Саймумин ЯТИМОВ

 

 ДӮСТЕ ПУРКОРУ НАКӮКОРУ ПУРАСРОР

 

Ман доим ба ин марди одии усто, деҳқон ва заҳматкаш, ки ҳамагӣ маълумоти синфи даҳ дошт, нигариста, дар ҳайрат мешудам, ки худомӯзӣ инсонро ба чӣ мартабаи дониш ва маърифат мебарад. Барои оила, фарзандон, дӯстон ва ҷомеа фоидабахш мекунад. Ва худи «маълумоти олӣ», мисли ҳама гуна унвонҳои илмиву ҳарбӣ, як ибораи холӣ аст, агар муҳтавоӣ набошад. Ҳар рӯз, тибқи талаботи замон, бозбинӣ ва мувофиқ ба он нашавад, ба таассуб, хурофот ва омили бозмондагӣ мубаддал мегардад. 

 

Дар Рӯшон одамони наздики ман кормандони шуъба буданд.

Ҳамзамон бо ин, тибқи анъана, бо шахсони мутасаддии ҳифзи ҳуқуқ ва ҳукумати ноҳия, дар доираи салоҳият ва вазифаҳои хизматӣ муносибати хуб доштам.

Аз рӯзи аввал тарзи гуфтору кирдор ва хислату рафтори яке аз кормандони гурӯҳи навбатдорӣ, ки ҳамагӣ сокинони маҳаллӣ буданд, барои ман ҷолиб намуд.

Ӯ Мансурхон Саидхонов буд.

Тақрибан 30-35 сол дошт.

Марди миёнақад, қоқина, бо дасту бозуи серрагу пайи бақувват, ғайр аз мӯйлаби одии тоҷикӣ сифатҳои хосси зоҳирӣ надошт. Мисли бисёре аз ҷавонмардони бадахшонӣ, аксари вақт кепкаи русӣ мемонд, ки ба афту андом ва тарзи ҳаракатҳои ӯ дар мувофиқати пурра буд. Ӯ оҳиста, андешамандона, бо садои каме гирифта сухан мегуфт.

Бо фарқ, ҳатто аз баъзе кормандони фаврӣ, Мансурхон вақтҳои фориғ аз масъулият ва оромӣ тамоми рӯзномаву маҷаллаҳоеро, ки ба идора меомад, бодиққат мехонд. Аз китобхона ҳам як – як китоб гирифта, мутолиа мекард. Ба ғайр аз ин, ба маҷаллаҳои «Вокруг света», «Юный техник» «Пчеловодство», ки дар Маскав нашр мешуданд, обуна буд. Аз рӯйи онҳо дар дафтари махсус ким – чӣ намуд нақшаҳо кашида, аз коғаз макетҳо месохт.

Бо Мансурхон суҳбат кардан ба кас ҳаловат мебахшид.  Шахси ҳамадон, хушсухан ва андак шӯхтабиат ҳам буд.

Мо оҳиста-оҳиста бо Мансурхон ҷӯра шудем.

Ӯ маро ба хонааш, аниқтараш ба хонаи падариаш, ки бо аҳли оилааш дар он ҷо зиндагӣ мекард, даъват намуд. Ман ин таклифро бо хушнудӣ пазируфтам.

 

КАСЕРО, КИ ХИРАД БОШАДАШ ОМӮЗГОР

 

Хонаи падарии Мансурхон ҳамагӣ шашсад – ҳафтсад қадам дуртар, дар қисмати ҷанубии идораи мо ҷойгир буд.

Дар назди «чапарак» моро падари Мансурхон, бобои Саидхон бо чеҳраи кушод, пешвоз гирифт. Ӯ тақрибан шасту панҷ – ҳафтод сол умр дошт. Шунида будам, ки руҳонӣ ва халифаи деҳаи Вомар аст.

Бобои Саидхон дар зоҳир мӯйсафеди миёнақади нуронӣ буд. Риши кӯтоҳи бодиққат қайчиву шонадида, куртаи сафеди поки обшуста, ҷелаки тунуки ранги ширчойӣ ва пойафзоли дар намуд худсохти ҳамранги ҷелак дошт.

Пирамард бо симои босалобат, зоҳири поку олуфта ва чеҳраи бузургманишона ба ман маъқул шуд.

Ростӣ, завқи даъват ва хоҳиши омадани хонаи ҷӯраам Мансурхон барои он бар ман ғолибият пайдо карда буд, ки дар бораи устои хуб ва соҳиби устохона будани ӯ аз шиносҳои рӯшониам бисёр шунида будам. Мехостам ин шароиту имконоти ӯро бубинам.

Ман худам ҳам ба ин касб шавқ доштам. Устои номуваффақ бошам ҳам, андова, рангу бори хонаи падарӣ, сохтани ҷевони одии рафҳои китоб, кашидани хатҳои барқӣ дар хонаи навсохт ё азнавсозӣ, таъмири асбобҳои барқӣ ва монанди инҳоро уҳда мекардам.

