, ҳам дар ҳуқуқи байналмилал ва ҳам фиқҳу ҳуқуқи исломӣ ғайриқонунию номашруъ аст. Аммо решаҳои бисёре аз ихтилоф, мавзеъгириҳои сиёсӣ аст, албатта мумкин аст решаҳои иқтисодӣ мисли фақр ва камбизоатӣ ва ё решаҳои равонию психологӣ мисли интиқомҷӯӣ ё барои муҳим шудан низ бошад?! Ба ҳар сурат хушунати қонунӣ, муҷозоти муҷримон ва ё мудофиаи қонунӣ дар ростои ҳаққи таъйини сарнавишт ва ё муқобила бо тавҳинкунандагон ба паёмбарон ва арзишҳои динӣ, берун аз мафҳуми террор аст. Падидаи терроризм дар ҷаҳон дар ҳоли густариш аст ва сиёсати ҷаҳонро зери таъсири худ гузоштааст. Ин вазъият, ба унвони падидаи ҷойгузин дар таҳаввулоти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва … амал мекунад ва зиндагии сиёсиро ба мушкилот дучор месозад.