Хатари наҳзатҳои ҷараёнҳои такфирӣ

Оромии муҳит ва ҳавзаҳои таълимии динӣ дар ҷоме муҳтарин манбаъаи таъмини амният ва субот дар кишвар маҳсуб меёбад. Ин нуқтаи калидиро ташкилот ва дастгоҳҳои эксремистӣ барвақт дарк ва ҳис намудаанд, Дастгоҳҳои экстремистӣ барои осебпазир намудани муҳити динӣ ва ноором сохтани фазои иттилоотӣ ҷавонони камхабар аз омӯзаҳои исломӣ ва сабукпойӣро мағзшуйӣ намуда, ба манфиати гуруҳҳи худ истифода мебаранд.
Қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ ҳар яке дорои манфиат ва ҳадафҳои геопалитикии худ ҳастанд. Сарватҳои зери заминӣ, қувваи кории арзон ва маҳсулоти хоми Осиёи Миёна диқкати онҳоро ба худ ҷалб намудааст. Барои расидан ба ҳадафҳои стротегӣ ва геопалитикии худ онҳо аз тамоми роҳу усул истифода доранд. Дар ин заминаи бархурди кудратҳо ва ҳадафҳои бузург онҳо дин ва неруҳои исломиро барои расидан ба мақсади меҳварии хеш истифода мебаранд. Ҷараёнҳои такфирӣ ва бемазҳабӣ иғвоангез маҳз парвардаи ҳамин қудратҳои манфиъатхоҳ мебошанд.
Наҳзатҳои иғвоангез ва радикалии динӣ дар охири қарни 20 тақвият ёфта, ба хусус, дар Осиёи Миёна решадавонӣ намуданд. Аз ҷумлаи чунин ҳаракатҳои хушунатбор мисли “Ансоруллоҳ”, “Салафия”, “Чундуллоҳ-Артиши Худо”, “ҲИУ ва Толибон” мебошанд, ки характери қавмӣ ва миллатгаройиро касб намуда, меҳвари тафриқа ва низоъ гаштаанд.
Дар муҳити динӣ ва мазҳабии Осиёи Миёна, пеш аз ҳама, таълимоти хатарнок ва иғвоангези ҳаракати “Салафия” реша давонда, садҳо чавонони қирғӣзу узбек, қазоқу тоҷик, ӯйғуру озар ва гурҷию чечен, доғистонию тоторҳоро заҳролуд сохтаанд. Салафия ақида ва идеологияи зидди конститутсионӣ ва зидди давлатии худро дар зери пиринсипи “Қуръон ва суннат” ба таври ошкоро таблиғ ва ташвиқ доранд.
Мутаассифона то имрӯз аз ҳадаф ва мақсадҳои пурзалолати ҳаракатҳои иғвоангез ва тунравӣ такфирӣ мусалмонони кишвар огоҳ нестанд. Бинобар сабаби халогиҳои маънавӣ ва бемаърифатии динии аксарияи сокинони кишвар, ки худро мусалмон ва пойбасти мазҳабӣ ҳанафӣ мегиранд, лидер, мавлавӣ, воиз ва муфтиҳои фурухташудаи ташкилотҳои экстремистӣ худро дар қишрҳои гуногуни ҷомеа пешвои дин ва ғамхори муслимин муаррифӣ намуданд. Дар ҳоле ки ҷараёнҳои дорои моҳияти экстремистӣ дошта, дар пайи таъсиси “Хилофат” ва хонигариҳои Абӯчаҳлӣ мебошанд. Аз асри шуми ҳаракат, созмон ва ҳизбу ҷараёнҳои такфирӣ ва террористӣ хазорон шаҳрвандони кишвари Сурия ва Ироқ ба қатл расонида шуд, молу сарвати онҳо аз ҷониби зархаридони бемурувват ба яғмо бурда шуданд.