Ба ҳар ҳол, «майдаустоӣ» ҳам як навъ ғурури «ман ҳам метавонам», нишонаи мустақилият, худкифоятӣ ва вазифаи ҳар ҷавонмард аст. Онро бояд ёд гирад. Донад ва тавонад. Барои ҳар кори майда – чуйда, назди аҳли оила, саргардони устокобӣ ва дастнигар нашавад. Ба фарзандон ҳуқуқи «ана, мисли ман ва аз ман ҳам беҳтар кор кун» гуфтан дошта бошад.

We can do it  дар ахлоқ, маънавиёт ва урфу одати аврупоиҳо низ таъбири мунтахаб, маъруф ва писандида аст.

Ба хотири рӯзгордорӣ ман қариб тамоми намуди асбобҳои устоиро аз бозору магазин харида, ҷамъ мекардам. Дар як гӯшаи муайян, батартиб нигоҳ медоштам.

Вақте дар ҳавлиамон  китобхона сохтам, орзуи дуюмам он буд, ки як устохонаи хурд ҳам дошта бошам. 

Ҳамин тариқ, Мансурхон маро болои кат, сари дастурхон даъват кард. Аммо ман хоҳиш намудам, ки аввал устохонаашро нишон диҳад.

Маълум шуд, устохонаи Мансурхон хурд бошад ҳам, дар он қариб панҷоҳ намуди асбобҳои устоии дастиву барқӣ бо тартиб ва таснифи муайян, гурӯҳ – гурӯҳ, бари ба бар овезон буданд.

Диққати маро бештар се намуд исканаи пасту баланд, чандин навъи арраву анбур, болға, чархҳои буррандаву тезкунанда, асбобҳои хурди кафшеркунии маводи электрикиву оҳанӣ ҷалб кард.

Он ҷо мизи суфтагарии чӯб, коркарди он, қолабҳову ҷадвалҳои чӯбиву тунукагии гуногун, даҳ – понздаҳ қуттии махсус барои нигоҳ доштани мехҳои андозаашон ҳархела ва монанди ин чизҳо бешумор, аммо ниҳоят ботартиб ва тозаву озода нигоҳ дошта мешуданд, ки аз хислату сифат ва тозакории навбатдори одии идораи мо шаҳодат медод.

Чун Мансурхон дид, ки аз тамошои устохонаи ӯ хеле хушам омадааст, дар ҳавлиаш мизу курсиҳои гуногуншакл, кати чӯбин ва шифонерҳои сохтагиашро  нишон дод.

Инчунин, қуттиҳои нави занбӯри асалро, ки маҳсули дастони худаш буданд, ба намоиш гузошт. Ва гуфт, ки ин панҷоҳумин қуттии асали сохтааш мебошад.

Таваҷҷуҳи ман ба асбоб ва натиҷаҳои кории Мансурхон маъқул афтод, ки ӯ ин сӯ – он сӯ нигоҳ карда, дари як анҷомхонаи хурди аз берун қулфзадаро кушод.

Чароғашро даргиронд.

Дарашро аз дарун маҳкам кард.

Самти як қуттӣ рафту фармуд:

– Тез ин ҷо биё!

Рафтам.

Ӯ маро назди яхдони калони «Помир» бурд.

Ман дар тааҷҷуб шудам. Гумон кардам, шояд Мансурхон дар ҳамин яхдон пинҳонӣ аз падари халифааш ягон шиша шароб барои меҳмонҳояш хунук карда мондааст. Тибқи одат, як пиёлаӣ аз он менӯшанд. Баъд лабҳоро кулӯх молида, рафта сари дастурхон мешинанд.

Усто дари яхдонро ба оҳистагӣ кушод. Чароғи он рӯшан шуд. Ман дидам, ки аз даруни яхдон ҳаври сабуки гармӣ меояд.

Дар дохили ин асбоб аз таг то боло дуқабатӣ симҳои ҳаштмиллиметрии ҳар кадомаш бо резини ба андозаи ин сим бо нозукӣ пӯшонидашуда, дар масофаи наздик, бо ҳаҷми нимтухмӣ монда шудаанд. Дар тамоми қатораи симҳои яхдон як-як тухми мурғ гузоштагӣ аст. Аз бадани ин қуттӣ, аз куҷое овози тиқ – тиқи соат меояд. Дар ҳар даҳум тиқи соат, симҳо ба оҳистагӣ ним тоб мехӯранд. Бо ин ҳаракат тухмро аз чор як ҳисса давр мезанонанд.

Аз ин мошин ман ҳеҷ чизро сарфаҳм нарафтам.

Мансурхон тааҷҷуби маро ҳис намуда, табассум кард ва оҳиста дар гӯшам гуфт:

– Ин инкубатори чӯҷабарор аст. Тибқи барномаи муайяншуда, баъди се рӯз бояд чӯҷаҳо бароянд. Дуюмин ҳамчунин дастгоҳе ҳаст, ки ман сохтам.

