Мақбараи Шаҳид

Мақбара Шаҳид дар қисми шимолу шарқии маркази ноҳияи Данғара воқеъ мебошад. Ҳуҷраи аввали мақбара қарни 10 мелодӣ бунёд гардида буд. Тарҳи он мураббаъшакл буда, масоҳати 15х15 метрро дар бар мегирифт. Аз хишти пухти андозаи 20х20х4 см бино шуда аст. Дар қарни 12 мақбараи Шањид бозсози шуд ва дар ҳамон шакл он аз чор ҳуҷраи 2,2х2,3 м иборат мебошад. Дар қарни 16 бунёди мақбара ба охир мерасад. Дар дохили сағонаҳои хиштӣ бо лавҳаҳои ороишдодашудаи болои қабр 8 нафар дафн шудааст.