Ширкати аъзоёни такфирии “Салафия”-ҳои кишварҳои Осиёи Миёна дар ҷангҳои зидди давлатии Сурия ва Ироқ ва даст задани онҳо ба амалҳои террористии инфиҷорӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки ин равияи экстремистӣ дорои дастгоҳои пурқуввати таблиғи ва маблағгузорӣ аст. Ва мубалиғони он тавонистаанд, ки дар як муддати кӯтоҳи таърихи мавқеъи таълимоти таҳаммулпазирии Имоми Аъзам (р)- ро дар минтақа танг ва хунсо намуда, идеологияи иғвоангез ва зидди исломии худро ҳамчун таълимоти ислом дар миёни аҳоли ҷойгузин намоянд. Дар баробари наҳзатҳои такфирӣ бархе аз уламои саршинос ва марказҳои илмӣ ва таҳлилӣ мавқеъи худро дар мавриди ҷараёни салафия маълум нанамуданд, ки фаъол шудани ҷараёнҳои ифротӣ аз он гувоҳ аст, ки онҳо худро бетаразф гузошта, балки то имрӯз мавқеи исломӣ ва динии худро нисбат ба ДИИШ ва ҷараёнҳои таркибии он муайян накардаанд. Лидерҳои ҳаракати иртиҷойӣ ва ифротии “Салафия” наздиктарин афрод ба шахсиятҳои соҳибмансаби динӣ дар кишвар мебошанд, ки ин омил бисёр хатарнок буда, ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон дар муносибат ба дин сахт латма ворид намудааст. Чун ки мардум беҳтарин ташхискунандаи ҳақ аз ботил аст. Касе наметавонад ин нуқтаи муҳимро пинҳон намояд. Салафия ва таълимоти осепазири он хатари чиддӣ ба субот ва амниятӣ кишвар дорад. Набояд ин нуқтаро пинҳон кард. Ҷавононе, ки дорои тафаккур ва ақидаи “Салфия” гаштаанд. Имрузҳо шомили созмонҳои террористии “Ан-НУСРА”, Ал-ҚОИДА, Толибон ва ДИИШ гаштаанд. Шаҳодати худи ин ҷавонони такфирии бемазхабӣ “Салафия” дар шабакаҳои ичтимойии интернет гувоҳи гуфтаҳои боло аст. Дастгир шудани чавонони такфирӣ ва размандагони ифротӣ “Салафия” ва дигар созмонҳои ҷудойхоҳ дар қаламрави Сурия ва Ироқ аз Тоҷикистон аз ҷониби мақомотҳои амниятӣ ва қудратии ин кишварҳо моро ҳушдор медиҳад, ки нисбати ҳаракати “Салафия” ва ҳампаймонҳои он чораҳои дурусти ақлӣ ва ҳуқукӣ биандешем. Дар ҳолат ошкор ва решакан насохтани ақидаи ботил ва экстремистии ин ҳаракати иртичойӣ ҷавонони беандеша ва камбизоат ба доми тазвир ва тавтиъаҳои дуруғини салафия афтида, дар ояндаи наздик вазъро ноором ва муташшаниҷ хоҳанд сохт.
Лозим аст, Шурои Уламо ва Маркази исломӣ, ки ягона ниҳоди мазҳабӣ аст, мавкеъи худро нисбат ба ҷараёнҳои такфирӣ ва иттиҳодияҳои реаксионӣ муайян намояд ва расман ақида ва идеологияи Салафия ва шарикони мутассиби тахрибкори онро махкум ва наҳй намоянд.
Бо ҳузури уламои шинохтаи расмии кишвар фатвоеро дар муқобили таълимоти номашруъи созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ ба таври мушшахас содир намояд, то ин ки ҷавонони мусалмон вориди харакати эксремистии “Салафия”, “Ҷундуллоҳ” ва “Аннусра” нашаванд. Таълимот ва идеологияи чараёнҳои террористии “Ан-НУСРА” аз ақида ва андешаи ҷараёни “Салафия” иборат сарчашма гирифтааст.
Чаро имрўз баъзе ҷавонон барои ҳифзи идеолияи давлат ва таълимоти мазхабӣ ҳанафӣ аҳаммият намедиҳанд, балки аз доираи таълимоти таҳаммулпазирии мазҳабӣ ҳанафӣ хориҷ гашта, барои идеолигия ва ғояҳои такфирии созмонҳои экстремстӣ аз баҳри Ватан, забон, арзишҳои фарҳанги миллӣ ва манфиат ва муқаддасоти исломӣ даст кашида, барои ҳадафҳои террористон ва ДИИШ худро қурбон мекунанд?