– Асбоби якумат куҷост? – пурсидам аз Мансурхон.

Гуфт:

– Дар асбоби якум даҳ чӯҷаи солим баровардам. Падарам бо чашми худ ин натиҷаро дида, сахт ба ғазаб омада, гуфт:

– Э, бар падарат лаънат, ту Худо шудастӣ, ки ба ҷисми беҷон ҷон медарорӣ! Ин феъли ту касратӣ меорад! Накун дигар ин корро! Ин хел бошад, ман туро аз хонаам зада пеш мекунам! – табарро гирифта, он асбоби чӯҷабарории маро майда карда партофт.

Маро тавба дод, ки дигар ба ин «амали куфр» машғул нашавам.

Се моҳ гузашт.

Дигар тоқат накардам.

Ними шаб як яхдони аз кор баромадагии дигарро аз партовгоҳ ёфта, оварда дар ҳамин ҷо пинҳонӣ соз кардам. Акнун паноҳӣ аз мӯйсафед боз ба чӯҷабарорӣ оғоз намудам.

Барои он ки бузургвор нафаҳмад, ман дар пеши чашми ӯ дар таги мурғи хонагӣ бист тухм мондам. Аммо мавсим, иқлими ин мулк ва ҷойи хоби мурғ, ҳарчанд кӯшиш кунем ҳам, ба чунин натиҷа  мувофиқ нест. Дар як моҳи дигар ҳам ин ҷонвар чӯҷа бароварда наметавонад.

Чӯҷаҳои ман баромадан замон, ман он тухмҳоро аз таги мурғ мегираму ин чӯҷаҳоро сар медиҳам, – гуфт дӯсти «даъвои худовандӣ»-доштаи ман.

 Бо расидани муҳлат аз Мансурхон пурсидам:

– Ошно, «даъвои худовандӣ» чӣ шуд?

– Барои тасдиқи «каромот» як рӯзи дигар монд, – ҷавоб дод ӯ бо табассуми ба худ хос.

Ҳамин тариқ, Мансурхон бо азоб бо мурғи курк забон ёфта, корро анҷом додааст.

Мӯйсафед инро дида:

–  Ана, писарам, ин кори дигар. Аммо мебинам, ки ин парранда бехованд аст. Чӯҷаҳои худашро қабул надорад. Онҳоро мезанад. Эҳ, Худойе! Ҳайвон ҳам мисли одам ҳар хел мешудааст! Аммо боке нест. Омӯхт мешавад, – гуфтааст. 

Боқӣ, кори дӯсти мо пешрафт кард.

Ман китобхонӣ, меҳнатдӯстӣ ва қобилии Мансурхонро дида, ба ӯ қоил мешудам. Дар натиҷаи мутолиот дар замири ӯ суолҳои зиёд пайдо мешуд. Гоҳо медид, ки сардор нест, ба дафтари кории ман даромада, маро суолборон мекард. Вориди баҳс мешуд.

Ман вақти бекории муколама надоштам. Як рӯз гуфтам:

– Ошно, бубин, охир,  чӣ қадар кор бисёр. Баъдан, агар мехоҳӣ баҳс кунем, аз ҳамон чӯҷаҳои сунъият яктоҳакашро дар дег парто. Бегоҳӣ баҳси хуб мешавад.

Воқеан, Мансурхон бачаи дасткушод буд. Ҳар дам аз ҳисоби хоҷагиаш моро меҳмондорӣ мекард. Ман дидам, ки ин кор ду – се бор такрор шуд. Бори охир ба Мансурхон гуфтам:

– Ҷӯра, ин хел намешавад. Минбаъд ҳар понздаҳ рӯз зиёфатро навбатакӣ мекунем.

Мансурхон:

– Э, ошно, Шумо меҳмон ҳастед, охир. Зиёфат тани мост, – гуфт.

– Меҳмонӣ се рӯз мешавад. Ихтиёрат, дӯстам. Агар нахоҳӣ, дигар ин хел маъракашинӣ қатъ, – гуфтам.

Ахиран, Мансурхон розӣ шуд.

Мо ҳарду ҷӯра интизорӣ мекашидем, ки кай понздаҳи моҳ мешавад, то шабнишинӣ ва гапхӯрӣ кунем.

Суҳбат бо ӯ хеле шавқовару ҷолиб мегузашт.

Ман доим ба ин марди одии усто, деҳқон ва заҳматкаш, ки ҳамагӣ маълумоти синфи даҳ дошт, нигариста, дар ҳайрат мешудам, ки худомӯзӣ инсонро ба чӣ мартабаи дониш ва маърифат мебарад. Барои оила, фарзандон, дӯстон ва ҷомеа фоидабахш мекунад. Ва худи «маълумоти олӣ», мисли ҳама гуна унвонҳои илмиву ҳарбӣ, як ибораи холӣ аст, агар муҳтавоӣ набошад. Ҳар рӯз, тибқи талаботи замон, бозбинӣ ва мувофиқ ба он нашавад, ба таассуб, хурофот ва омили бозмондагӣ мубаддал мегардад. 

