САЛОМЗОДА СИҶОУДДИН

Раиси ноҳияи Данғара

Саломзода Сиҷоуддин  2 июни соли 1965 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст.

Миллаташ тоҷик.

Солҳои 1981-1982  Корманди совхози «ХII  партсъезд», ноҳияи Данғара, Солҳои 1982-1983 Донишҷўи  Институти политехникии Тошкент ба номи Абурайҳон Берунӣ.

Солҳои 1983-1985 Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шўравӣ, Украина.

Солҳои 1986-1989 Донишҷўи  Институти политехникии Тошкент ба номи Абурайҳон Берунӣ  бо ихтисоси муҳандиси кўҳӣ, геофизик  хатм кардааст.

 

Солҳои 1989-1994 дар Оператор-геофизик, сардори отряди сейсморазведка, муҳандис-геофизики Экспедитсияи ҷанубӣ, шаҳри Орҷоникидзеобод фаъолият намудааст.

Солҳои 1994-1995   Сардори минтақаи сохтмони иттиҳодияи истеҳсолии «Наврўз», шаҳри Кўлоб кор ва фаъолият намудааст.

Солҳои 1995-2003 дар вазифаи Таъминотчӣ, сардори сехи электрикии конструксияи оҳанубетонии №8, муовини директори генералии Ширкати «Саддам», шаҳри Сарбанд фаъолият намудааст.

Солҳои 2003-2004  Нозири кўҳӣ-техникӣ дар Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.