Шояд соҳибназарон фикр намоянд, ки тангдастиҳои иқтисодӣ ва нодориҳои молӣ омили гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои эксремистӣ аст, аммо аз назари банда, омили иҷтимойӣ ва иқтисодӣ боиси гаравидани ҷавонон ба ташкилотҳои экстремистӣ баҳона намешавад, балки то кунун мардуми мусалмон душманшинос нестанд ва чеҳраи аслии экстремистии “Салафия” ва шарикони онро намешиносанд. Салафияҳои яманӣ, суриягӣ ва мисрии тоҷик бисёр тундрав ва интиҳорӣ хастанд. Онҳо аз ҳисоби сармояҳои пулии “Ансоруллоҳ ва “Ҳаракати исломӣ”-и Яман таҳсил намуда, дорои тафаккурӣ сирф ДИИШ-ӣ мебошанд. саъодат ва хушбахтии худро дар таъсиси “Давлати исломӣ” мебинанд.
Тақвият ёбии ақидаи иртиҷоии эксремистии “Салафия” дар зери шиорҳои “Қуръон ва суннат”, “Таблиғи ақидаи тавҳид” муҳимтарин меъёрҳои ҳуқуқии исломии аҳли суннат ва чамоат, яъне қиёс, раъй, истеҳсон ва урфро инкор ва бидъат ҳукм намудаанд.
Чаро қарзи шаҳрвандӣ ва вазифаи конустутионии худро фаромуш сохтаанд. Магар онҳо интизори пирузии кулли ДИИШ дар минтақа ҳастанд. Пас афроде, ки дупараст ва ғуломи худфурухтаи ташкилот ва дастгоҳҳои экстремистӣ ҳастанд, бидонанд, ки аркон ва аҳкоми конститутсионии Точикистон ва таълимоти таҳаммулпазири мазҳабӣ ҳанафиро дар Осиёи Миёна сипари бо эътимоди субот ва амниятӣ аст. Ҳаргиз ҳеҷ кадоме аз ҷараёнҳои такфирӣ ва ифротӣ кудрати пирузӣ дар минтақаро нахоҳанд гирифт.
Ин нуктаро низ бояд ба эътибор гирифт, ки ҳаракатҳои экстремистӣ, аз ҷумла, ҳаракати иртиҷойии тундгаройи “Салафия” низ дорои моҳияти фаро миллию байналхалқӣ ва аритиш ва гуруҳҳои худкафон гаштааст. Яке аз ҳадафҳои шуми дигари онҳо ихтилоф ва роҳандозии ҷангҳои мазҳабӣ миёни аҳли тасаннун ва ташшаюъ мебошад. Дар ҳоле ки дар Тоҷикистон заминаҳои ҷанги мазҳаби вучӯд надорад. Лекин дар инҷо якчанд нуқтаи муҳимро дар мавриди ҷараёни салафия зикр ҳоҳем намуд.
Тавре, ки маълум аст бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2009 фаъолияти равияи «Салафия» мамнуъ эълонгардид ва дар 8.12.2014-сол боз бо қарори Суди Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон равияи «Салафия» ба рӯйхати иттиҳодияҳои экстремистӣ дохил карда шуд. Ин санад ва омили ҳуқуқӣ азон шаҳодат медиҳад, ки «Иттиҳодияи экстремистии равияи Салафия» хатари ҷиддӣ ба амниятӣ миллӣ, амниятӣ озуқаворӣ, амнияти иҷтимоӣ, амниятӣ сиёсӣ, амниятӣ иттилоотӣ ва амниятӣ динии кишвар дорад. Равияи экстремистии Салафия ягон ҳамбастагии эътиқодӣ ва иртиботи ақидавӣ ба «Салафи солеҳ» надорад.