Рӯшон маркази ноҳия ҳам бошад, як деҳа буд. Ҳама якдигарро мешинохтанд. Кӣ бо кӣ дӯст аст, рафтуо дорад, мефаҳмиданд.

Намедонам, соли дуюм ё сеюми корам буд. Маро котиби ташкилоти ҳизбии сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия интихоб карданд. Албатта, ин вазифаи сирф ҷамъиятӣ буд. Он замон маро як зина боло, корманди калони оперативӣ ҳам таъйин намуданд. Инҳо масъулиятҳое набуданд, ки зердаст дошта бошӣ. Аммо дар ҷаласаи ҳизбӣ, ки дар ҳуҷраи сардор мегузашт, вазифадор будам маҷлисро роҳбарӣ кунам. Дар он сардорони сохторҳои қудратӣ, прокуратураву суд ширкат меварзиданд. Принсипи сентрализми демократиро, ки маънояш интизому итоат аз поин то боло ва супориши ҳизби ҳоким буд, риоя мекарданд. 

Рӯзе, баъди ҷаласа меҳмононро гусел мекардам. Сардори яке аз сохторҳои қудратӣ нимшӯхиву нимҷиддӣ ба ман гуфт:

– Ду сол зиёдтар дар идораи бонуфуз кор мекунед. Акнун Шуморо котиби ҳизбӣ ҳам интихоб кардем. Ман худам мебинам, аз дигарҳо ҳам мешунавам, ки Шумо фақат бо ҳамин як «вахтёр»-и навбатдор дӯстиву рафоқат ва рафтуо доред. Охир, вай, ақаллан, прапоршик ҳам нест.

Ман намехостам ба ин масъалагузории шахсе, ки дар мансаб ва синну сол ҳам аз ман бузургтар буд, ҷавоб диҳам. Аммо ногоҳ аз даҳонам баромад:

– Манзалати ҳақиқии инсон ба синну солу ба мансаб нест. Ченаки одам ба ақлу фаросат ва донишу камолот аст:

 

Бузургӣ ба хирад аст, на ба сол,

Тавонгарӣ ба ҳиммат аст, на ба мол.

 

– Аҷаб, аз мо маслиҳат шуд, аз Шумо насиҳат, – гуфт он калоншаванда. Рӯ ба рӯйи ман истод. Як нигоҳ ва табассуми «ман нафаҳмидам» ҳам кард. Дасти маро фишурд. Кулоҳашро дуруст кард. Ҳарду дасташро дар кисааш андохт. Сӯйи идорааш роҳ гирифт.

 

СУХАН БЕҲТАР АЗ ГАВҲАРИ ОБДОР

 

Ба ҳамин монанд, як воқеаи дигар ҳам иттифоқ афтода буд.

Як рӯзи тобистон ба идораи мо барқия омад, ки ба қарибӣ ба вилояти Бадахшон Комиссияи махсуси инспектории Маскав меояд. Онҳо чанд гурӯҳ шуда, ноҳия ба ноҳия мегарданд.

Раиси Комиссия бошад, муовини аввали сардори раёсати контрразведкаи мамлакат генерал-майор Василев Александр Иванович аст.

Ба хотири омад – омади чунин як ҳайати калон, ба шуъбаи ноҳиявии Кумитаи бехатарӣ даҳ рақам супориши муайян ирсол гардида, иҷроиши онҳо қотеона таъкид гардида буд.

Мо, тибқи нақша, ба кори шабонарӯзӣ гузаштем.

Дар таърихи идора аввалин маротиба буд, ки як генерал бо ёрдамчиҳояш барои санҷиш ва он ҳам аз шӯрбахтии мо, ба ноҳияи Рӯшон меомад. Албатта, сардорро хоб намебурд. Мо низ, аз хобу хӯр монда, давутоз мекардем.

Он рӯз ҳам фаро расид. Генерал Василев омад.

Ӯро котиби якуми райком, раиси ҳукумат, роҳбарони аввали тамоми сохторҳои қудратӣ дар болои пули бузурги бо лентаҳову байрақҳо орододашудаи дарёи Бартанг, бо гузориши махсуси сардор, пионерон – дӯстони ҷавони сарҳадчиҳо, бо қироати шеърҳои ватандӯстонаи дастаи мусиқии театри халқии ба номи Артисти халқии СССР Ғуломҳайдаров, бо рақси аспак ва суруди:

 

Хуш омадӣ, меҳмони мойе,

Э, дар дидаву дар ҷони мойе

 

пешвоз гирифтанд.

