Бобохонзода Мансур Мирзошариф
Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Данғара
Бобохонзода Мансур Мирзошариф 23 феврали соли 1987 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шудааст.
Соли 2010 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рўи ихтисоси иқтисоди ҷаҳон рузона хатм намуд.
Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 2009 ба ҳайси Иқтисодчии ОАО «Тоҷикгидроспестрой»-и шаҳри Норак оғоз намуда, аз солҳои 2011 Сармутахассиси шўъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳияи Данғара, Сармутахассиси шўъбаи иқтисод, Мудири шўъбаи иқтисоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноњияи Данғара, Сардори шуъбаи омори ноҳияи Данғара, кор кардааст.
Аз апрели соли 2024 бо пешниҳоди раиси вилояти Хатлон Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Данғара таъин гардидааст.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.