Мутаассифона, баъзе бехабарон аз улуми динӣ ва исломшиносӣ «Иттиҳодияи экстремистии Салафия» ро «Салафи солеҳ» мепиндоранд. «Салафи солеҳ» ба қавли Паёмбари ислом (с) «Хайрун умматӣ» буда, сеқарн, яъне 300 соли авали зуҳури дини мубини исломро дар бар мегирад. Салафия равияи иртиҷоӣ ва ифротӣ буда, навпайдо аст. «Иттиҳодияи экстремистии салафия» ҳамчун равияи тундрави такфирӣ, хушунатзо ва бемазҳабӣ динӣ дар охири асри ҳабдаҳ ва ибтидои асри ҳаждаҳ аз тарафи мустаъмироти хавориҷ барои ангехтани низоъ, эҷоди ихтилоф ва таҳрики ҷангҳои мазҳабӣ дар қаламрави Ҳиндустон таъсис дода шудааст. Аъзоён ва пайравони «Иттиҳодияи экстремистии Салафия» ягон мазҳабӣ аҳли суннат ва ҷамоатро намепазиранд ва эътироф намекунанд. Дигар мазҳабҳои аҳли тасанунро ва ё аҳли ташшаюъро мушрик ва бидъаткор ҳукм намуда, қатли онҳоро воҷиб ва ҳатмӣ меҳисобанд. Ҳастии мазҳабро дар ислом бидъат ва номашруъ гуфта, осори таълиф намудаи Имоми Аъзам (р), Имом Шофеъӣ, Имом Молик ва Имом Ҳанбал ро бидъат ва нораво меҳисобанд. Фиқҳ, яъне ҳуқуқи исломиро бидъат ва но машруъ медонанд. Баъзе афрод гумон мекунанд, ки Салафия дар мазҳабӣ ҳанбалӣ ҳастанд, ин ақида ва дидгоҳ хато аст. Зеро ҳаргиз Имом Ҳанбал забҳ, сарбуридан, хатнаи занон, Ҷиҳоду-никоҳ ва оташ задани инсонро иҷозат надодааст, аммо забҳ, сарбуридан ва зинда ба зинда оташ задани асирон ва шахсоне, ки ақидаи онҳоро қабул надоранд, ҷиҳоди дар роҳи Худо мансуб медонанд. Салафия дар воқеъ манбаи хатар ва хушунат буда, дар ҳар минтақа ва мамалакате, ки онҳо зуҳур намоянд, оромиш ва амниятӣ ҷомеаро дар зери парчами «Қуръон ва суннат», таъсиси «Давлати исломӣ» ва таблиғи «Ақида» и осебпазири такфирӣ бунёд намуда фарҳангу осори миллии мардумро маҳв ва нобуд менамоянд. Кишварро ба майдони ҷангу ҷиходҳои шайтонӣ ва тохтутозҳои ДИИШ-ӣ табдил хоҳанд дод. Ин тоифаи такфирӣ ва бе мазҳаб равиши намози ҳанафӣ мазҳабонро бидъат ҳукмнамуда, дуъои дастҷамъӣ, қироати Қуръон баъд аз намоз, зиёрати аҳли қубур, хондани Қуръон бар турбати фавтидагонро ҳаром, ширк ва куфр ҳисобида, онҳоро шаръан маҳкум менамоянд.
Инчунин бемазҳабони такфирӣ ақида доранд, ва дар адабиётҳояшон маълумотҳое ёфт мешавад, ки Имоми Аъзам (р) забони арабиро намедонист ва дар бораи аҳодиси Паёмбар (с) умуман маълумоти динӣ надошт. Салафия пайравони мазҳабӣ ҳанафиро мумини комил намеҳисобанд, онҳоро аҳли бидъат, қиёс, райъ ва урф гуфта, ҳукм ба бидъаткорбуданашон мекунанд, балки ба ақидаи онон тамоми китобҳои муътабари ақида, тафсир ва сарчашмаҳои таърихии илмию динии уламои аҳли суннат ва ҷамоъат манбаи хурофот ва бидъат ҳастанд, онҳоро хамчун осори исломӣ ва таълимӣ қабул надоранд. Мактаби динии Мавороуннаҳрро ҳамчун мактаби исломӣ намепазиранд ва уламои ин сарзаминро аҳли бидъат, ва ақлгаро мехисобанд. Аҷзои эътиқодот, тафаккур, ақида, андеша, дидгоҳ ва ҷаҳон бинии аъзоёни «Иттиҳодияи экстремистии Салафия» аз авомил ва аносири эътиқодоти яҳудият, ҷараёнҳои такфирӣ ва ифротӣ иборат буда, манҳаҷи ақидаи онҳо аз такфир, қатлукуштор, ҳукми номашруъ, хушунат, тахрибаи осори исломӣ, муқаддасоти миллӣ ва нестунобуд намудани нигораҳои таърихӣ иборат мебошад, ки бурҳонаш аз ҷониби васоити ахбори омма ё бо тариқи шабакаҳои иҷтимои ҳаррўза аз ховари миёна ба тамоми бинандагон ироа ва пешниҳод мешавад.
