Ғолибон муайян гардиданд

26.03.2020. Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Наврӯзи хуҷастапай аз 20 то 26 марти соли 2020 дар ноҳияи Данғара мусобиқаи умуминоҳиявии футбол миёни ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Данғара баргузор гардид. Дар мусобиқа 9 даста бо шумораи 120 нафар иштирок намуда, бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.

            Рӯзи 26 март даври ҷамъбастии мусобиқа баргузор ва  ғолибон муайян гардиданд. Ҷойи аввал ва шоҳҷоизаро дастаи футболбозони ҷамоати шаҳраки Данғара, ҷойи дуюмро дастаи футболбозони ҷамоати деҳоти Лолазор ва ҷойи сеюм насиби дастаи футболбозони ҷамоати деҳоти Корез гардид.

Ғолибон бо ифтихорнома, медал ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара қадрдонӣ карда шуданд.