Паёми табрикии Раиси ноҳия Раҳмон Исломиддин
Хайриддин ба муносибати ҷашни байналмилалии навруз
Ҳозирини гиромӣ!
Дар ин рузҳо, ки Наврӯзи ҷаҳонӣ дар сарзамини биҳиштосои мо аз ҷониби хурду бузург бо хушҳоливу хурсандии бемисл таҷлил мегардад, мехоҳам бори дигар мардуми шарафманди ноҳияро ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ самимона табрик гуфта, бароятон хушрузиву нишот, комрониву саодати ҳамешагӣ, бахту икболи баланд ва тамоми шодиҳои зиндагиро орзу намоям. Эҳёи ин суннати арзишманд аз ҷониби сокинони ноҳияи Данғара баёнгари ҷаҳонӣ шудани ин ҷашни миллии мо буда, дар рузи Наврӯз иқдоми воқеан нек ба шумор меравад.
Таваҷҷуҳ ба муҳтавои ин ойини наврузӣ, яъне Наврӯзи бузург дар баробари арзиш ва аҳамияти таърихии он як ҷанбаи хеле муҳими ин ойини фарҳангиву мардумиро бори дигар равшан месозад, ки дар умум ҷашни хайру эҳсон, накукориву ва созандагиву ободгарӣ будани Наврузро таъкид месозад.
Дар рузи таҷлили ин ҷашн тудаҳои зиёди мардум бо аспу аробаҳо тамоми маҳаллаву гузарҳои шаҳрро сайр менамуданд, то ба мардум аз омадани Наврӯзи бузург хушхабар расонанд. Аз муҳтаво ва мундариҷаи ин суннати наврузӣ равшан ҳувайдост, ки пеш аз ҳама, он симои Наврӯзи хуҷастаро чун ҷашни гармиву бедорӣ ва накукориву хайрандешӣ нишон дода, мардумро ба саховатмандӣ ва дастгирӣ кардани шахсони ниёзманд даъват менамояд. Канори ҳамдигар омадани мардум ва дастаҷамъона амалӣ намудани чунин иқдоми нек боис мешавад, ки одамон дар иҷрои амалҳои хайр ба ҳамдигар кумак намоянд ва ба ин восита эҳсоси дустиву рафоқат ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ миёни мардум тақвият ёбад.
Мо низ дар сиёсати пешгирифтаи худ ба анҷоми корҳои хайр ва ѓамхорӣ нисбат ба ятимону маъюбон, бепарасторону ниёзмандон ва дигар гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ эътибори доимӣ медиҳем. Дар баробари ин, аз қадимулайём расм будааст, ки дар манотиқи мухталифи қаламрави зисти аҷдоди мо, чун сарзаминҳои Суғду Хатлону Ҳисору Бадахшон ва Зарафшону Рашт ин маросими миллӣ дар ҷойҳои махсус, яъне наврӯзгоҳҳо ҷашн гирифта мешуд.
Наврӯз бо ин ҳама ойинҳои неку ибратбахши худ ҳамчун паёми ҳикматомузи ниёгони шарофатманди мо ба мардум накуиву зебоӣ ва хушиву хурсандӣ ато мекунад. Дар сиришти ин ҷашни куҳанбунёд, эҳёи назму низом дар ҳамаи корҳои зиндагӣ эҳсос шуда, ваҳдату ягонагӣ, ҳусни тафоҳум ва ҳамбастагиву ҳамоҳангии инсон ва ҷамъияту табиат дар тору пуди он таҷассум ёфтааст.
Ҷаҳонишавии Наврӯз дар мархалаи нави таърихи давлатдории мо имкон фарохам овард, то мардуми олам бо такя ба фитрату сиришти ин ҷашни қадима аз ҳар ҷиҳат ба он бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, зеро муҳтавои Наврӯз танҳо марбут ба қаламрави зуҳури он набуда, балки суннату анъанаҳои неку созандаи он метавонанд ҳамчун омили муҳимми ҳамзистии осоиштаи тамоми инсоният хизмат кунанд. Далели равшани ин дар давоми солҳои охир баргузор шудани ҷашнвораҳои ҷаҳонии Наврӯз дар чанд кишвари ҳавзаи фарҳанги Наврӯз, аз ҷумла Тоҷикистони азизи мо мебошад, ки боиси гирди ҳам омадани аҳолии зиёде аз меросбарони ин падидаи тамаддуни куҳани башарӣ гардида, дар таҳкими дустии онҳо нақши босазое гузошт.
Таҷлили бошукуҳу дастаҷамъонаи Наврӯз ҳамаи моро ба он ҳидоят месозад, ки ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани ҳар як гушаи ноҳия ва Ватани биҳиштосоямон, неруманду пешрафта сохтани давлати соҳибистиқлоламон ва аз имруза беҳтару осудатар намудани зиндагии мардуми шарифи кишвари маҳбубамон ҳарчи бештар заҳмат кашем ва сарҷамъу муттаҳид бошем.
Ба орзуи он, ки ҳамаи ниятҳои неки Шумо, сокинони шарафманди ноҳияро, дар ин соли ҳумоюнӣ ва то Наврӯзи дигар амалӣ гарданд, бори дигар Наврӯзи ҷаҳониро бароятон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо ва тамоми мардуми шарифи тоҷик бахту саодат, хайру баракат ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу субот, ваҳдати миллии ҷовидона ва дастовардҳои бузург мехоҳам.
Наврӯзатон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!