Вазъи кишту кори баҳорӣ

Тибқи машварати кории раиси ноҳия Раҳмон Исломиддин Хайриддин бо мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва ҷамоатҳо ҷиҳати сари вақт ва босифат иҷро намудани кишти пунбадона, аз коркарди кишоварзӣ берун намондани заминҳо, истифодаи босамар аз ҳар ваҷаб қитъаи замин, иҷрои нақшаи кишти ҳамаи намуди зироатҳо ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мутахассисони соҳаи кишоварзӣ муваззаф гардиданд, ки ба корҳои фаҳмондадиҳӣ байни хоҷагидорону пахтакорон ҷиҳати сари вақту босифат иҷро намудани кишти пахта ва дигар намуди зироатҳо, гирифтани чанд ҳосил, кишти такрорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд.

Кишоварзони ноҳия дар соҳаи пурарзиш – пахтаю пахтакорӣ таҷрибаи бесобиқа доранд. Алҳол дар 289 хоҷагии ҷамоатҳои деҳот корҳои саҳроӣ вобаста ба шароити мусоид бо маром пеш рафта истодааст. Ин мавсим дар ноҳия кишти пунба дар майдони 4444 ба нақша гирифта шуда ва то имррўз 3100 гектар кишт шудааст.

Имсол кишти пунбадона аз навҳои Флеш, Хатлон-2014, Хуҷанд-67 ва Тоҷикистон иборат буда, барои рўёнидани ҳосили фа­ровон мусоидат менамоянд. Дар пешравии кори саҳро меҳнати дилгармонаи хоҷагиҳои ҷамоатҳои деҳоти Лолазор ва ба номи Исмат Шарифов қобили қабул аст.

Ҳамчунин мавзӯҳои пешгирии бемории коронавирус ва риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ дар байни аҳолӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ, тоза нигоҳ доштани кӯчаву маҳаллаву муҳити зист бозгӯ шуданд.