Санаи 6 феврали соли 2020 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма доир гардид.

Зимни нишасти матбуотӣ роҳбарияти ноҳияи Данғара оид ба фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия гузориш дод. Иттилоъ дода шуд, ки аҳли заҳмат ва фаъолони ноҳияи Данғара, ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои заруриро амалӣ карда, кушиш намуданд, ки дар соли 2019-ум ба рушду пешрафти соҳаҳо ба дастовардҳои хуби меҳнатӣ ноил гардиданд.

Ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ба 2 миллиарду 704 миллиону 311,8 ҳазор сомонӣ расида, нисбати соли 2018, 364 миллиону 400 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфт.

Иҷрои нақшаи даромадҳои буҷети ноҳия бо назардошти андози иҷтимои 108 фоиз таъмин шуда, ба буҷет зиёда аз 149 миллиону 610 ҳазору 900 сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбати нақшаи пешбинишуда 11 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ва нисбати соли 2018 16 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ба соҳаҳои буҷетии ноҳия 110 миллиону 885 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шуда, 70 фоиз (ё 77,2 миллион сомонӣ) маблағҳои буҷетӣ ба соҳаи иҷтимоӣ равона гардид.

Дар соли 2019-ум, 2621 ҷойҳои нави корӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо таъсис дода шуд.

Гардиши савдо ба 217,7 миллион сомонӣ ва ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ ба 105,4 миллион сомонӣ расида, мутаносибан нисбати соли 2018-ум 77 ва 16 миллион сомонӣ зиёд буда, афзоиш 55 ва 17 фоизро ташкил медиҳад.

Дар соҳаҳои иқтисодиёти ноҳия 12 адад лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида, маблағи азхудшуда 28,6 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад.

Дар ин давра аз ҷониби соҳибкорони ноҳия 4 лоиҳаи қарзӣ таҳия гардида, барои дарёфти сарчашмаи сармоягузорӣ ба Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳод намудаанд, ки аз ин ҳисоб 2 лоиҳа ба маблағи 3 миллиону 800 ҳазор сомонӣ дастгири ёфт.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 1 миллиарду 64 миллион сомониро ташкил дода, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 87 миллиону 554 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст, ки баробари 109 фоизро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумотҳои оморӣ кишоварзони ноҳия дар майдони 40 ҳазору 691 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронидаанд, ки нисбати соли гузашта 331 гектар зиёд мебошад.  

Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли маҳсулотҳои ғаладонагӣ, полези ва сабзавотӣ нисбати соли 2018 аз 5 то 10 фоиз зиёд мебошад.

Содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар ба 3254 тонна расонида шуд, ки нисбати соли гузашта 649 тонна зиёд мебошад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои саноатӣ ба 1 миллиарду 640 миллиону 171 ҳазор сомонӣ расида, нисбати соли 2018-ум 276 миллиону 768 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиш бо нархҳои муқоисавӣ 120 фоизро ташкил медиҳад.

Бахшида ба таҷлили ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои омодагиҳо дар ин самт бунёди 318 адад бинову иншоотҳои ҷашнӣ банақша гирифта шудааст. Аз шумораи умумии иншоотҳои мазкур 138 адад, яъне 43 фоизи он ба истифода дода шуда, дар 169 адади дигар корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ оғоз гардида, корҳо бо маром идома доранд.

Ҳоло дар ноҳия 83 муассисаҳои таълими фаъолият менамояд, ки дар онҳо 2031 нафар омўзгорон ба таълиму тарбияи 38535 нафар хонандагон машғул мебошанд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони ватани дар доираи ҷашнҳои истиқлолияти давлатӣ 14 муассисаи нави таълими ба истифода дода шуда дар 19 иншооти дигар корҳои сохтмони ва лоиҳакаши идома дорад, ки нисбати соли 2018 – 8 адад зиёд мебошад.

            Дар ин давра бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорону шахсони саховатманд 10 адад маркази саломати, 7 адад бунгоҳи тиббӣ, 2 адад тавалудхона ва 1 адад беморхона муҷаҳҳаз бо таҷҳизотҳои муосири тиббӣ дар деҳотҳои дурдасти ноҳия сохта ба истифода дода шуд ва корҳои сохтмонию лоиҳакашии 13 адади муассисаҳои тандурусти идома дорад. Нисбати соли гузашта 11 адад зиёд мебошад.

Ҳамзамон дар соли 2019 бо ташабуси соҳибкорон 13 адад майдончаи варзиши, 4 адад майдончаи бозии кўдакон ва 2 адад толори варзиши мавриди баҳрабари қарор дода шуд, ки нисбати соли гузашта 14 адад зиёд мебошад. Корҳои сохтмони ва лоиҳакаши дар 17 иншоотҳои варзиши идома дорад.  

Сипас, аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ба саволҳои кормандони воситаҳои ахбори омма  посух гуфта ба рӯзноманигорон барои иштирокашон изҳори сипос карда шуд, қайд гардид, ки намояндагони воситаҳои ахбори омма минбаъд низ бо инъикоси воқеаву рӯйдодҳо ва масоили мубрам дар пешрафти ҷомеа саҳми назаррас мегузоранд.