22.03.2020. Имрўз дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Наврӯз татанаи ин иди фархундапай бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабов Раҷабалӣ Сайфиддинович ва раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исломидди Хайриддин ва сокинони ноҳияи Данғара дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ баргузор гардид.

Дар оғоз меҳмонон аз маҳалли идонаи боғи истироҳатии Хуррамшаҳр, ки таҷассумгари анъанаву суннатҳои наврӯзро дошт аз ҷониби сокинони ноҳия бо пос доштани расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла пухтани суманак, тайёр  кардани ҳар гуна таомҳои баҳорӣ ва баргузории дигар суннатҳо фарорасии Соли навро пешвоз гирифтанд, дидан намуданд.

Аз субҳи содиқи имрўз, корвони наврӯзи бо рамзҳои наврӯзи дар иҳотаи карнайнавозону таблнавозон бо шукгузорӣ аз сарзамини шукуфону гулфишони Тоҷикистон ба сокинону меҳмонон аз фарорасии Соли нави аҷдодӣ хабар медоданд.

Яке аз рамзҳои Наврӯз баргузории мусобиқаҳои гуногуни варзиши миллӣ ба шумор меравад.

Дар ин робита бо мақсади ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ дар доираи тантанаҳои наврӯзӣ дар майдони варзишии ноҳия мусобиқаи гӯштингирон бо иштироки паҳлавонони номӣ ва варзишгарони ҷавон баргузор гардид.

Ғолибон бо туҳфаҳои таъсисдодаи кумитаи тадурукоти ҷашн қадрдонӣ шуданд.

Ҷорабинии фарҳангиро раиси ноҳия Раҳмон И.Х. оғоз бахшид ва баъдан таманиёти наврӯзии раиси вилояти Хатлонро муовини раиси вилоят ба самъи ҳозирин расонд.

Дар суханронии раиси ноҳия Раҳмон Исломиддин Хайриддин доир ба шукуҳу шаҳомати Наврӯз иброз доштанд, ки  дар таърихи фарҳанги мардуми ориётабор ҳеҷ як анъана ва расму ойине чун ҷашни Наврӯз азизу арҷманд нест. Ин аст, ки ҳар сол бо тамоми шукуҳу шаҳомати хоса дар ҳар гӯшаи ҷумҳурӣ бо оростани оинҳои идонаи наврӯзӣ ва бо рӯҳияи тозаву фараҳмандӣ пешвоз гирифта мешавад.

Пешвои миллат иброз медоранд, ки «Шояд дар олам мисли Навруз кам ҷашне вуҷуд дошта бошад, ки русуми дилчасп ва суннатҳои зиндагисози онро миллату халқҳои дигари олам чун дастоварди беназири фарҳанги пазируфта, бо ҳамин номи зебои тоҷики таҷлил намоянд».

Ин аст, ки бо талошҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Наврӯз мавқеи байналмилалӣ гирифт ва ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият  дохил карда шуд.

Бигузор, ҳар нафар мисли ин фасли эҳё афкору ният ва ҳадафҳои созанда дошта бошад.

 Баъди суханронии раиси ноҳия аҳли ҳунар ва устодони санъати ноҳия барномаи рангини консертиро пешкаши иштирокчиёни тантанаҳои наврӯзӣ карданд, ки хеле хотирнишин буд.

Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар тамоми ҷамоат ва деҳаҳои ноҳия бо шукургузори аз сиёсати  фарҳангии  Асосгузори    сулҳу  ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар  сатҳи  баланди  худшиносию  меҳанпарастӣ сурат гирифт.