Намедонам ба меҳмон рақси аспаку суруду мусиқӣ маъқул нашуд, ки аз мошин фаромадан баробар:

– Да, зачем?!!! Да, ради Бога, да, прекратите наконец, эти безобразия!!! – гуфта, сахт барошуфт.

Замони коммунистӣ буд. Нав Брежнев ин дунёро падруд гуфта, Андропов сари ҳокимият омада. Дар ҳама ҷо «Низом!», «Интизом!», «Сарфаву сариштакорӣ!» шиор гашта буд.

Агар як кас ба Маскав аз чунин тантана хабар мерасонд, Комиссия то пойтахт намерасид. Дар куҷое, дар ними роҳ аз зиндагии осуда мемонд.

Ба ҳар ҳол, маъракаи қабули меҳмон ба охир расид. Генерал Василев бо қаҳр дар мошин нишаст. Қатори мошинҳо ба самти маркази ноҳия ҳаракат кард. Омада дар пеши идораи бехатарии ноҳия истод. Мо, кормандони одии оперативӣ пештар расида, саф оростем.

Ғайричашмдошт, баъди он барошуфтагӣ мо ҷавононро дидан баробар, чеҳраи генерал кушода шуд. Дар рӯ ба рӯйи ҳар кадомамон истода, дастфишорӣ кард.  

Вориди идора гашт. Гузориши сардори шуъбаро дар бораи вазъи оперативӣ шунид.

Генерал ҳар яки моро номгир карда, аввал  аҳволи зиндагӣ, саломатии фарзандон, доштану надоштани ҷойи зистро пурсида, аз рӯйи гуфти мо оид ба вазъи оперативӣ дар қитъаҳои мутасаддӣ огаҳ шуд.

Суолҳо дод.

Посухҳои мо мисле, ки ӯро қаноатманд карда бошанд.

Вақташ чоқ буд.

Ба ҳавлӣ баромад.

Он рӯз «вахтёр»-и навбатдор дӯсти мо Саидхонов Мансурхон буд. Генерал ба ӯ даст дода, гарму ҷӯшон салом кард. Аҳволпурсӣ намуд. Андозаи маош ва басанда будани онро барои як нафари серфарзанд пурсон шуд.

Мансурхон:

– Маош кам бошад ҳам, боке нест. Дар вақтҳои холӣ боз устоӣ ва занбӯриасалпарварӣ мекунам, баракаташон мерасад, – гуфт.

Чун генерал маълумоти занбӯри асал парвариданро шунид, гӯё аҷоиботеро дарак ёфта бошад, якбора шукуфт:

– Э, офарин! Ман ҳам ду соли ахир ба ҳамин касб машғул ҳастам, – гуфта, дигар Мансурхонро раҳо накард. Дар суҳбат бо ӯ аз донистанҳову таҷрибаи ин ҷавонмард дар самти парвариши занбӯри асал завқ мебурд. Чақ-чақу хушгӯиҳои онҳо андак дарозтар давом кард.

Он солҳо дар матбуоти даврии ҷумҳуриявӣ ва умумииттифоқӣ дар бораи хавфи шикасти табиии сарбанди кӯли Сарез ва хатари эҳтимолии ба хоҷагии халқи мамлакат аз таркиши силоҳи ядроӣ зарари зиёдтар расонидани он, маводи росту дурӯғ зиёд нашр мешуд.

Албатта, генерали масквагӣ медонист, ки ин кӯли овозадор дар баландии кӯҳҳои ноҳияи Рӯшон ҷойгир аст. Ба ҳамин сабаб, аз Мансурхон пурсид, ки ӯ шахсан кӯли Сарезро дидааст ва тасаввуроти ӯ дар бораи ин кӯл чӣ гуна аст? Мансурхон як бор ба мо, сардори шуъба ва дигар калонон нигоҳ карда, хеле оромона бо лафзи хуби русӣ, ки бо аломатҳои «нутқи дастӣ» қувват дода мешуд, мисле, ки ноилоҷ гашта бошад, гуфт:

– Рафиқ генерал, дараи Бартанг, ки ин кӯл дар як гӯшаи он пайдо шудааст, манзараҳои зебо ва сайдгоҳи зиёд дорад. Тамошо, сайру гашт ва шикор аз шуғлҳои дӯстдоштаи ман мебошанд.

Албатта, Шумо медонед, ки кӯли Сарез яке аз бузургтарин хазинаҳои оби тоза дар дунё аст.

Акнун ман гуфта наметавонам, хушбахтона ё бадбахтона, ин кӯл, ки соати 16:30 дақиқаи рӯзи якшанбеи 18-уми феврали соли 1911, дар натиҷаи заминҷунбии мудҳиш, баста шудани маҷрои дарёи Мурғоб бо гаштани қуллаҳои кӯҳи сарбафалаки Барчидев ба вуҷуд омад, барои одамизод чӣ оқибат дошта бошад. 