Салафия низоми демокротӣ ва сохтори конститутсионии Тоҷикистонро низоми куфрӣ ҳисобида, барои саранагун сохтани он дар зери принсипи таблиғи «Ақида» идеологияи ҷангӣ ва такфирӣ кори муғризонаи хешро бо шеваҳои гуногун мубориза бо хурофот, мубориза бо шиъа, мубориза бо тоғут, мубориза бо бутпарастон ва мубориза бо бидъати ошкоро таблиғу ташвиқ мекунанд. Аз назари бе мазҳабони такфирӣ қонунгузории низоми кишварҳои демократӣ, аз ҷумла, Тоҷикистони соҳиб истиқлол дар асоси ирода ва хости мардум навишта шудааст, ва ягон меъёру муқарароти шаръи ё эътибори ҳуқуқӣ динӣ дар он дида намешавад. Бинобар нуқтаи матраҳшуда аз нуқтаи назари ақидавӣ ва эътиқодии «Иттиҳодияи экстремистии салафия» аз байн бурдан ва нест кардани низомҳои демократӣ вазифаи ҳар фарди имондор аст. Бояд ба ҷои низоми демократӣ «Давлати исломӣ», яъне «Хилофат» таъсис дода шавад. Барои ҳамин мавзӯи «Ҷиҳод» ва исломи инқилобӣ назди салафия муҳимтарин мавзӯи эътиқодӣ ба ҳисоб меравад. Агар ба равиши намозхонӣ ва усули «Амри маъруф ва наҳй аз мункар»-и ҷараёнҳои такфирӣ ва ифротӣ диққат бидиҳем, аслан ягон намози суннатӣ ва нафлиро намехонанд, зикру дуъоро бидъат гуфта, ҷиҳодро дар муқобили куфр ва кишварҳои низомашон секулёрӣ (дунявӣ) муҳимтарин вазифаи худ меҳисобанд.
Воқеаҳои хунини Сурия ва Ироқ пардаи террористӣ аз башараи «Иттиҳодияи экстремистии Салафия» берун кашид. Ҷинояткорони байналхалқӣ, афроди гумроҳу нодон ва зархаридони бе мазҳаб дар асоси фатвоҳои муфтиҳои такфирӣ ва ифротӣ шахсони мансабдор, кормандони мақомотҳои амниятӣ, қудратӣ, суд, уламои исломиро дар саҳни масҷиду мадраса ва майдону хиёбонҳои шаҳру русто сар буриданд, зинда ба зинда оташ заданд. Ин ҷараёни номбурда мисли масеҳиён, ки дар масири таърих даступои асиронро мехкуб менамуданд ва дар тахтаҳо ва симчубҳо овезон месохтанд амалӣ намуданд ва карда истодаанд.. Амалҳои номашруъ ва кирдорҳои ҷинояткоронаи зидди башарии худро ҷиҳод «Дар роҳи Аллоҳ» муаррифӣ намуданд. Дар ҳамин замина симои воқеъӣ ва чеҳраи асосии ҷараёни салафия кашф гардид. Бинобар заъф ва бетарафии асотид ва уламои исломӣ дар ҷаҳон бо талош ва кушишҳои ташкилотҳои иғво ангези ифротӣ қатлукуштор, тахриби осори таърихӣ, муқаддасоти динӣ, одамрабоӣ, гаравгонгирӣ, таҷовуз ба номус ва дигар кирдорҳои номашруъ моҳияти ҷиҳодӣ касб намудаанд. Таблиғи ҷиҳоди шайтонӣ дар муҳити иттилоотӣ ва динии кишвари мо низ аз ҷониби миссионер, мавлавиҳои бе саводи такфирӣ, ё ин бошеваҳои гуногун ошкорову пинҳон дар қишрҳои гуногуни ҷомеа идома дорад. Ташаккул ёбии ақидаи экстремистӣ хамчун ормони имонӣ ва ақидаи исломӣ дар миёни ҷавонони мутаддайин бисёр хавфнок буда, пеш аз ҳама ба амният ва суботи ватанамон хатари ҷиддӣ дорад.
