ҶАРАЁНИ САЛАФИЯ ВА АМНИЯТИ ТОҶИКИСТОН
Имрўз ҷараёни «салафия» ба амнияти як қатор кишварҳо хатар эҷод карда истодааст. Вазифаи ҳар як фарди солимфикр ва ватандўст ин мубориза бо салафия, терроризм ва экстремизм буда, фароҳам овардани фазой боварй, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи қишрҳои ҷомеаро тақозо менамояд. Дар ҷаҳони муосир пайдо шудани ҳар гуна равияҳои ба мардумони олам бегона боиси халалдор кардани ҳаёти осоиштаву бонизоми кишварҳои дунявию ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Бояд тазаккур дод, ки ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо, ба таври ғайриқонунй дар Тоҷикистон низ мавҷуд хастанд, ки боиси нооромии вазъ шуда, махсусан ҷавононро ба доми худ мекашанд. Яке аз чунин ҷараёнҳои ғайриқонунй «салафия» мебошад, ки тахдид ба тамоми ҷаҳони муосир ва давлатҳои миллии дунявӣ дорад. Имрўз ҷараёни «салафия» ҳамчун вабои аср ба амнияти кишварҳои ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра тахдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Вазифаи ҳар як фарди солимфикр ва ватандўст ин мубориза бо салафия, терроризм ва экстремизм буда, фароҳам овардани фазой боварй, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорўи ин хатари умумй тақозо менамояд.
Аз таҳлилу баррасиҳои шабакаҳои телевизонии хориҷӣ, рўзномаву маҷаллаҳо ва саҳифаҳои интернетй маълум аст, ки қисми зиёде аз сомонаҳои ба ном динӣ, ки моҳияти иғвогарй, экстремистӣ ва хушунатангезӣ доранд, мағзи ҳазорон чавони мусулмонро, ки ғофил аз андешаи солими исломй мебошанд заҳролуд сохта, ононро дар рўҳияи пайравӣ аз террористон ва экстремистон тарбия намудаанд ва тарбия менамоянд. Ҳар рўз аз гўшаҳои гуногуни ҷаҳон ахбороти тахдукаангез оид ба содир шудани амалҳои экстремистиву террористй, аз тарафи гурўҳҳои ба ном салафия кушта шудани даҳҳову садҳо одамони бегуноҳ, хароб гардидани бинову иншоотҳо паҳн мегардад. Бо дарки хавфи воқеии ин зуҳуроти барои миллати тоҷик аслан бегона, давлат ва ҳукумати кишвар амалҳои зиёдеро пиёда намуда истодаанд.
Аз 30 марти соли 2006 ва 11 марти соли 2008 фаъолияти ташкилотхои террористй ва экстремистии «Ал- Қоида», «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқй», «Ҳизби исломии Туркистон», «Ҳаракати толибон», «Бародарони мусулмон», «Лашкар-ут-Тоиба», гурўҳи исломии «ҷамъият-ут-Таблиғ», Ташкилоти динии миссионерии «Созмони Таблиғот» дар ҳудуди ҷумҳурӣ манъ карда шуда, созмони ғайриқонунии «Ҳизб-ут-Таҳрир», ки фаъолияти он пештар манъ гардида буд, ба ҳайси ташкилоти экстремиста эътироф гардид.
Бояд қайд кард, ки моҳи сентябри соли 2015 Ҳизби наҳзати исломй низ ҳамчун ташкилоти террористй эълон шуд. Хамчунин, бо дарназардошти хусусияти чудоихоҳӣ доштани равняй динии «Салафия», дар асоси аризаи даъвогии Прокурори генералии Ҷумхурӣ, бо Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.01.2009 сол ин равия ғайриқонунй эътироф гардида, фаъолияти он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд. Пайравони равняй Салафия тақрибан дар миёнаҳои солҳои 2000-ум дар арсаи мазҳабии Тоҷикистон пайдо шуда, бо тарзи либоспўшӣ, аз ҷумла пўшидани шиму эзори қадаш аз буҷулаки по боло, баланд гуфтани “омин” дар миёнаи намоз ва даъвати мардум ба кандани санги мазорҳо фарқ мекарданд, ки ин ҳама амалҳои онҳо боиси тафриқаангезй миёни мусулмонон мегардид.