Масоҳати кӯл 80 км мураббаъ, дарозиву бараш 70 ба 3,3 км, чуқуриаш то 500 м. аст. Дар муддати ҳамакнун ҳафтоду ду сол, дар ин кӯли бо дасти табиат сохташуда, захираи 17 км мукааб об ҷамъ шудааст. Захираи обӣ-энергетикии он дар сурати мавриди истифода қарор гирифтан, ба 25 ҳазор мегаватт мерасад. Кӯли мазкур аз манбаъҳои калонтарини будубоши гулмоҳӣ дар Осиёи Марказӣ аст. 

Ҳамин тариқ, Мансурхон қариб тамоми ченакҳои техникии ин кӯлро ба генерал фаҳмонида, номаълум боқӣ мондани эҳтимолияти сар задани кӯлро хотиррасон кард.

Тамоми замоне ки Мансурхони «вахтёр» бо овози каме гирифтаи сабки суҳбати канда-канда, андешамандона, бо ҷумлаҳои кӯтоҳ ва бо рақаму далелҳо асосноккардашуда гап мезад, сардори шуъбаи мо Мародмамадов Абдумамад – шахси ҷавон ва нав унвони капитаниро гирифта, ки тибқи сифати шахсӣ, ниҳоят низомномавӣ ва ҷонибдори қотеонаи муносибати расмиятчигӣ буд, сахт асабонӣ гашта, дандонҳояш аз ғазаб ғичиррос мезаданд.

Аз бар, аз қафо истода, ба Мансурхон ишораҳо мекард ва ба дил мегуфт, ки «Э мардак, ин сӯ гард! Ту дар пеши ин одами бузург чӣ кор мекунӣ?!!! Туи қаровулро ба ӯ чӣ кор аст?». Аммо Мансурхони сарсахту бепарво ҳай, ки парвои сардор кунад. Бо табассуму имову ишора бо генерал ғарқи суҳбат буд.

Сардори шуъбаи вилоятии КДБ Тағоймурод Маҳмадмуродов, ки ҳоло ҳам ғурури котибирайкомии пешинааш ӯро ҳамраҳӣ мекард, он қадар генералписанд ҳам набуд.

Либосҳои шинами расмӣ, симои босалобати раҳбарӣ, нигоҳҳо ва тарзи суханронии шоирона дошт. Бо раиси ноҳия суҳбат карда, байти кадом шеъреро таҳлил мекард. Мутаассифона, мисраи аввалашро соз нашунидам. Аммо маънояшро фаҳмидам, ки моҳӣ дар баҳри шӯр тавлид шавад, бузург гардад, зиндагӣ кунад ҳам, «як умр ба коми одамӣ бенамак аст». Ҷумлаи охирон айнан дар хотирам мондааст.

Ҳамин замон, генерал ҳамаро бо сухан ва ишораи даст ба назди худаш даъват кард.

Ҳавлии идора як макони танг буд.

Сардорон ҳама дар гирди генерал ҷамъ шуданд. Мансурхон ин даъватро мансуби соҳибмансабон дониста, сари худро паст карда, хост аз издиҳом дур шавад. Шитобкорона якуним – ду қадам қафо гузошт, ки генерал чанг зада, аз дасти Мансурхон қапид. Ӯро ба тарафи худаш кашид. Дигар сар надод.

Калонҳо дар гирди генерал ҷамъ шуданд. Мо, кормандони оперативӣ ҷуръат накардем, ки назди ин меҳмони баландрутба равем. Дар ҷойи худ истодем.

Генерал:

– Э, бачаҳо! Фармони ман ба шумоҳо дахл надорад?!!! – гуфта, бо садои марғуладораш ба мо ҳам таваҷҷуҳ доштани худро тасдиқ кард.

Мо аз ин меҳрубонӣ қанот пайдо карда, гӯиё итоаткории худро ба намоиш гузошта, дар як ҳаллос задан худро назди генерал гирифтем.

Ин замон меҳмони баландпоя бо риояи хомӯшии лаҳзагӣ имкон дод, ки диққати ҳамаро ба худ ҷалб кунад.

Чун фурсат барои генерал мувофиқ афтод, ӯ дасташро дар китфи Мансурхон монда, як навъ табассуми хушоянд кард, гӯё дар кадом митинге баромад мекарда бошад:

– Рафиқон, дуруст, ки мо аз Дастгоҳи марказӣ, аз шаҳри Маскав барои санҷиши фаъолияти оперативӣ омадем. Гузориши сардори шуъбаро шунидем. Кормандонро андак гӯш кардем. Комиссия бояд донишу малакаи ҳар як афсар ва парвандаҳои ононро месанҷид. Лекин суҳбати нимсоатии ман бо «вахтёр»-и ҳамин идора – Мансур Хан, ҷудо – ҷудо ва ҳар қисмати калимаро мустақил талаффуз кард генерал, – маро ба хулосаи дигар овард. Модоме як корманди одӣ, ки масъулияти ҳарбӣ надорад, соҳиби ин қадар донишу малака аст, дигар дар мавриди дараҷаи маърифат ва тахассусмандии кормандони расмии идора ҷойи сухан гуфтан ҳам намонд. Аҳсан ба ин донишҳои амалӣ ва дараҷаи ҷаҳонбинӣ, – гуфт генерал дар пушти Мансурхон шапалоқи «боракалло» зада.