Тақвият ёбии ин раванди манфӣ метавонад, ки даҳҳо нав ҷавононро вориди созмон ва ташкилотҳои террористии байналхалқӣ ва «ДИИШ» бигардонад. Чун сухан дар бораи хатари салафия ба амнияти миллӣ меравад, мо омода ҳастем, ки чанд омили ин хатарро ифшо бисозем, балки омилҳои хатари салафия дар барнома ва дастури амалҳои диёнатияшон ошкоро баён гаштааст. Мутафаккирон ва коршиносони динӣ дар китобҳои худ ин нуктаҳоро возеҳ ва равшан баён намудаанд: «Дар муноқиша ва низоҳои мусаллаҳонае, ки дар кишварҳои арабӣ ва Судон сипарӣ гаштаанд ва ё сипарӣ мешаванд, ҷаҳониён шоҳиди он гаштаанд, зархаридони шабакаҳои террористии «ал-Қоида», «Аннусра» ва «Салафия» кормандони мақоматҳои ҳифзи ҳуқуқ ва афсарони давлатиро зинда ба зинда оташзада ва бо сангинтарин усулҳои ҷангӣ қатл менамоянд. Сар ва дасту пои асиронро мисли Фиръавниён ва салибён, ки дар масири таърих сабт аст, аз тан ҷудо мекунанд. Пайкар ва аҷсоми онҳоро бо оҳанҳои тафсон месӯзонанд. Гушу бинӣ ва олатҳои таносули рақибони худро мебуранд. Ҳангоми иҷрои ин кирдорҳои зидди инсонии худ такбир: «Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар» гуфта, изҳори хурсандӣ намуда, мерақсанд. Дар Сурия размандагони ҷинояткор ва ифротии «Хилофат»-сози салафия аз яроқ ва силоҳи кимоёвӣ барои қатли омма истифода намуданд.
Яъне ин биотсидҳои такфирӣ ва ифротии бемазҳаб оддитарин шарафи инсонӣ надоранд. Биотсид навъи ҷинояте мебошад, ки он барои аз байн бурдани инсоният нигаронида шудааст, ки дар натиҷаи истифодаи силоҳи биотсидӣ ҳама мавҷудоти зинда низ нест мегарданд. Таҳлилгарон ва муҳақиқони варзида дар ин самт хатари салафияро ба амнияти миллӣ тибқи дастурамали онҳо бо номи «Стратегияи Муҷоҳидон дар бораи тахриби лонаи кофирон» ошкор сохтааст: – «Вайрон намудани роҳу купрукҳое, ки моҳияти муҳими сиёсӣ ва низомӣ доранд».–Тахриб намудани роҳҳои оҳан, -Тарконидани майдонҳои ҳавойи, – Тахриб намудани қисматҳои низомӣ, – Тахриб намудан ва оташ задании биноҳои хизматӣ,-Истиқоматии шахсони ғайри имонӣ,-Вайрону корношоям сохтани алоқаи дохилӣ ва Хадамоти Амниятӣ ва Бехатарӣ, -Қатл намудани низомиёну кормандони милитсия. –Нобуд сохтани марказҳои барқи истеҳсолкунӣ ва симтурҳои барқӣ. – Оташ задани «Нуқтаҳои сўзишвори»-ҳо, хароб намудани мактабҳои моҳияти дунявӣ дошта, – Аз байн бурдани масҷидҳои мазҳабӣ ва несту нобуд сохтани калисо ва миссионерҳои масеҳию католикӣ.–Пурзур намудани муборизаҳои идеологӣ бар алайҳи муртадҳо ва кофирон дар кишварҳои низомашон демократӣ. «Ба таври террор ба қатл расонидани уламои исломӣ ва рўҳониёне, ки аз сохторҳои давлати демократӣ ва раҳбарони он ҳимоят мекунанд». Аз ҳамин лиҳоз вақти он фаро расидааст, ки донишмандон, мутафаккирон, ҷомеашиносони муҳтарам, масъулини ниҳодҳои динӣ ва исломшиносӣ дар муқобили реша давонии саратони такфирӣ ва ифротии салафия бетараф ва хомўш наистанд, балки дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои амниятӣ ва қудратӣ алайҳи хатари салафия дар сангари мубориза баҳри ҳифзи истиқлолият ва як порчагии кишвар бошанд.
Нисбат ба мубаллиғон ва миссионреҳои такфирии ДИИШ-ӣ бояд чораҳои чиддии ҳуқукӣ андешида шавад.
Ононе, ки дар таблиғи ақида, андеша ва адабиёт ва китоб, диск ва савтҳои электронии “Салафия” ва “Ансоруллоҳ” саҳм мегузоранд бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.
Барои комилан несту нобуд сохтани идеологияи иртиҷойии бемазҳабони гумроҳи такфирӣ ва ғайримуқаллидони ифротӣ улмои исломии суннатии кишвар фаъол бошанд.
Бедории миллӣ ва худшиносии мазҳабӣ беҳтарин зарбаи сангин ва миёншикан дар камари ҳаракатҳои экстремистӣ мебошд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code