Мусаллам аст ки салафия дар ҳама гўшаву канори дунё меҳмони нохонда буда, ба амалиётҳои террориста гузашта ва хатари ҷиддӣ ба расму оин, фарҳанги мардумони таҳҷой, амният ва суботи давлатдории миллй эҷод карда мекунад. Пайравони гурўҳи мазкур, асосан дар урдугоҳ ва таълимотгоҳҳои мухталиф сабақ омўхтаанд, бисёр мутаассиб ва ҷоҳиланд.
Дар ҳолати пурқуват гардиданашон хатари ҷиддӣ дар ҷомеа ба миён хоҳанд овард. Инҳо барои сарнагун сохтани низоми демократй омодаанд, ки даст ба ҳама гуна ҷиноят бизананд. Салафиҳо омодаанд дар ҳамкорӣ бо дигар ташкилотҳои террористии дар зоҳир исломй барои мубориза бо куфр ва созмон додани Ҷумҳуриҳои исломӣ дар кишварҳои Осиёи Марказй ва Қафқоз бипайванданд ва ба ҳадафи асосии худ, ки ноором сохтани вазъи сиёсй ва эҷоди чангҳои мазҳабӣ комёб гарданд.
Ҳамчун манбаи хушунат ва қатлу куштор муааррифӣ намудани дини ислом аз ҷониби аъзоёни мутаассиб ва хурофотандешаи ҷараёни Салафия аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ояндаи наздик аксарияти ҷавононе, ки вориди ин ҷараёни тахрибкор, тундхӣ ва ситезаҷў гаштаанду мегарданд хатари азиме ба давлату миллати тоҷикон оварда, хиёнати бузургеро бе ягон дудилагӣ ба чо меоранд ва он ҳам бошад ваҳшонияту даҳшати асримиёнагӣ, адовату носипосй ва ғайра аст, ки инкори ақли солим ва дастёбй аз дастовардхои илму фан мебошад!
Шинохти арзишҳои фарҳанги исломй аз равзанаи эътиқодот ва ҷаҳонбини пуросеб ва заҳрогини ифротгароёни салафия ва ансоруллоҳ паёмадҳои бисёр ҷонсезу ногувор ва пурхатар барои миллат, кишвар ва махсусан, барои ҳанафимазҳабон ва рушди иқтисоди миллии диёрамон дорад!
Мусаллам аст, ки салафия бо амалҳои террористй ба расму оин, фарҳангу мероси ниёгон, амният ва суботи давлатдории миллй хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Пайравони гурўҳи мазкур асосан дар урдугоҳ ва таълимгоҳҳои мухталиф сабақ омўхтаанд, бисёр мутаассиб ва ҷоҳиланд. Инҳо барои сарнагун сохтани низоми демократй даст ба ҳама гуна ҷиноят мезананд. Салафиҳо омодаанд дар ҳамкорй бо дигар созмонҳои террористии дар зоҳир исломй барои мубориза бо куфр ва созмон додани ҷумҳуриҳои исломй дар кишварҳои Осиёи Марказй ва Қафқоз бипайванданд ва ба ҳадафи асосии худ – ноором сохтани вазъи сиёсй ва барангехтани низоъҳои мазҳабй комёб гарданд.
Шинохти арзишҳои фарҳанги исломӣ аз равзанаи эътиқодот ва ҷаҳонбинии заҳрогини ифротгароёни салафия пайомадҳои бисёр ногувор ва пурхатар барои миллат, кишвар ва махсусан, ҳанафимазҳабон дорад. Мо, махсусан ҷавонону наврасони тоҷик, набояд ба дасисаҳои ин ифротгароёни ситезаҷў ва пуштибонҳои мазҳабситезашон дода шавем. Барои мо хдфзи марзу буми кишвар, дастовардҳои Истиқлолияти давлатй, таҳкими сулҳу вахдати миллй ва муттаҳид гаштан дар атрофи Асосгузори сулҳу вахдати милли ва Пешвои миллат,Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалй Раҳмон аз ҳама чизи дигар мухдм аст. Маълум аст, ки салафия бо воизони бемазҳарашон ҷангҳои мазҳабиро байни сокинони Тоҷикистон рўи об оварда ба он тақвият бахшиданианд. Махсусан ҷавонону наврасони тоҷик набояд ба дассисаҳои ин ифротгароёни ситезахо ва пуштибонҳои мазҳабситезашон бовар намоем ва ба ин васила амният ва суботи миллиро аз даст диҳем, зеро ҳифзи истиқлолияти миллй вазифаи ҳар шаҳрванд асту танҳо истиклолияти миллй омили рушду нуму ва умеди фардои беҳтару боз ҳам шоистатарро дорад.