ҶАВОНОН – НЕРУИ БУЗУРГ БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Мо худ шоҳидем, ки ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои иртиҷоии «Толибон», «Ал-қоида», «Давлати исломӣ» ва амсоли инҳо дар зери пардаи дини мубини ислом дар як қатор давлатҳо, аз ҷумла  Афғонистон, Сурия, Яман ва Ироқ, мехоҳанд бо ҳар роҳу восита ниятҳои нопоки худро амалӣ созанд. Бар асари амалиётҳои ҷангӣ ва террористии онҳо ҳазорҳо нафар ба ҳалокат расидаву миллионҳои дигар бе хонаву дар ватанашонро тарк кардаанд.
Халқи тоҷик  аввали солҳои 90 – ум ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хуб ба ёд дорад. Маҳз чунин гурӯҳҳои худхоҳ буданд, ки кишвар ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд ва ягонагии мамлакат зери хатар қарор гирифт. Ва танҳо ба шарофати талошҳои пайваста ва хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, ки  дар кишвар сулҳу субот пойдор гардад ва халқи тамаддунофари тоҷик  ба созандагиву бунёдкорӣ рӯ оварад.
Ба ин хотир, мо – ҷавонон бояд  пайрави ғояҳои башардӯстонаи Пешвои муаззами худ бошем, аз гаравиш ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо дурӣ ҷӯем ва чунон ки Сарвари давлат борҳо таъкид кардаанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.
Ҳарчанд муқовимат бар зидди терроризму экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратист, вале алайҳи ин вабои аср муборизаи дастаҷамъона мебояд. Ва дар сафи пеши он бояд ҷавонон қарор дошта бошанд. Зеро маҳз насли наврасу ҷавон ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа шинохта шудааст ва ояндаи неки ҳар давлату миллат дар дасти онҳост.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code