ҲНИТ: АЗ ШИКАСТ ТО ХИЁНАТ

Мардуми Тоҷикистон, ки дар робита ба амалҳои террористии дастаи хуношоми Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муддате дар изтироб буданд, баробари анҷоми амалиёти ниҳодҳои қудратии кишвар алайҳи ин гурӯҳи ҷинояткор эҳсоси хушнудӣ намуданд.
Ин амалиёт ба сокинони кишвар бори дигар итминон бахшид, ки сохторҳои низомии Тоҷикистон дар ҳифзи сулҳу ваҳдат ва таъмини амният аз иқтидори кофӣ бархӯрдоранд. Мутаассифона, дар набард бо бадхоҳони давлату миллати тоҷик чанд тан аз хизматчиёни неруҳои низомии кишвар ҷон бохтанд, ки хотираи некашон дар ёдҳо хоҳанд монд.
Албатта, ҳоҷӣ Ҳалим ва ҳаммаслакони ӯ нобуд гардиданд ва ин подоши амали худи онҳост, ки хостанд бо хунрезию зӯроварӣ ба ҳадафҳои нопокашон бирасанд. Вале бояд ин масъала аз тарафи сохторҳои марбута ба таври ҷиддӣ мавриди санҷишу таҳлил қарор гирад, то тамоми онҳое, ки ин амали нангинро тарҳрезӣ намудаву дар он ширкат доштанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.
Маълум аст, ки ҳоҷӣ Ҳалим аз мавқеи ишғолнамудааш суиистифода карда, амалҳои террористии зидди халқу миллатро омода ва содир кардааст. Гумони ғолиб ин аст, ки чунин ҷиноятро ӯ танҳо бо супориши роҳбарияти ҲНИТ метавонист анҷом диҳад. Зеро соли 1997 маҳз роҳбарияти ҳамонвақтаи ин ҳизб ӯро аз Қазоқистон даъват карда, ба сафи неруҳои мусаллаҳи кишвар шомил намуд.
Ҳоҷӣ Ҳалим замони фаъолият дар ҳайати Вазорати мудофиаи Тоҷикистон зоҳиран худро ҳамчун як низомии содиқ ба Ватан нишон медод. Вале дар асл ботини ӯ тағйир наёфта, ҳамеша ақидаи ҲНИТ-ро оид ба барҳам додани сохти конститутсионӣ, низоми демократию дунявӣ ва расидан ба қудрат дастгирӣ мекардааст. Ӯ тамоми ин солҳо интизори фурсат буд, фурсате, ки аз ҷониби роҳбарияти ҲНИТ ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ ғасб кардани ҳокимият супориш гирад. Ҷойи шубҳа нест, ки субҳи 4 сентябр ҳоҷӣ Ҳалим маҳз чунин супоришро гирифта, даст ба хиёнату хунрезӣ задааст.
Солҳои охир фазои орому босуботи Тоҷикистон имкон дод, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар инкишоф ёбанд ва сатҳи зиндагии мардум беҳтар шавад. Мардуми тоҷик бо дарки амиқи дурустии сиёсати созандаю сулҳовари роҳбарияти олии кишвар дар атрофи он боз ҳам муттаҳидтар гардиданд. Аммо кори роҳбарону фаъолони ҲНИТ, ки ҳамеша худро ҳамчун ҳомии дину мазҳаб муаррифӣ карда, мехостанд мардумро ба гумроҳӣ баранду ҳадафҳои ғаразнокашонро амалӣ созанд, чандон омад накард.
Ва имрӯз чун диданд, ки шикасташон ногузир аст ва бояд аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон дур шаванд, ба ҷойи мардонавор иқрор гардидан ва даст кашидан аз идомаи фаъолияти ҳизб, даст ба зӯроварию силоҳ заданд. Онҳо, ки ҳанӯз соли 1992 дар доман задани ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон даст доштанд, ин дафъа ҳам ба хотири манфиати худ аз хунрезию қатли одамон худдорӣ карда натавонистанд. Тарҳрезию иҷрои ин ҷиноятро ба зиммаи ҳоҷӣ Ҳалим вогузор намуданд. Онҳо гумон карданд, ки дар кишвар оташи ҷангро афрӯхта, боз мардумро ба гумроҳӣ мебаранд ва ба ҳадафи худ мерасанд.
Хушбахтона, мардуми Тоҷикис-тон ин нақшаи аҳримании ҲНИТ ва ҷиноятҳои иҷрокунандаи он – ҳоҷӣ Ҳалимро фаҳмида, онро ҳамчун амали разилона ва хиёнат ба Ватану миллат қотеъона маҳкум намуданд.
Имрӯзҳо аҳолии Тоҷикистон ба хубӣ дарк кардааст, ки ин тоифа, ки вобастаи хадамоти махсус ва доираҳои мазҳабии баъзе давлатҳои хориҷӣ ҳастанд, ба хотири ҳимояи манфиатҳояшон қодиранд ба ҳар гуна амалҳои ҷинояткоронаю хоинона даст зананд.
Аз ин рӯ, зарур аст, неруҳои бегонапарасти иртиҷоӣ, ки мехоҳанд ҳадафҳои хоҷагони хориҷии худро амалӣ созанд, пурра аз байн бурда шуда, сохти конститутсионӣ, низоми демокративу дунявӣ, ҳаёти осоиштаю босаодат дар Тоҷикистон ҳифз карда шавад. Бо он ки алоқамандии роҳбарони ҲНИТ дар ошӯби ҳоҷӣ Ҳалим пурра ошкор шудааст, ин амр водор месозад, ки мардуми шарафманди тоҷик ин хиёнаткоронро ҳеҷ гоҳ мавриди бахшиш қарор нахоҳад дод.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code