Ҳама чунин баҳодиҳиро бо табассуму хушҳолӣ қабул карданд. Фақат сардори мо Мародмамадов, ки ҳангоми асабоният хислати тез-тез ва кӯтоҳ-кӯтоҳ сулфа кардан дошт, қошу қавоқ овезон, худро сахт нороҳат ва дар ҳолати ногувор ҳис мекард. 

Барои меҳмонон дар Чашмаи Ахзев, мавзеи салқин ва хушманзара гӯсфанд кушта, дастурхон ороста буданд. Аммо генерал омодагии сафари ҳайатро ба дигар ноҳия эълон кард.

Раиси ноҳия марди ҳалим, хоксор ва меҳмоннавоз буд. Ба калоншавандаи Марказ муроҷиат карда:

– Рафиқ генерал, Шумо ба диёри мо аз раҳи дур омадед. Вақти хӯроки нисфирӯзӣ ҳам шуд. Мо як пиёла чой дар шароити табиат, дар ҳавои кушод омода кардаем. Аз Шумо ва кулли меҳмонон хоҳиш мекардам, ки нонро якҷо бинем, – гуфт.

– Саломат бошед, дӯсти азиз! Мо одамони ҳарбӣ ҳастем. Одат кардаем. Хӯрокро дар сари санг ҳам мехӯрем. Вақтамон танг. Имрӯзу пагоҳ ду ноҳияи дигарро бояд бинем. Аз таклифи Шумо миннатпазирем. Ташвиш набошед. Хӯрокро ба ҳамон бачаҳаконе, ки моро пешвоз гирифтанд, сурудхонӣ карданд, бахшидем.

Баъд ба сардори шуъбаи ноҳиявӣ муроҷиат кард:

– Хоҳиш мекунам, саргардон шуда, аз кор монда, сӯзишворӣ сарф карда, моро дар хиҷолат намонед. Яъне, гусел кардани мо то як қадам ҳам иҷозат нест, – гуфта, бо мо хайрухуш кард генерал.

Баъди гусели меҳмонон сардори шуъба бо қаҳр ба Мансурхон муроҷиат карда:

– Ту чӣ кор кардӣ?!!! Охир ту манзалати ин шахсро медонӣ?!!! Бо кӣ суҳбат карданатро сарфаҳм меравӣ?!!! Э, охир, ин одам генерал аст, генерал!!! – гуфт бо ғазаб сардор.

Мансурхон одами зираку гапдон барои посухи ҳамашунавӣ, ба андешаи худаш, мантиқӣ ва фазосозӣ, пурсид:

– Ман нафаҳмида истодаам, кӣ ҳаст ин одам?

– Э, гуфтам, генерал аст, г е н е р а л, – бори дигар барошуфта, канда – канда фаҳмонданӣ шуд сардор.

– Рафиқ сардор! Он нафар барои Шумо генерал аст. Барои ман генералу Холиқдод якест, – гуфт ниҳоят оромона Мансурхон.

Холиқдод як марди қаддарози қоқинаи содаи беҳунари бетанаффус кашандаи арзонтарин навъи сигори ба заҳр баробари «Прима» буд, ки ӯ ҳам мисли Мансурхон қаровулии одии ҳамин идораро ба уҳда дошт.   Бо касе гап намезад. Ва коре ҳам надошт. Фақат сулфа карда, сулфа карда  рӯзу шаби дароз ин сӯ, он сӯ бо сари хам қадам мезад. Дар дунё танҳо ҳаминро мефаҳмид, ки қаровул аст ва дар ин идора номи онро гуворотар, «вахтёр» ном мебаранд.

Сардор аз қаҳр суп – сурх шуда, дигар чизе нагуфт. Баргашт ва ба идораи худ даромад.

 

ОШ, АГАР НЕСТ, ОШНОӢ НЕСТ

 

Бегоҳӣ ман Мансурхонро дидам. Мисли ҳамешагӣ асабҳояш ором ва димоғаш чоқ. Дар симои ӯ аз гуфтугӯҳои хуб бо генерал ва ноҳинҷор бо сардор ягон асар набуд.

Чанд вақт гузашт. Яке аз рӯзҳо, тахминан соати 11, ману Мансурхон дар идора танҳо монда будем. Дигарон ҳама аз паси корҳояшон рафта буданд.

Дари идора занг зад. Мансурхон онро кушод. Тахмин як дақиқа бо касе гуфтугузор кард. Дарро пӯшид. Омад. Ман сар хам ба навис – нависи худ машғул будам. Тақрибан даҳ дақиқа гузашт. Мансурхон гуфт:

– Рафтем!

Пурсидам:

Куҷо?

– Ба мусобиқаи тезхӯрак! – посух дод ӯ.

Таклиф ҷолиб ва аҷоиб буд. Аз ҷо бархостам. Ва аз қафои Мансурхон рафтам. Дидам, ки ӯ як тарбузро кушта, даҳ тилим кардааст. Панҷ тилимӣ тақсим. Чун дар муқобилаш рост истодам, Мансурхон фармон дод:

– Як, ду, се! Сар кардем, – гуфта, тезхӯраки ваъдагиашро эълон кард.

Ман аз ватани тарбузу полез. Дар бачагӣ мо бо ҷӯраҳоямон ба полези бобои Салом лапак – лапак даромада, боинсофона як ё ду дона тарбузро бардошта, даруни пахтазор бурда, ҳамчунин тезхӯрак мекардем, ки моро дастгир накунанд ва боз ба пахтачинии худ баргардем. 

Аз Мансурхон пурсидам:

– Тарбуз аз куҷо?

– Ангура хӯру боғашро напурс. Лекин як шарт, касе дар тезхӯрак бой диҳад, ба соҳиби тарбуз ҷавобашро медиҳад. То ман пурсидам, Мансурхон як тилими тарбузро хӯрд. Ман корро сар кардам. Куртаамро тар карда бошам ҳам, аз Мансурхон пеш гузаштам. Гузориш додам:

– Дуюм тайёр!

Мансурхон боқимондаи тарбузро дигар саросема нашуда, то охир хӯрд. Бозгашта, нимколахӯрдаҳояшро аз нав хӯрд. Ва ба ман хавотиромез ва бо аломати суол нигоҳ кард:

– Омода бош. Ин тезхӯраки мо аз пасаш бало дорад. Тарбуз, тарбузи сардор буд.

Ман акнун фаҳмидам, ки барои чӣ дарро кӯфта будаанд.

Дар Бадахшон тарбуз намерӯяд. Дар он бетарбузӣ, кадом ҷӯраи сардор як донаи онро аз «замини калон» туҳфа оварда будааст, ки бечора маззахӯрак кунад.

Ман:

– Э, мардак, чаро ин корро кардӣ?

– Аз сардор қасд гирифтам, – гуфта, хандид.

Ин хел бошад, биё тезтозакунак кунем!–гуфтам ман.

Дар як дақиқа мо чунон кардем, ки аз гуноҳи кардаамон ягон асар намонд.

Тахминан, баъди даҳ дақиқа сардор даромад. Ҳар кас ба кори худаш машғул буд. Вақти корӣ тамом мешуд. Ногаҳон сардор ба «вахтёр»:

– Шумо аз субҳ навбатдор будед? – гуфта, пурсид.

– Аниқ, рафиқ сардор!

– Ягон кас омада, маро напурсида буд?

– Қатъиян не, рафиқ сардор!

Сардор ҳам одами ҷиддӣ ва хислати сирф ҳарбӣ дошт. Аз ин ҷавобҳои Мансурхон каме гаранг шуд. Маълум буд, ки бо чашму бо эҳсоси дарк тарбузро мекобад. Аммо аз он дарак набуд.

Ҳамин тариқ, қазияи тарбуз ба охир расид. Баъд, ки моҷаро ва хатари эҳтимолии фош шудани сир аз байн рафт, Мансурхон ба ман гуфт:

– «Шабнам дар хонаи мӯр тӯфон аст». Ёд дорӣ, барои дасти духтарат, ки лат хӯрда буд, ману ту дар тамоми Рӯшон, ҳатто дар мурғхонаи бобои Карам либосҳои худро ифлос карда бошем ҳам, як дона тухм пайдо накардем. Ана ҳамин аст, Бадахшони имрӯзаи мо. Як тарбуз дар Рӯшон гаронтар аз як вагон харбуза дар поён – дар қисмати шимолу ҷанубу ғарби Тоҷикистон аст.

– Мансурхон, кори нохуб шуд. Чаро ин тавр кардӣ, – пурсидам аз ӯ.

– Ягон нодурустӣ нашудааст. Наход одамҳоро на аз рӯйи ақл, балки аз рӯйи мансабу унвон ҷудо кунӣ, – гуфт Мансурхон нимшӯхиву нимҷиддӣ. Баъд ба ман:

– Акнун моҳ понздаҳ шуд. Навбати ман аст. Дар хона мефармудагиамро фармудаам. Суҳбати тарбузи ширинро бегоҳ давом медиҳем, – гуфта, аз сидқи дил ханда кард.

 

 

(Аз китоби С. Ятимов «Ёддоштҳо», ҷилди 2,

Душанбе, «Эко Принт», 2024, саҳ. 59-78)

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code